Ситораи Кароматулло: Соли 2020 неву ҳамин сол ва ё соли оянда дар нақша дорам.
Мусоҳиба

Ситораи Кароматулло: Соли 2020 неву ҳамин сол ва ё соли оянда дар нақша дорам.

Сарсухан: Дар олами санъат имрӯзҳо сарояндаҳои хеле зиёд қадамҳои худро гузошта бештари онҳо дар жанри эстрада машҳуру маҳбуби муштариёни савту суруд гаштаанд. Ситораи Кароматулло яке аз он  сарояндаҳои хушқаду қомат, зебову хушсадо, на танҳо бо жанри эстрада бо жанри шашмақом низ дили садҳо  мухлисони худро ёфтааст. Дар оилаи санъаткор ба дунё омадаасту аз хурди шавқу ҳаваси зиёд нисбати сурудхонӣ дошт. Соли 2012 дар саҳнаи ҳукумат  дар озмуни "Авҷи баланди суруд" миёни 50 нафар сарояндагони кишвар ва хориҷа  ҷои аввалро ишғол карда соҳиби мукофот шуд, ки аз дасти пешвои миллат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдат Президенти Кишвар Эмомали Раҳмон гирифт. Соли 2013 бо суруди эҷодии худ бо ном "Бо ман қарор бигзор" дар жанри эстрада вориди ҷодаи санъат гашт.

Заррина: Салом Ситора аз сомонаи ohang.tj мусоҳиби ҳамдигар ҳастем.

Ситора: Салом хушҳол ҳастам, ки бо ин сомона ҳамкорам.

Заррина: Пеш аз ҳама фаҳмидан мехостем, ки Ситораи Кароматулло айни ҳол дар куҷо кору фаъолият карда истодааст? Яъне аниқтараш аз куҷо фаъолияти эҷодиро оғоз карда буд? 

Ситора: Дар мактаби мусиқавии Малика Собирова, ки айни ҳол бо номи Миратулло Асоев шудааст хатм намуда, баъд аз он дар академияи мақом таҳсил кардам. Кору фаъолиятамро дар филармония дар "Ансамбили Шашмақом" оғоз карда, пайи 2,5 сол фаъолияти худро нишон додам. Баъд ба кумитаи телевизион ва радио (Ансамбили Давлатии Шашмақом) даъват кардан, тули 5 сол аст, ки инҷо кор мекунам. 

Заррина: Аз паси кор шуда, фикри оила барпо карданро низ мекунед? Дар навиштаҷоте, ки дар сомонаҳои интернет ҳаст бовар кунем,  он ҷо худи Шумо қайд кардаед, ки "соли 2020 оила барпо мекунам"  Барои чӣ маҳз ҳамин сол ва ё соли оянда неву соли 2020 қарор додед? Сабаб дар чӣ бошад?

Ситора: Орзуи ҳар як гулдухтари тоҷик ин оила барпо кардан аст. Соли 2020 неву ҳамин сол ва ё соли оянда дар нақша дорам.

Заррина: Чӣ магар ягон нафар дилатонро рабудааст? 

Ситора: Рости гап бисёранд. Дар байни онҳо ягонтояшонро интихоб карданиям ҳоло ба фикри аниқ наомадам. ( механдад ӯ)

Заррина:Мухлисонатон Шуморо дар жанри шашмақом шинохта карданд ва ё эстрада? 

Ситора: Рости маро аввал мухлисон бо жанри шашмақом шинохтанд ва то ҳол дар ин жанр кору фаъолият мекунам. Жанри эстрадаро низ пеш бурда истодаам. Аз сабабе, ки аз ман бисёр хоҳиш кардан ҳоло Шумо ҷавон ҳастед, сурудҳои ба дили ҷавонон наздик сароед ҳамин боис шуд, ки жанри эстрада рӯ овардам.

Заррина: Душвор нест дар ду жанр кор кардан? Боварӣ доред аз ӯҳдаи ҳардуи ин жанр мебароед?

Ситора: Албатта ҳар як кор ба худ душворӣ дорад. Аммо аз ӯҳдааш баромада истодаам боз кӯшиш мекунам. Сарояндае, ки шашмақомро мехонад, наход эстрадаро хонда натавонад. 

Заррина: Аз хизмати продюсер истифода мебаред? 

Ситора: Не ман худам. Продюсер надорам худам кор мекунам.

Заррина: Дар муддати фаъолияти эҷодӣ ба кадом кишварҳои хориҷа сафари ҳунарӣ доштед?

Ситора: Ба Америка рафтам. Соли гузашта 12 ноябр фестивали шашмақом буд, маро дар ин ҷо яьне кишварамон гуш карда буданд ба Америка даъват карданд, дар консерташон иштирок кардам. Маро хеле хуб пазируфтанд. Боз ба Эрон ба Арабистон 3-4 даъваташ ба Туркманистон, Хитой, Москва, Озорбайҷон сафар карда дар он ҷо бо жанри шашмақом Тоҷикистонро муаррифи мекардам, маро боз ба Амрико даъват карданд, моҳи март аввал ба Ҳиндустон баъд ба Амрико меравам.

Заррина: Ситораи Кароматулло  ба мухлисон чӣ хел сюрприз омода карда бошанд?

Ситора: Албатта сюрпризи ҳар як сароянда ба мухлисон ин суруди нав, клип, консерт ва ягон барнома аст. Ба наздики " Суруди сол" аст, тайёри дида истодаем. Суруди навамро омода кардам бо ном " Боз омадӣ? " Дар суруди сол пешкаши мухлисон менамоям.

 

Заррина: Таманнои Шумо ба сомонаи ohang.tj ва мухлисон.

Ситора: Мехоҳам кору фаъолияташон аз ин ҳам хубтар шавад. Сарояндагонро бисёртар муаррифи намоянд. Муваффақият орзумандам.

Суҳбаторо: Зарринаи Fайрат

Рейтинг пользователей: 1.0 ( 1 голоc )

0 комментариев

Оставьте комментарий