Шӯҳрати Расул: Аз синфи 5 суруд мехонам.
Мусоҳиба

Шӯҳрати Расул: Аз синфи 5 суруд мехонам.

Имрӯзҳо дар осмони санъат ҳар рӯз як ситораи наве ҷилвагар мегардад. Қаҳрамони навбатии мо яке аз сарояндаҳои муваффақ Шӯҳрати Расул мебошад. Ӯ 10-уми апрели соли 1982 дар вилояти Суғди ноҳияи Конибодом чашм ба олами ҳасти кушодааст. Шӯҳрат соли 1999 мактаби миёнаи рақами 13-и ба номи Ҷӯрабек Искандаровро хатм намуда, худи ҳамон сол ба ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шудааст. Сипас, донишгоҳро соли 2004 сарбаландона ба итмом мерасонад. 
Консерти аввалини Шӯҳрати Расул соли 2009 бахшида ба соли нав дар шаҳри  Конибодом баргузор гардида буд.  Ӯ асосан дар жанри эстрада фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Ин навбат бо ин сароянда суҳбате оростем, ки алъон манзури назари  шумо мегардонем.

1. Ассалому алайкум, бародари гиромӣ! Аввалан миннатдории худро баён менамоям, ки дархости моро пазируфтед.
Ташаккури зиёд, ки қадр кардеду суроғи мо намудед.
2. Шумо дар интихоби касб озод будед? Яъне падару модаратон розӣ буданд, ки Шумо роҳи санъатро интихоб кунед?
Бале, онҳо розӣ буданд, ки ман ҷодаи санъатро интихоб кунам, зеро хуб медонистанд, ки аз овони кӯдаки меҳри санъат дар дилам аланга мезад. Ногуфта намонад, ки бобои ман санъаткор буданд ва ман сабақи аввалини санъатро аз бобоям омӯхтам.
3. Баромади аввалини Шумо дар рӯйи саҳна кай ва дар кучо буд? Дар хотир доред? 
Ҳангоми синфи 5 буданам, дар яке аз чорабиниҳои мактаби, суруд сароида будам ва ин баромади нахустини ман дар рӯи саҳна буд. Албатта ин лаҳзаро на бояд фаромӯш кард.
4. Бо кадом оҳангсозон ҳамкорӣ доред?
Бо оҳангсозон Эркин Аюбов, Ҷонибек Исомиддинов ҳамкорӣ мекунам, инчунин худ низ оҳанг эҷод карда барои сурудҳоям аз оҳангҳои хеш истифода мебарам.
5. Роҳнамои худро дар ҷодаи санъат киҳоро мешуморед?
Роҳнамоям дар роҳи санъат - устодонам Аҳрор Ботиров ва Комилҷон Латифов ҳастанд.
6. Ба мо маълум аст,ки дар рузҳои наздик консерти худро баргузор мекунед, чӣ сюрприз дар ин консерт баҳри мухлисонатон доред?
Консерт санаи 19-20- уми ноябр баргузор хоҳад шуд, ки сюрпризи санъаткор барои мухлисон албатта ин сурудҳои тару тоза аст.


7. Чанд суруди нав дар консерт ба самъи мухлисонатон хоҳад расид?
Аллакай дар соли 2016 шумораи сурудҳоям ба  22 расид,ки дар байни сурудҳоям суруди наву тару тоза низ ҳаст, ки Худо хоҳад мухлисони азизам дар консерт аз ин сурудҳо баҳравар хоҳанд гашт.
8. Чанд муддат мешавад, ки бо OHANG.TJ ҳамкорӣ доред?
Аз оғози фаъолияти сомонаи www.ohang.tj то ин ҷониб ҳамкорӣ дорам.
9. Дар охир баҳри истифодабарандагони ин сомона чӣ таманниёт доред?
Таманно менамоям, ки қулли истифодабарандагони сомонаи дустдоштаи мо ҳамеша саломат бошанд. Пайваста аз  ин сомона истифода баранд ва сурудҳои навтаринро тавассути ин сомона дарёфт намоянд. Бокӣ саодатманду хонаобод бошанд.
Ташаккур, мо низ орзуманди нусрату сарбаландии Шумоем!

(с) Юлдузой Мирзоева.

Рейтинг пользователей: 0.0 ( 0 голосов )

0 комментариев

Оставьте комментарий