Равзанаи ошноӣ:
Афзалшо Шодиев! Ин ном барои мову шумо бегона нест, зеро ба гуфти худи устод тӯли 33 сол аст, ки дар рӯи саҳнаи ҳунар ҳастанд ва бо суруду таронаҳои дилангези худ қалби ҳазорон нафарро тасхир намудаанд. Ҷомеаи имрӯзаи мо нисбати ҳунару санъати Афзалшо Шодиев бетараф нестанд ва пайваста суруду таронаҳояшонро гӯш мекунанд. Инро замони консертҳои устод мушоҳида намудан мумкин аст, ки чӣ гуна мухлисони устод бо дастагулҳои тару тоза вориди толор мегарданд ва дар зери савту навои мусиқиҳои устод ба ваҷд омада беихтиёр ба рақс медароянд. Ин далели ҳунарманди беҳамто будани Афзалшо Шодиев аст.
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, роҳбари Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, устоди гиромии санъати тоҷик Афзалшо Шодиев соли 1962 дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри бостонии Панҷакент ба дунё омадаанд. Соли 1979 пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳои худро ба Донишгоҳи санъат ва фарҳанги тоҷикистон ба номи мирзо Турсунзода супорида, соли 1983 онро бомуваффақият хатм намудаанд. Устод Афзалшо Шодиев соли 1974 дар озмуни байнимактабии “Ҳунармандони ҷавон” сазовори ҷои аввал гардида, бо ҳамин ба ҳунари овозхонии худ ибтидо бахшидаанд. Барои хизматҳои шоён ва рушди санъати тоҷик соли 2008 ба устод Афзалшо Шодиев ҷоизаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон тақдим карда шуд. Рӯзноманигори мо меҳмони устод Афзалшо Шодиев буданд ва сӯҳбате доштанд бо ин марди ҳунар. Инак, таваҷҷӯҳ намоед ба сӯҳбати дар зер буда!
Заррина:- Салом устоди гиромиқадр. Аз сомонаи www.ohang.tj ҳастам, шуморо ташвиш медиҳам. Мехоҳам бо шумо атрофи кору пайкоратон сӯҳбати озоде дошта бошем, албатта агар шумо розӣ бошед?
Афзалшо Шодиев: - Салом рӯзноманигори ҷавон. Албатта, ман ин таклифи шуморо бе ягон зиддият қабул мекунам ва омодаи сӯҳбат бо шумо ҳастам.
Заррина: - Пеш аз ҳама бояд қайд намоям, ки аз дидор бо шумо хеле шодам, устоди азиз!
Афзалшо Шодиев: - Обод бошед, марҳамат ман шуморо гӯш мекунам!
Заррина: - Нахустин саволе, ки ҳамаи ҷавобҳо аз ҳамин савол сарчашма мегирад, мехостам бифаҳмам, ки кай ва чӣ тавр вориди саҳнаву санъат гаштед?
Афзалшо Шодиев:- Аслан, ман аз овони хурдиям вориди саҳна шуда будам гӯям ҳам, хато намекунам. Солҳои 70-уми қарни гузашта, аз даврони мактабхониям ман ба санъат ибтидо бахшида будам. Он солҳо моро устодони меҳрубонамон роҳнамоӣ мекарданд, ки ҳунарманд шавем. Мудом моро дастгирӣ мекарданд ва ба ин роҳ ҳидоят менамуданд. Баъдан, соли 1974 ба пойтахт омадам ва дар озмуни байнимактабии “Ҳунармандони ҷавон” иштирок намуда, сазовори ҷои аввал гардидам. Ин озмун сабаб шуду ман вориди саҳнаву санъат шудам ва ба овозхонӣ шурӯъ намудам. Худи ҳамон сол ҳуҷҷатҳоямро ба Донишгоҳи санъати шаҳри Душанбе ба номи Мирзо Турсунзода супорида, донишгоҳро бо дипломи сурх хатм намудам. Шукри Худо имсол 33 сол аст, ки дар хизмати халқу Ватан, директори Филармонияи давлатии Тоҷикиситон шуда кор карда гаштем.
Заррина: - Масъулияти роҳбарии Филармонияи давлатиро кай ва чӣ гуна бар дӯши худ гирифтед? Директори Филармония гаштан чӣ хел насиби шумо гашт?
Афзалшо Шодиев: - Замони ба фаъолият шурӯъ намуданам ман 20 сол роҳбарии ансамблро бар ӯҳда доштам, пас аз он 3 сол роҳбари бадеиӣ Филармония будам. Имрӯзҳо бошад роҳбарии худи Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраевро бар дӯш дорам. Барои ба даст овардани чунин вазифаҳо ман коре накардам, ба ҷуз хизмати софдилона. Корҳоям ба роҳбарият маҳқул шуд, маро ба ҳамин гуна вазифаҳо лоиқ донистанд ва таъин намуданд. Дар ҳақиқат ба боварӣ сазовор будем, пайваста кор мекардем. Имрӯзҳо фаъолияти Филармония дар сатҳи олӣ пеш рафта истодааст. 10-то ансамбл дорем, ки қариб ҳамаашон фаъолият мекунанд. Дар тӯли 3 соли охир сатҳи эҷодашон ба дараҷаи баланд расидааст. Онҳо дар сатҳи баланд фаъолияти хешро идома дода истодаанд ва ҳатто ба меҳмонони аз хориҷи кишвар меомада ҳунару маҳорати худро нишон медиҳанд. Инчунин, моро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дастгирӣ мекунанд ва мо аз ин хеле мефахрем ва сарфароз ҳастем. Вақте ман ба Филармония омадам, дар ин ҷо 48 баландгӯяк вуҷуд дошт, ҳоло бошад ҳама ба таври зинда месарояд.
