Набиҷон Пирматов: “Барои ман душвориҳои синамо як азоби ширин аст
Мусоҳиба

Набиҷон Пирматов: “Барои ман душвориҳои синамо як азоби ширин аст"

Набиҷон Пирматов ё худ иҷрокунандаи нақши Рустам дар филми “Арӯси замонавӣ 1-2” яке аз чеҳраҳои ҷавон ва шинохта дар соҳаи санъат ба шумор меравад.Маҳз бо офаридани филми “Арӯси замонавӣ-1” ӯ ба ҷодаи санъат ворид гашта дар як муддати кӯтоҳ шӯҳрат ва мақоми ба худ хосро касб намуд.Ӯ 17-уми декабри соли 1989 дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.Пас аз хатми таҳсил дар муаассисаи таҳсилоти миёна ӯ ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи милли Тоҷикистон дохил шуда онро соли 2012 хатм намудааст.Оиладор соҳиби як фарзанд.

Агарчанде,ки Набиҷон дар соҳаи санъат таҳсил накарда бошад ҳам вале дар таҳияи филмҳои хуб ва ҷолиб тавонистааст,ки муваффақ шавад.Филмҳои таҳиянамудаи ӯ “Арӯси замонавӣ-1”(2015),Аз ман марав(2015)”,"Арӯси замонавӣ-2”(2016),”Ҷавонони замонавӣ”(2017),”Домоди замонавӣ”(2018) сабки ба худ хосро доро буда дар муддати кӯтоҳ доираи васеъи тамошобинонро фаро гирифтааст.Айни замон Набиҷон ба таҳия ва омода намудани филми ҷадиди худ “Домоди замонавӣ” машғул аст,ки нахустнамоиши он моҳи феврали соли равон дар назар аст.Сомонаи ohang.tj ҳам тасмим гирифтааст то доир ба таҳияи ин филм ва дигар ҷанбаҳои он бевосита бо таҳиягар ва иҷрокунадаи нақши асосӣ дар филм Набиҷон Пирматов мусоҳибаеро доир намояд.

Рустамбек Аҳмадов: Ассалому алейкум акои Набиҷон,шуморо аз сомонаи ohang.tj ташвиш медиҳем.Мехсотем доир ба филми наватон бо Шумо саволуҷавоб намуда бошем.

Набиҷон Пирматов: Ваалейкум бар салом.Ман розӣ, саволҳотонро диҳед,то ҳадди тавон ҷавоб медиҳам.

Рустамбек Аҳмадов: Сароғоз мехостам доир ба таҳияи ин филм,маконҳои сабт каме гуфта бошед.

Набиҷон Пирматов: Сабти филми “Домоди замонавӣ” дар шаҳрҳои Анталияи Туркия,Душанбе ва Хуҷанд сурат гирифт.Оид ба хароҷотҳои филм ҳоло сухани аниқ гуфтан душвор аст,зеро хароҷот барои филми мазкур ҳоло идома дорад.Нақшҳои асосиро дар филм Ман яъне Набиҷон Пирматов,Фаризаи Илҳомзода,Лутфулло Давлатов,Моҳпайкар Ёрова,Зулфия Содиқова ва дигарон офаридаанд.Муаллифи филмнома ва коргардон низ худам ҳастам.Ҳамчунин продюсери филм Зулола Нарзиқулова,наворбардор-таҳиягар Бахтовар Сафаров,танзимгар Бахтиёр Каримов ва композитор Фарҳод Зокиров мебошанд. Давомнокии филм 1 соату 40 дақиқаро ташкил медиҳад.

Рустамбек Аҳмадов: Набиҷон,мегуфтед,ки чаро ба филм маҳз “Домоди замонавӣ”-ном гузоштед?

Набиҷон Пирматов: Вақте,ки мо филми “Арӯси замонавӣ 1-2”-ро пешниҳод намудем,мардум мепурсиданд,ки филми “Домоди замонавӣ” кай мебарояд.Ман ҳам тасмим гифтам,ки филми навбатии худро бо ин ном пешниҳод намоям.Ва аз ҳамин сабаб фидми “Домоди замонавӣ”-ро сабт намудем.Яъне таҳияи ин филм бо дархости мардум сурат гирфт ва боварӣ дорам,ки писанди тамошобинон мегардад.

Рустамбек Аҳмадов: Мегуфтед,ки филм чӣ гуна хусусиятҳо дорад ва он асосан дар кадом жанр таҳия гаштааст?

Набиҷон Пирматов: Филми “Домоди замонавӣ” асосан дар жанри ҳаҷв наворбардорӣ ва таҳия гаштааст.Умуман филм пур аз саҳнаҳои шавқовар ва ҷолиб аст,ки фикр мекунам мардум аз он хуб пазироӣ мекунанд.

 

Рустамбек Аҳмадов: Ба ҳамагон маълум аст,ки дар ин замон таҳия ва омда намудани филми хубу тамошобоб ва умуман таҳияи филм душвории зиёд дорад.Мегуфтед,ки дар таҳияи филм Шумо бештар ба кадом душвориҳо дучор гаштед?

Набиҷон Пирматов: Албатта ҳар як кор душвории худро дорад.Бояд гӯям,ки дар филми “Домоди замонавӣ” ҳангоми наворбардорӣ баъзе душвориҳо ҷой дошт,махсусан дар қисмати ба наворгирӣ дар шаҳри Хуҷанд гармии ҳаво ба мо каме душвориҳо эҷод намуд.

