Дилноза Каримова зодаи Хуҷандшаҳр буда дар оилаи санъаткор ба дунё омадааст. Дар он фазое ки ба воя расид фазои санъат, фазои суруду мусиқӣ буд, ки падараш навозандаву модараш сароянда ҳастанд. Дар овони кудаки дар дил нияти сароянда шуданро дошт ва билохир ба нияти хеш расид вале худро ҳоло ҳам муваффақ намеҳисобад. Дилноза пеш аз он ҳунарманди писандида ва аз тарафи мардум эътирофгардида бошад, модар аст. Модари ду фарзанди нозанину муаддаб бо ном Диёрбек ва Алибек мебошад.
Заррина: Салому дуруди сомонаи ohang.tj ба бонуи ҳунари тоҷик Дилноза Каримова.
Дилноза: Салом ба аҳли кормандон ва ҳаводорони сомонаи ohang.tj
Заррина: Муждаи консерти навбати монданатонро шунида хостем мусоҳиби ҳамдигар бошем. Тайёри ба консерт чӣ тавр аст? Чаро маҳз шаҳри Исфараро интихоб кардед?
Дилноза: Албатта ҳаминро бояд қайд кард, ки консертам ба наздики аниқтараш рӯзи 8-март бахшида ба рӯзи модарон дар варзишгоҳи деҳаи Чилгазӣ шаҳри Исфара барпо мегардад. Барои чӣ мо маҳз ҳамин ҷоро интихоб кардед? Чунки дар деҳаи Чилгазӣ дар бисёр маракаҳо иштирок карда дар туйҳояшон хизмат намудаам. Вақтҳои охир фурсат наёфтам, ки ба он ҷо равам. Барои ҳамин мо якҷоя бо ҳайати эҷодӣ тасмим гирифтем дар соли 2017 консертҳоямон аз шаҳри Хуҷанд неву аз Чилгазӣ сар кунем, дар он ҷой гузаронем. Барои мухлисонам, ки кай боз пазмон шуданд ман ҳам бисёр пазмон ҳастам бо тариқи консерт ҳамаи мухлисонамро дар шаҳри Исфара бо идашон табрик намуда бошем тамоми модарону хоҳарони азизро албатта.
Заррина: Дар ин консерт кӣ Шумо дарсгирӣ мекунад. Аниқтараш сарпараст дар консертатон кист?
Дилноза: Ба ҳамагон аён аст, ки продюсер ва компазитрам Зайниддин Каримов бародарам мебошанд. Ҳамаш ба ӯҳдаи бародарам аст. Боз чӣ хеле ки ман медонам телевизион ва радиои шаҳри Исфара бо ҳамроҳи Иззатуллоҷон ташкил карда истодаанд.
Заррина: Дар ҳар як оҳангу суруди Шумо тараннуми халқию эстради акс карда шудааст. Ҳатто дар байни як суруд ҳам эҷодиёти халқӣ дида мешаваду ҳам эстрадӣ. Сабаб дар чӣ бошад? Барои омодаи оҳангҳо кӣ ба Шумо кумак мекунад? Дар интихоби матни сурудҳо чӣ?
Дилноза: Бале ин як симои гуруҳи модя.( механдад) Вақте ки ман дар колеҷи санъаи шубаи шашмақомхониро хатм кардам. Шашмақом ин пойдевори санъти тоҷик аст. Барои ҳамин ман аввал аз мактаби шашмақом гузаштам ва то рафт шавқам нисбати жанри эстрадӣ низ зиёд шуд. Чӣ хеле ки мебинед дар сурудҳои мо гарчанде эстрадӣ бошад ҳам як характери халқӣ ҳаст ва ё як асбоби мусиқии халқии худамон ҳаст, ки ба суруд як маззаи дигар медиҳад ба гуфти мо санъаткорон суруд бомазза мешавад. Вақте ки суруд ба шунаванда маъқул мешавад, баъзе сири ниҳонии сурудро намефаҳмад лекин он нозукиҳое ҳаст дар суруд дар оранжиновка ин маҳз омехтагӣ дар жанри эстрадӣ ва халқӣ аст, ки ба дили мардум наздик.
