Исмоилҷон Исмоилов: Мо бо Фараҳманд хатогии худро фаҳмидем.
Мусоҳиба

Исмоилҷон Исмоилов: Мо бо Фараҳманд хатогии худро фаҳмидем.


Исмоилҷон Исмоилов 9 – уми сентябри соли 1996 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Ӯ таҳсили ибтидоиро дар МТМУ №10-и шаҳри Бӯстон (Чкаловск) гирифта, инчунин  мактаби мусиқиро низ сарбаландона хатм кардааст. Пас аз хатми мактаб, ба коллеҷи санъати ба номи  Содирхон Ҳофиз, ки воқеъ дар шаҳри Хуҷанд аст, дохил шудааст. Шоистаи таҳсин аст, ки Исмоилҷон дар баробари муҳассили коллеҷ буданаш,  барои адои хизмати Ватан - Модар рафта, пас аз фарҷоми хизмат боз ҳам таҳсили худро дар он ҷо  идома дода истодааст. Гарчанде дар оилаи санъаткор ба дунё наомада бошад ҳам, лек меҳри санъат дар дилаш ҷӯш мезанад.


Парвиз: - Салом, Исмоилҷон! Имрӯз тасмим гирифтем, ки бо дархости зиёди мухлисонатон мусоҳиби Шумо шуда бошем.

Исмоилҷон: - Салом алейкум, дӯсти азиз, Парвизҷон ва инчунин мухлисони ба ҷон баробарам! Бисёр шод ҳастам.

Парвиз: - Хуб, мо аз тарҷумаи ҳоли Шумо огохӣ пайдо намуда, фаҳмидем, ки дар оилаи Шумо ягон нафар дар ҷодаи санъат нестанд. Чӣ  боис шуд, ки Шумо маҳз ана ҳамин роҳро интихоб намудед?

 Исмоилҷон: - Рост, дар оилаи мо санъаткор нест, лекин, ҳарчанд, ки модарам санъаткор нестанд, овози бисёр зебову дилнишин доранд. Шояд дар хунам бошад.

Парвиз: - Аз кай шавқи сурудхонӣ дар дилатон пайдо шуд?

Исмоилҷон: - Аз хурдсолиам меҳри зиёд доштам. Тақрибан 5 - сола будам, ки бо тағораву (тазик) дигар чизҳо суруд мехондам.( механдад). Вақте ки сурудхонии ҳофизонро медидам, бисёр орзу мекардам, ки ман хам  амсоли онҳо сурудхон шавам.

Парвиз: - Аввалин суруде, ки сароидаед, кадом  буд?

Исмоилҷон: - Аввалин суруди  ман  «Қӯшчинор» унвон дошт, ки ҳангоми хонандаи  синфи 5 буданам сароидаам, чун ман ҳам дар мактаби мусиқӣ ва ҳам  дар коллеҷи санъат дар жанри «Шашмақом» таҳсил кардаам.

Парвиз: - Сабаб чӣ бошад, ки Шумо дар жанри «Шашмақом» таҳсил карда, имрӯз дар дигар жанр суруд мехонед?

Исмоилҷон: - Парвизҷон, медонед, жанри «Шашмақом» бисёр жанри ҷолиб ва мураккаб ҳам хаст. Бо тараққиёти замона ба жанри рэп рӯ овардам. Имрӯз жанри рэпро на танҳо ҷавонон, балки бузургсолон ҳам гӯш мекунанд, агар ки суруд маънои хуб дошта бошад.

Парвиз: - Киро дар ҷодаи санъат устоди хеш мешуморед?

Исмоилҷон: - Нафаре, ки маро дар ҷодаи санъат рохнамо шуд, ин нафар устоди азизам - Каримов Кимсан мебошанд. Инчунин устодон - Ҷӯрабек Набиев ва Олимҷон Вохидовро устоди хеш мешуморам.

Парвиз: - Ба фикри Шумо кадом суруд Шуморо дар назди мухлисон шинохта гардонид?

Исмоилҷон: - Дӯстам, ин савол камтар бароям душвор аст. Хар як суруд мухлиси худро дорад, лекин ба фикрам суруде, ки ҳамрохи дӯстам Фарахманд Каримов бо ном " Оҳи дили зор" хондаем, бештар шинохта гардонид.

Парвиз: - Чӣ сабаб шуд, ки қисми дуюми суруди " Оҳи дили зор"- ро бо Фараҳманд нахондед?

Исмоилҷон: - Чӣ гӯям… Камтар нофаҳмӣ буд дар байни мо, албатта душманҳо моро хостанд, ки аз ҳамдигар ҷудо кунанд. Лекин хурсандиовараш дар он аст,  ки душманонамон ба мақсад нарасиданд. Мо бо Фараҳманд хатогии худро фаҳмидем ва рӯзҳои наздик тасмим гирефтем, ки боз як суруди навро ба таври дуэт пешкаши мухлисон гардонем. Номи суруд ҳоло махфӣ аст.

 Парвиз: - Дар оянда боз чӣ нақшаҳо доред?

Исмоилҷон: - Нақшаҳо бисёранд, яке аз онҳо он аст, ки ба наздикӣ клипи нав ба навор гирефтем ва онро дар муддати кӯтоҳ, албатта, дастраси мухлисони азизамон хоҳем кард.

Парвиз: - Чӣ гуфтаниҳо барои мухлисонатон доред?

Исмоилҷон: - Барои мухлисонам саломатӣ, сарбаландӣ, пайваста чеҳраҳои хандон ва табъи болидаро орзу мекунам. Ман бисёр шод ҳастам, ки имрӯз мухлисони худро дорам ва ҳамаи мухлисонамро дӯст медорам. Мухлисонам ҳастанд, ки ман ҳастам, Илоҳо зинда бошанд. Ҳамеша барои хизмати мухлисонам омода ҳастам.

Парвиз: - Тӯли чанд вақт ҳаст, ки бо портали OHANG.TJ ҳамкорӣ доред?

Исмоилҷон: - Зиёда аз 1 сол аст, ки ҳамкорӣ мекунем. Бисёр сомонаи олӣ аст. Бисёр миннатдор ҳастам, ки портали OHANG.TJ ҳамеша маро дастгирӣ мекунанд ва бо шарофати ин сомона сурудҳоям дастраси мухлисон мегардад. Ҳазор бор миннатдорам аз сомонаи Шумоён. Орзу мекунам, ки сомонаи OHANG.TJ яке сомонаи беҳтарин дар дунё бошад.

 Парвиз: - Мо низ кулли кормандони сомона ба Шумо фатхи қуллаҳои баланди санъатро орзу мекунем. Ҳамеша сарбаланду хонаобод бошед.

Исмоилҷон: - Аз Шумо низ Парвизҷон бисёр миннатдорам, ки имрӯз як сӯҳбати ширин бо ман оростед.

СУҲБАТОРО: ПАРВИЗ ЮСУФИ // МУҲАРРИР: КАРИМОВА Ш.

 

Рейтинг пользователей: 0.0 ( 0 голосов )

0 комментариев

Оставьте комментарий