Рустамбек Аҳмадов: Ин ҷо мехосотам доир ба мазмуни мухтасари филм каме маълумот медодед.Асосан филм аз ҷӣ қисса мекунад?

Набиҷон Пирматов: Аз рӯи сенарияи филм қаҳрамондухтар деҳотӣ аст ва забони модариро хуб медонад.Номзадии Сабина ба ин нақш дуруст наомад ва мо тариқи кастинг Фариза Илҳомзодаро ҷалб намудем.

Рустамбек Аҳмадов: Мегуфтед,ки ҳунармандон ба ин филм асосан чӣ гуна ҷалб шуданд,бештар тариқи кастинг ё интихобан?

Набиҷон Пирматов: Ҳунармандон ба филм ҳам ба таври интихобан ва ҳам тариқи кастинг ҷалб гардиданд.Бояд бигӯям,ки дар кастинги мо барои интихоби қаҳрамондухтар зиёда 30 нафар духтар ширкат варзиданд.

Рустамбек Аҳмадов: Ҳамчун нафаре,ки дар самти филмофарӣ давоми чанд соли охир машғул ҳастед,оянда санъати синамои миллиро чӣ гуна мебинед ва дар ин самт чӣ нақшаҳо доред?

Набиҷон Пирматов: Санъати синамои миллӣ фикр мекунам пас аз 4-5 сол боз ҳам беҳтар мешавад.Душвориҳо дар ҳама соҳа мавҷуд аст,аммо барои ман душвориҳои синамо як азоби ширин аст.Асалан филмбародорӣ ин машғулияти дӯстдоштаи ман аст.Ман мехоҳам ки баҳри баланд бардоштани синамои тоҷик ҳиссагузор бошам.Моҳи феврал нахустнамоиши филми “Домоди замонавӣ”дар филармония ба нақша гирфта шудааст ва мо боварӣ дорем,ки тамошобинон аз ин филми мо хуб пазироӣ мекунанду заҳматҳои моро қадр менамоянд.Оянда нақша дорам,ки дар хориҷа оид ба ихтисоси актёр ва режисёрӣ таҳсил намуда филмҳо беҳтаринро таҳия намоям.

Рустамбек Аҳмадов: Мехсотам каме аз лаҳзаҳои наворбардорӣ гуфта бошед,бештар барои Шумо чӣ ҷолибтар ё хотирмонтар буд?

Набиҷон Пирматов: Дар вақти ба наворгирӣ аз ҳама лаҳзаи хандаовару фаромӯшнашаванда барои ман ин дар филм маро бардошта офрадани духтари ҳамсоя ва маро ба рӯи кат партофтанаш буд.

Рустамбек Аҳмадов: Хонаводаатон нисбати ин интихоби Шумо чӣ назар доранд?Оё ҳамсаратон ба шумо рашк намекунанд?

Набиҷон Пирматов: Аз хонавода дар аввал падару модарам ба ин интихоби ман зид буданд.Ҳоло бошад онҳо аз кори ман розӣ ҳастанд.Бештар ҳамсарам маро дастгирӣ мекунад.

Рустамбек Аҳмадов: Мегуфтед,ки мардум дар кӯча бо Шумо чӣ гуна муносибат менамоянд,бештар шуморо ҳамчун Набиҷон мешиносанд ё ҳамчун Рустам?

Набиҷон Пирматов: Мардум бо ман хуб муомила мекунанд.Бештар Рустам гӯён муроҷиат менамоянд.

Рустамбек Аҳмадов: Оё шудааст ҳолате,ки рӯҳафтода шуда ба худ гуфтед,ки бас аз баҳри ҳамааш мебароям?

Набиҷон Пирматов: Ҳангоме,ки филми маро бо роҳи дуздӣ дар фиттаҳо бароварда буданд,ҳамин ҳолатро аз сар гузаронида будам вале рӯҳафтода нашудам боз кори худ яъне филмсозиро давом дода истодаам.

Рустамбек Аҳмадов: Мехсотам назари шуморо доир ба сомонаи оҳанг.тҷ фаҳмида бошам

Набиҷон Пирматов: Сомонаи оҳанг.тҷ яке аз сомонаҳои беҳтарин аст ва фикр мекунам дар оянда аз ин ҳам беҳтар мешавад. Ба тамоми хонадагони сомона пеш аз ҳама сиҳату саломатӣ,хонаободӣ ва дар корҳояшон барору муваффақият ва барояшон фатҳи қуллаҳои баландро таманно дорам. Бигзор ҳамеша истифодабарандагони асили оҳанг.тҷ бошанд.

Рустамбек Аҳмадов: Аз ин зиёд вақти Шуморо намигирем.Ман аз номи худам ва аз номи маъмурияти сомона ба Шумо миннатдории зиёд баён менамоя,ки вақти қиммати худро дареғ надошта бо вуҷуди серкор буданатон ба саволҳои мо посух гуфтед.Таманнои онро дорем,ки дар ҷодаи филмофарӣ ба муваффақиятҳои бештари даст ёфта дар рушд ва муаррифи синамои миллӣ муваффақ гардед.Умед бар он мекунем, ки Шумо  бо филмҳоятон на танҳо тамошобини тоҷикро тасхир мекунед, балки дар хориҷ низ таваҷҷуҳ ва мавқеи назаррасеро касб менамоед. Саломату  сарбалнд ва муваффақ бошед!

Набиҷон Пирматов: Ташаккур,Шумо низ саломат бошед!


Суҳбаторо: Рустамбек Аҳмадов

Рейтинг пользователей: 0.0 ( 0 голосов )

0 комментариев

Оставьте комментарий