Заррина: Чӣ хеле, ки қайд кардед Шумо аввал ба жанри шашмақом ба соҳаи санъат ворид гаштед аммо дар баробари ин ба жанри эстрадӣ низ шавқи зиёд доштед. Хуб суруди аввали Шумо бо кадом унвон дар кадом жанр буд?
Дилноза:Вақте ки ман барои таҳсил ба колеҷи санъат рафтам ҳамчун санъаткори тайёр будам. Дар 6 солагӣ дар боғчаи бачагонаи худ бо забони русӣ суруди аввали худро хонда будаму дар 12 солагӣ бошад дар озмуни "Чуҷаи заррин" дар шаҳри Душанбе шуда буд иштирок кардам аввалин маротиба ба саҳна дар ҳамин ҷой баромадам. Аввалин суруде ки ман сароида будам маҳз барои ман Талабшо Сатторов эҷод карда буданд суруди "Духтари дойра дастам" буд.
Духтари дойра дастам
Доираам ба дастам
Хурдакакам валекин
Ошиқи саъат ҳастам( месарояд ӯ)
Заррина: Дилнозаро чӣ водор кард, ки ба жанри эстрадӣ рӯ овардед?
Дилноза: Албатта жанри эстрадӣ ба дили ҷавонон наздик аст. Азбаски худ ҷавон ҳастам ба ман ҳам хеле писанд аст. Дар баробари ин мардум ба ман мегӯянд, ки Шумо суруди классикиро бисёртар хонед чун ки овози Шумо шабеҳи суруди классики аст. Бисёри мухлисонам ҳастанд, ки сурудҳои эстрадӣ маро дӯст медоранду ба қисми дигари мухлисон бошад сурудҳои классикиам шашмақом писанд аст гӯш мекунанд ва хоҳиш ҳам мекунанд, ки бисёртар дар ин жанр сароям. Кӯшиш мекунам, ки дар ҳар як консертам сурудҳои шашмақомамро низ иҷро кунам.
Заррина: Чун нафаре шинохта мешавад атрофи номаш ҳар гуна овозаҳо паҳн мешавад. Танқиду тақлид мекунанд. Назари Шумо ба ин ақида? Шумо низ ба ҳар гуна овозаҳо рӯ ба рӯ шудаед?
Дилноза: Албатта ба ин гуна ҳодисаҳо дучор шуда будам ҳар хел овозаҳо низ паҳн шуда буд. Ба ҳамаи ин ман аҳамият намедиҳам чунки ман вақт надорам. Дар бораи худам танқидро кам шунидам рости мегӯянд, ки аввал андеша баъд гуфтор. Ҳар як гапи гуфтаамро рафтору кирдорамро аввал фикр мекунам баьд ба хулоса омада мегӯям, иҷро мекунам. Агар ба тақлид назар кунем тақлид 2- намуд мешавад ягон гуруҳи ҳаҷвӣ тақлид мекунанд ин хуб аст ин маънои онро дорад, чун ту шинохта ҳасти ки туро тақлид мекунанд ва албатта хандаовар аст ба ин чиз ман хеле хуб нигоҳ мекунам. Вақте як санъаткор ба саҳна мебарояд оғози корашро ба тақлидкуни сар мекунад ин на он қадар хуб аст. Вақте ба саҳна ман баромадам дар гуруҳи "Дилноз" ҳамчун Дилноза Каримова аз ягон чиз хабардор набудам тарзи либоспушиам, рақсам дар саҳна ба ҳеҷ кас монанди надошт ва маро тез шинохтанд Худоро шукр мегуям ва бародарам Зайниддинҷон компазиторам ба ман ҳамин хел матни суруд ва оҳанг омода мекарданд, ки ба ҳеҷ кас шабеҳият надошт ва ҳамин тавр шӯҳрат пайдо кардем. Ман аз сарояндаҳое ки нав ба саҳна мебароянд хоҳиш мекунам, ки тақлид накунад як роҳу равиши худро интихоб кунад ҳатман муваффақ хоҳад шуд. Сарояндаҳое ки нав ба саҳна мебароянд баъзеашон албатта сурудҳои ӯзбекиро бо тоҷикӣ тарҷума мекунанд инро ҳама танқид мекунад ва дар ҳама ҷо эрод мегиранд. Ҳар як сароянда ҳунарманд бояд эҷодкор бошад ва дар соҳаи худ пояи устувор монад муваффақ мешавад ва писанди дили мухлисон хоҳад шуд.
