Гуласал Пулотова (Мусоҳиба)
Мусоҳиба

Гуласал Пулотова (Мусоҳиба)

Гуласал Пӯлотова зодаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд буда, 28 -уми марти соли 1988 дар оилаи санъаткор чашм ба олами ҳастӣ боз намудааст. Ӯ таҳсили ибтидоияшро дар мактаби миёнаи умумии №28-и  зодгоҳаш гирифта, баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳояшро ба коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд месупорад ва соли 2008 он ҷоро бо сарбаландӣ хатм карда, дар ансамбли созиву овозии "Садои Суғд" ба фаъолият мепардозад. Ӯ то инҷониб дар он ҷо кору фаъолияташро идома бахшида истодааст. Яке аз сабабҳои дилбастагии Гуласал ба суруду санъат - дар оилаи санъаткор таваллуд ёфтану ба воя расиданаш аст. Аз байни ҳафт хоҳар, маҳз Гуласал ҷодаи падарро пешаи худ намудааст ва муваффақ ҳам шудааст.

 - Қабл аз сӯҳбат, саломи гарму ҷӯшони кормандони сомонаи Ohang.tj ва мухлисонро ба Шумо мерасонам ва бароям боиси хушнудист, ки имрӯз бо Шумо ҳамсӯҳбат гардида истодаам. Иҷозат фармоед, ки бо омодаву дастрас гардидани албоми наватон муборакбод намоям, ки ин, бешак, барои мухлисони бешуморатон  ҳадяи беҳтарин аст.

 - Ташаккури бепоён ба Шумо ва кулли мухлисонам,ки маро пайваста дастгирӣ менамоянд ва бо кӯмаку ибтикори онҳо албоми нави ман бо номи "Дидор" пешкаши тамошобинон гардид.

- Консерти Шумо таҳти унвони  "Дидор", ки санаи 1-уми июни соли равон ба истиқболи “Иди байналхалқии бачагон” баргузор гардида буд, дар воқеъ ба дараҷаи олӣ гузашт. Чаро  унвони консертатонро  маҳз "Дидор"ном гузоштед?

- "Дидор" ном гузоштани консертам дидори мухлисонам буд. Ман фикр мекунам, ки, мутаассифона,  солҳои охир меҳру муҳаббати инсонҳо нисбат ба ҳамдигар хеле кам шудааст. Меҳру муҳаббат нисбат ба оила, Ватан ва ёру дӯстон... Намедонам, сабабаш чист, вале бисёр коста  шудааст. Шояд аз ташвишҳои рӯзгор бошад ва шояд ҳам аз ин ки мардум вақту соати бо якдигар дидор кардану нишастанро надоранд. Аз ин рӯ,  “Дидор” ном гузоштам, ки ба қадри дидори ҳамдигар бирасем.

 - Суруди нахустини Шумо чӣ унвон дошт ва ба кӣ бахшида будед?

- Суруди авалинамро дар соли аввали кориям, яъне соли 2008 ба муносибати рӯзи зодрӯзи модари бузургворам ба ӯ бахшидам.

- Муаллифи шеьр кӣ буд ва оҳанги  он ба кӣ тааллуқ дошт?

- Он шеър ба қалами шоираи ширинкалом Фарзона тааллуқ дошт ва оҳанги оҳангсоз Вориси Абдураҳмон буд, ки беҳтарин туҳфаи ман барои модарчон ва мухлисонам гардид.

  - Оё санаи 1-уми июн дар ҳаёти Шумо  ягон санаи муҳим аст, ки ду сол пай дар пай маҳз дар ин рӯз консерти худро баргузор кардед?

 -Бале, ин сана дар ҳаёти ман санаи хос аст. Сабаб дар он, ки ман кӯдаконро хеле зиёд дӯст медорам ва ин рӯз хам рӯзи онҳост, яьне иди кӯдакон. Ҳарду консертам низ дар як рӯз, яке 1- уми июни соли 2015, дигаре  низ 1 –уми июни соли 2016 дар кохи фарҳангии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардиданд, ки ба ҷашни кӯдакон бахшида шуда буданд. Консерти аввалинам бо номи "Баҳори орзу" буд. То рӯзи консерт танҳо  6 рӯз монда буд, ки чиптаҳои консертӣ аз нуқтаҳои фурӯш тамоман  ба итмом расиданд, бинобар ин, тасмим гирифтем, ки  консертро иборат аз ду бахш кунем. Консерти дуюмам низ соли 2016 дар ҳамин кох баргузор шуд, ки иборат аз 5 бахш буд. Чор бахши он барои мухлисон ва як бахшаш барои кӯдакони имконияташ маҳдуд ройгон пешкаш гардид.

- Дар саҳнаи тоҷик душвор аст пайдо кардан нафареро, ки боре дуэт насароида бошад. Нигохи Шумо нисбати ин навъи саньат чӣ гуна аст?

-Дуруст қайд кардед, воқеан, дар замони ҳозира сарояндае нест, ки ақаллан боре дуэт насароида бошад. Ман низ дар баробари дигар сарояндагон нисбати дуэт бетараф нестам. Се дуэти ман ба тамошобин пешниход гардидааст, ки  аввалинаш бо номи "Ошиқат ҳастам" бо сарояндаи шинохта Анвар Ахмедов соли 2015 ва дуэти дуюмам "Хуҷанд" ном дошт, ки бо Аъзам Болтабоев дар соли 2016 ва дуэти охирин, ки "Зарафшони" ном дорад, бо овозхони шинохта Шодмон Сулаймонӣ якҷо ба навор гирифта будем, тахминан як мох қабл ба дасти бинанда расид.

 - Чанд муддат аст, ки Шумо бо Ohang.tj хамкориро оғоз намудаед ва оё ин сомона барои ба хохишҳоятон расидан ягон замина фароҳам оварда метавонад?


- Як сол боз, яъне аз рӯзи кушодашавии сомонаи мазкур  то  инҷониб бо онҳо ҳамкорӣ дорам ва бароям хеле  писанд аст, зеро сурудҳои нав ба нави сарояндагони тоҷикро аз ин сомона ба осонӣ дастрас карда метавоноӯем. Фикр мекунам, ки  мухлисони азизи мо низ  бидуни ягон душворӣ таронаҳои дилхоҳашоро тавасути ohang.tj дастрас менамоянд.

 - Ба нафароне, ки дар дил ҳаваси сароянда шудан доранд чӣ гуфтанӣ ҳастед?

- Агар касе дар дил орзуи сароянда шудан дорад, пеш аз ҳама бояд дар назди худ мақсад гузорад, ки ман сароянда мешавам ва метавонам. Бояд иродаи қавӣ дошта, барои ворид гаштан ба ин ҷода тасмимҳои ҷиддӣ дошта бошад, Худо хоҳад муваффақ хоҳад шуд.

-Ташакури зиёд Гулаасал, бароятон иқболи баланд, саодати рӯзгор ва амалишавии кулли нақшаҳои эҷодиву ҳаётиро сидқан тамано дорем!

Ба Шумо низ ташаккур. Саодатманд бошед.

(с) Зарринаи Fайрат

Рейтинг пользователей: 3.0 ( 2 голоса )

0 комментариев

Оставьте комментарий