Ҳавасу шавқ ва истеъдоди ҳунармандӣ барои қаҳрамони мо ирсӣ мебошад, ки Толиб Исмоилов дар оилаи санъаткор ба дунё омада аз роҳе, ки бародараш Ҷамшед Исмоилов меравад, пайгири менамояд. Толиб Исмоилов 11 ноябри соли 1984 дар вилояти Суғд шаҳри Хуҷанди бостонӣ чашм ба олами ҳасти кушода дар макотиби шаҳри Хуҷанд таҳсили ибтидоиро гирифтааст. Баъд аз хатм ба ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров факултети саньат дохил шуда, муддате таҳсилашро қатъ менамояд. Толиб Исмоилов ҳануз мактабро хатм накарда ба ҷодаи саньат қадам ниҳода буд. У пайваста дар чорабиниҳои мактаб ва маракаҳои берун аз мактаб иштирок менамуд.
Заррина: Ассалом Толиб Исмоилов аз сомонаи ohang.tj тафтишатон медиҳем.
Толиб Исмоилов: Салому дуруд, кормандон ва ҳаводорони сомонаи мусиқавии ohang.tj марҳамат бе ягон монеа.
Заррина: Хабари консерт таҳия намудани Шумо шунида хостем мусоҳиби ҳамдигар бошем. Консерти навбатиатон дар кадом моҳ баргузор мегардад?
Толиб Исмоилов: Аллакай овозаҳо? Консерт гузаронданро дар нақша дорем албатта. Моҳи апрел барпо карданием Худо хоҳад аммо ҳоло рӯзаш аниқ не.
Заррина: Тозатарин тарона, ки баҳри мухлисон омода сохтед, чӣ ном дорад?
Толиб Исмоилов: Суруди тоза эҷод, ин суруди бо ном "Гули бодоми" ки ҳамин рузҳои наздик омода сохтам.
Ин таронаи навро аз инҷо дастрас намоед: (Толибҷон Исмоилов - Гули бодоми)
Заррина: Чӣ Шумо аз ягон нафар шикаст хурдед ва ё...? Чаро маҳз номи сурудро шикаста номгузорӣ кардед?
Толиб Исмоилов: Не номи суруд ҳамин хел ( механдад) суруди халқӣ дар жанри классикӣ сароида шудааст. Пеш аз ин ҳам дар жанрҳои рок суруди эҷодӣ доштам якчанд жанри дигар. Ин жанр ба дили халқ наздиктар барои ҳамин дар ҳамин жанр бозмондам.
Заррина: Чӣ сабаб шуд, ки Шумо маҳз жанри классикӣ - халқиро интихоб кардед?
Толиб Исмоилов: Вақте ки ҳамроҳи бародарам Ҷамшед Исмоилов суруд эҷод кардем бо ном "Ай ёри нозанин" шавқи ҳамин суруд сабаб шуд, ки дар ҳамин равия пойдор монем. Албатта дар зиндагӣ ҳама ҳолат руҳ доданаш мумкин ба ҳамааш бояд омода бошиву роҳе ки интихоб карди то охир мубориза бурда тавони.
Заррина: Шахсе ба пешрафти ҳунаратон дасти ёрӣ дароз кард яъне кумак расонид, киро сабабгор медонед? Устод ва ё бародар?
Толиб Исмоилов: Албатта устоди аввалини ман ин бародарам ҳастанд. Ҳамин шахс сабаб шуданд, ки ман рӯи саҳна баромадам. Пайваста мо якҷоя кор мекардем, сирру асрори соҳаи санъатро ёд медоданд. Манро ҳамеша дастгирӣ мекарданд.
Заррина: Магар Шумо айни ҳол ҳамроҳи бародаратон якҷо кор намекунед?
Толиб Исмоилов: Бародарам ба ман ҳамчун устод ҳастанд. Ҳамроҳи он кас мо дар як студия якҷо кор мекунем. Кору фаъолиятамон ҳамааш якҷо асту аммо даромадамон алоҳида.
Заррина: Гумон меравад, ки устоди аввалини Шумову бародаратон Модаратон аст?
Толиб Исмоилов: Албатта ин гумон рост аст. Устоди аввалинам модарам мебошанд. Дар давраҳои бачагӣ модарам дар хона суруд зам - зама мекарданд ману бародарам бо завқ гуш карда, рақсу бозӣ мекардем. Аз ҳамон давра сар карда шавқи мо нисбати саньат зиёд шуд, ки мана то ин дараҷа расидем Худоро шукр.
Заррина:Ба фикри Шумо кадом сурудатон Шумо байни мардум шинохта кард?
Толиб Исмоилов:Рости намедонам гӯям, ки кадомаш аст.( механдад) Ба фикри ман суруди " Чипро чип " аст, ки то ҳол байни мардум зам - зама мекунанд. Бисёр ин сурудамро дархост мекунанд. Матни ин суруд ба бародарам Ҷамшед Исмоилов тааллуқ дорад оҳангаш халқист.
Заррина: Дар ҳаққи сомонаи мусиқавии ohang.tj чӣ гуфтаниед?
Толиб Исмоилов: Мехоҳам, ки бигзор ин сомона доираи фаъолияташро аз ин ҳам васеъ намояд, пеш равад, ба тамоми ҷаҳон шинохта шавад, барори кор. Ба кормандонаш тамоми хушиҳои ҳарду оламро таманно дорам. Ҳамеша сиҳату сарбаланд бимонанд.
Заррина: Ташаккури зиёд барои сӯҳбати самими, ҳаргиз овозатон хаста набошад!
Толиб Исмоилов:Ташаккур ба Шумо кормандон низ, обод бошед!
(с) Зарринаи Fайрат
0 комментариев