Заррина: Дилноза худ дар оилаи санъаткор ба дунё омадаву ба воя расидаед дар ҷодаи санъат ба кӣ пайрави мекунед? Идеали Шумо дар ҳаёт кист?
Дилноза: Аз сабабе ки дар оилаи санъакор ба дунё омадаам ба падару модарам пайрави мекунам. Дар овони кудакиям дар хонаи мо фақат суруду мусиқӣ буд. Падарам навозанда буданд модарам бошанд сароянда. Бовар кунед аз хурди ба пеши худ мақсад гузошта будам, ки ман санъаткор сароянда мешавам. Худро дар саҳнаҳои калони консерти тасаввур мекардам дар хона шона ва ё лаке ки барои мӯйи сари модарам буд гирифта ҳамчун микрофон истифода бурда суруд мехондам. Аз хурди ба пеши худ мақсад гузошта будам ки ҳатман сароянда мешавам Худоро шукр, ки ба орзуям расидам вале ҳоло ҳам дар ин ҷода худро муваффақ ҳисоб намекунам. Бояд аз ин ҳам зиёдтар кушиш лозим.
Заррина: Ба андешаи Шумо ба як бонуи эҷодкор ҳамсари эҷодкор лозим аст ва ё дур аз эҷод? Ҳамсари худро аз кадом ҷиҳат интихоб кардед?
Дилноза:Ман интихоб накардам ин тағдир. Ҳар як духтар аз хурди ҳаёти ояндаашро тасаввур мекунад вале байни ҳам бисёр фарқи зиёд дорад. Чун дар кудаки дар ҳаёти афсона зиндагӣ мекунӣ вақте калон шудӣ арзишҳо ҳама чиз ба кулли тағир меёбад. Ман ҳам ҳаётамро дигар хел тасаввур мекардам вале тағдир маро ба ин ҷо овард аз тағдирам шукрона мекунам, ки соҳиби 2 дустрӯяк шоҳписар ҳастам аз ин дигар бахт ба фикрам зиёд намешавад. Онҳо низ дар фазои санъат ба воя расида истодаанд.
Заррина: Кадом машғулият метавонад зиндагии Шуморо ҷило бахшад тарбияи фарзанд бошад ва ё кору фаъолиятон дар ҷодаи санъат?
Дилноза: Ин саволи хеле вазнин шуд ҷавоб додан душвор. Дар ду тараф кушиш мекунам, ки муваффақ бошам вазифаи худро иҷро кунам. Дар хона ман модар ҳастам, зан ҳастам ин масъулияти хеле бузург. Дар санъат бошад санъат дар вуҷуди ман аст. Ба Шумо ё ин ва ё он гуфта наметонам аммо як чизро мегуям, ки санъат ин касб аст, касбе ки ман интихоб кардам.
Заррина: Аз Дилноза Каримова мухлисон чӣ муждагони интизор шаванд?
Дилноза: Медонед чӣ ҳозир кор ҳамин хел зиёд баъзан мегуям, ки ду Дилноза бошад нағз мешуд. Аз пагоҳи реҷаи кории худро тартиб медиҳам, ки кай соати чанд ба куҷо меравам. Бисёри корҳоям амали нашуда мемонад, чунки дар таҳлили овоз машқи суруд салом гуям як-ду соат ба се-чор соат алек гуфта онҳо банд мешавам. Дар мактаби мусикавӣ бачагона дарс медиҳам бо бачаҳо дар ансамбли кохи Рудакӣ ҳам фаъолият мебарам ва балои ин ду суруди наве дорам, ки ҳоло дар коркард аст аллакай фикри клипашро омода карда истодаем.Сюрприз барои мухлисон номашро намегӯям. Ин ҳама меҳнате ки охир надоранд тамом намешавад ба фикрам.
