Тӯли се ҳафта гурӯҳи корӣ барои сохтани постери филми нави киностудияи “Суғдсинамо” бо номи “Сайёра ранг иваз мекунад” машғул буданд. Билохира постери филми нав омода шуд. Ин аввалин постери филм аст ва албатта бо даст додани шароит ва илҳоми эҷодӣ постерҳои нави дигар низ сохта мешаванд. Барои сохтани постер Абдуазиз Абдураҳмонов, Комил Суғдиён, Даврон Восидӣ, Зариф Зарипов, Фарҳод Солиев ва Муҳиддини Музаффар саҳм доштанд. Бояд қайд кард, ки барои сохта шудани ин филм МИҲД вилоят, мағозаи “Тобон”, қаҳвахонаҳои “Хушбахтӣ”ва “Насиба”, меҳмонхонаи “Армон Apart Hotel”, “Эверест” кӯмак кардаанд. Ба ҳама саҳмгузорони филм ташаккур мегӯем! Бояд қайд кард, ки филми “Сайёра ранг иваз мекунад” дар ҳоли танзим, ранпардозӣ, садогузорӣ ва мусиқисозӣ қарор дорад. Ногуфта намонад сомонаи мусиқавии OHANG.TJ низ дар ин филъм ҳамчун ҳамкори иттилооти ҳамкорӣ дорад.
0 комментариев