Заррина: Мегӯянд, ки имрузҳо аксари бонувон бо тақозои тафтиши кору бор ва заҳмати модариро ба дӯш доштан рисолати модарии худро адо карда наметавонанд. Шумо чӣ? Ақидаи Шумо?
Дилноза: Баъзан вақт дилам ба фарзандонам месӯзад, ки ба дидори модар сер намешаванд чунки онҳо саҳар ба боғча мераванд ман бошам ба кор агар ки бегоҳ гирифтан натонам аз боғча модарам ва ё хоҳарам гирифта меоянд. Вақте ман аз кор меоям аллакай онҳо хоб мешаванд ва саҳар мехезем як нонушта мекунему аз паси кор. Аммо албатта вақт меёбам баъзан вақт барвақтар аз боғча худам мегирам баъзан ба боғча рои намекунам тамоми рӯз бо фарзандонам мешавам. Дар як ҳафта 2 рӯз ақалан барои фарзандон вақт ҷудо мекунам. Мо ҳам ҳамин хел калон шудаем чун модарам санъткор буданд ба консерт ба туйю маракаҳо мерафтанд мо ҳамроҳи Тамара, Валя будем. Модарам баъд мегӯянд " бачахот ба ту сер намешаванд" баъд мегӯям "модарҷон мо ҳам ҳамин хел калон шудем, ина калон шудемку инҳо ҳам калон мешаванд" (механдад ӯ) Мо бояд меҳнат кунем. Ин ҳама заҳмату меҳнати мо барои ояндаи фарзандон аст.
Заррина: Барои мухлисони ҳунари хеш ва сомонаи ohang.tj чӣ ҳарфи гуфтание доред?
Дилноза: Сомонаи ohang.tj ин яке аз додарони худамон аст. Албатта пеш аз ҳама кормандҳое ки шабу рӯз кор мекунанд дар ҷустуҷӯи сурудҳои нав ҳастанд ва барои мухлисон пешкаш мекунанд. Ин албатта як масъулияти баланд аст. Ба Шумоён пеш аз ҳама бурдбориҳо орзумандам дар ҷодаи худ муваффақ бошед. Бо сурудҳои беҳтарин бо сарояндаҳои машҳур дили мухлисони худро шод гардонед ва ба ҳамаи мухлисон дар соли ҷавонон муваффақиятҳо орзумандам. Бигзор дар кадом ҷодае ки кор накунанд беҳтарин бошанд эҷодкор бошанд ва ба Ватани хеш ба Тоҷикистони азизамон хизмат кунем.
Заррина: Саломату пирӯз бошед ва орзу дорам, ки дар рӯзи консертатон бахту барор ва пирӯзӣ Шуморо ёвару Худованд мададгоратон бошад!
Дилноза: Сипосгузорам аз Шумо кормандону мухлисони сомонаи мусиқавии ohang.tj барои таваҷҷӯҳашон. Сарбаланд бошед!
Ба таваҷҷуҳи ҳаводорони сомона расонида мешавад, ки дар баробари мусоҳиба бо Дилноза Каримова дируз ҷашни милод доштанд, ки Дилнозаро дӯстону ҳамкасбонаш дар ин рӯзи пурфараҳ шодбош гуфтанд.
Ohang.tj
Шуморо бо фарорасии мавлуди ҳуҷастаатон самимона шодбош мегуем. Бароятон, қалб аз ҳама умри дарози бехазон, толеи баланд ва хушбахтии ҷовидонаро таманно дорем. Бигзор ҳамеша зебою кушода чеҳра бо сомонаи мо бимонед. Аз даргоҳи Офаридгор талаб мекунам, ки ҳамеша Шуморо саодатманду нерӯманд ва толебаланду фараҳманд дар паноҳаш нигоҳ дорад. Мо ҳама Шуморо дӯст медорем.
Озода Аҳатова;
Ба Дилноза хушбахтиву бурдбори мехоҳам. Ман Дилнозаро дар санъат ҳамчун устод медонам чунки он кас фаъолияти корӣ зиёд доранд пеш аз мо "бисёр курта дарондагӣ".Чӣ хел ки набошанд ҳамин хел хушрӯ, ҷавон монанд. Зодрӯз муборак!
Муҳиддини Музаффар;
Эҷодкор ҳамон вақт хушбахт аст, ки эҷодӣ вай дар қуллаҳои баланд асту ҳолаташ дар арафаи эҷод қарор дорад. Ҳамроҳаш ҳамеша илҳом аст, ки Худованд ба ӯ бахшидааст. Ба Дилноза Каримова орзу мекунам, ки ҳамеша бо фикри эҷод кардан зиндагӣ кунад, ҳамеша нафасҳояш пур аз нафасҳои ҳассосии суруди қалби хеш бошад. Умри инсон на ба миқдори нафас кашидан балки дар ҳамон миқдор шуморида мешавад, ки вай бо ҳассос ва эҳсосият нафас кашад . Ҳамин хел нафас кашад, ки умедбахшанба дар ҳаёташ бошад ки ҳамин умедбахшандаги худ ба зиндагиямон ҷилои дигар мебахшад. Орзу мекунам, ки ҳамеша дар саҳна бошад, ҳамеша дар утоқҳои сабти овоз бошад ва ҳамеша бо андешаи эҷод кардан зиндагӣ кунад. Бигзор зиндагию зебогиҳои Дилноза Каримова тавассути эҷодиёташ ба тамоми мухлисонаш нур пошад, нури рушноиву нури шодӣ. Милод муборак!
Гуласал Пулотова;
Аз Худованд барои худам, барои оилаам чизе ки талабам , барои Дилнозахон, барои оилаву фарзандонаш ҳамонро ҳамаи ин хушиҳову хубиҳоро металабам. Илоҳо ҳама вақт сарашон баланд ва забонашон гӯё бошад ва овозашон хаста нагардад барои халқамон хизмат кунанд. Ҳамеша сарбаланду хонаобод бошанд. Мавлуд муборак!
Гр Эҳсон Ғолибҷон Юсупов;
Аввалан салому дуруди гуруҳи Эҳсонро нисоратон менамоем, нигини санъати тоҷик Дилноза Каримова. Мо ҳамчун дорандаи касби Шумо ва ҳамчун тараннумгари савту садои Шумо таманнои онро дорем, ки бигзор ситораи эҷоде, ки бо тақдири Шумо ҳамсафар аст доим дар осмони софу беғубори санъати точик партавафшон бошад. Чун ситораи дурахшон дар фазои роҳи санъат муаррифгари номи худ ва Ватани азизамон бошед. Рӯзи таваллуд муборак!
Анвар Ахмедов;
Ман барои ситораи санъати тоҷик, хонуми зебо Дилнозахон Каримова, ки имруз ҷашни милод доранд аз номи худам аз номи аҳли оиламон табрик мекунам. Бигзор осмонашон софу мусаффо бошад. Ба бахти фарзандонашон сиҳат саломат бошанду ҳамеша гули сари сабади санъати тоҷик бимонанд.
Низомҷон Азимов;
Апаи азиз! Шуморо дар ин санаи мубораки умратон таҳният гуфта, хоҳони бахту саодат ва хушрузиву саломатиатон ҳастам. Бигзор хурдеши толеатон патарафшон ва баҳори умратон бехазон боқӣ бимонад.
Хушо, хуршеди умрат ҷовидон бошад,
Сари болои ту то Каҳкашон бошад.
(с) Зарринаи Fайрат
0 комментариев