Заррина: -Устод, чун шумо роҳбари ин муассиса ҳастед, гуфтаниед, ки ба фонограмма роҳ намедиҳед? Қариб ҳар ҳафта дар ин ҷо консерт баргузор мегардад, баъд онҳо чӣ? Вақте дар Филармония консерт барпо мекунанд, ҳатман овози зинда бояд бошад ё аз фонограмма ҳам истифода мебаранд?
Афзалшо Шодиев:- Аз рӯзе, ки ман ба Филармония қадам ниҳодам, ба фонограмма дар ин ҷо роҳ нест. Ҳама бо овози зинда месарояд.
Заррина:- Шумораи сарояндаҳои санъати волои тоҷик рӯз то рӯз афзуда истодааст ва барпо намудани барномаҳои консертӣ низ ҳамчунин. Рӯзҳои охир аз овезаҳои деворӣ ва хабарҳои радиову телевизион дарак ёфтан мумкин аст, ки ҳамаи онҳо қариб як макон, яъне Филармонияро макони баргузории консерт интихоб мекунанд. Гувоҳи онам, ки ҳатто дар як рӯз ду баст консерт ҳам шуда гузаштааст ва консертҳо ҳоло ҳам идома доранд. Дар ин ақида бо шумо ҳамфикр шуда метавонам?
Афзалшо Шодиев:-Бале, шумо комилан дуруст қайд намудед. Қариб ҳар рӯз дар ин ҷо дар ду баст барномаҳои консертӣ баргузор мегарданд. Рости гап дар шаҳри Душанбе толорҳои консертии кохи Ваҳдат, кохи Ҷомӣ ва кохи Борбад буданд, вале имрӯзҳо дар баъзеяшон корҳои азнавсозӣ ва таъмир рафта истодааст. Шояд сабаби дигари ин ҷоро интихоб намуданашон дар он бошад, ки дар Филармония мо ҳама шароитро барояшон фароҳам меорем, кӯмаку дастгирӣ мекунем.
Заррина: - Вақте инсон дар зиндагӣ ба чизе ноил намегардад ва ё муваффақ намешавад, дилшикаставу маҳзун мегардад. Аммо вақте соҳибмансабу вазифадор мешавад, куллан ба инсони дигар табдил меёбад. Ин албатта табиати инсонӣ аст. Ба рафтори худ баҳо додани кас душвор аст, вале мо атрофи ин мавзӯъ андешаи шуморо шуниданием. Оё мансаб Афзалшо Шодиевро дигар карда метавонад?
Афзалшо Шодиев:- На, ҳаргиз! Ман чи хеле будам, ҳамон хел ҳастам ва хоҳам монд. Мансаб одамро ба дараҷаи олӣ бурда наметавонад, аммо одам метавонад мансабро боло бардорад. Ман як роҳбаре ҳастам, ки бо ҳама муносибати якранг дорам. Ҳеҷ вақт боло нарафтам ва рафтанӣ ҳам нестам. Ман ҳамеша дар ҳамин ҳолам ба Ватани азизи худ хизмат кардан мехоҳам.
Заррина: -Зиндагӣ дар ҳаёти шумо чӣ маъно дорад?
Афзалшо Шодиев: - Зиндаги ин маҷмӯаи бешу камист! Дар ҳаёти мо ҳар рӯз якранг нест. Имрӯз хурсанд бошем, фардо моро ғам фаро мегирад. Имрӯз заҳмат кашем, пагоҳ роҳат насибамон мегардад. Дар зиндагӣ ба ҳамаи чиз ноил шудан мумкин, фақат барои ин кӯшиш ва баъзан сабр лозим. Хоҳӣ нахоҳӣ умр мегузарад ва барои ин ҳамеша омода мебояд буд.
"Зиндагиро кӣ гуфт номард аст?
Ҳар кӣ гуфт, худ то куҷо мард аст?
Зиндагӣ мард асту мард мехоҳад!
Сари болову дард мехоҳад!"-гуфтааст (устод Қутби Киром.)
Заррина: -Устод, аз овони ҷавонии хеш ёд мекунед?
Афзалшо Шодиев: - Албатта, ҷавонӣ ин як давраи тиллоӣ, як лаҳзаи фаромӯшнашавандаи ҳаёти ҳар яки мост. Зиёд оҳангҳои ҷавонӣ эҷод мекунаму аз ин як ҷаҳон лаззат мебардорам. Зиёда аз 200 оҳанги ҷавонӣ эҷод намудаам, ки дар вақташ ба мардум хеле писанд буданд. Ман ифтихор мекунам, ки тоҷикам ва аз Тоҷикистонам. Ҳар кафи хоки Ватан, ҳар қатра оби Ватан ва ҳар як сангу ҳавою мардуми ин сарзамин барои ман азиз аст ва ман аз ин неъматҳои бебаҳо лаззат мебарам. Мефахрам...
Заррина:- Агар иштибоҳ накунам қариб ба тамоми забонҳо суруд сароидадед!? Бо ҳамаи забонҳо озодона суханронӣ карда метавонед? Устоди гиромиқадрро забондон гуфта метавонем?
Афзалшо Шодиев: - Бале, бо он забонҳое, ки суруд хондаам озодона сӯҳбат карда метавонам. Қариб тамоми дунёро гаштаам. Аз давлатҳои Араб сар карда, то Аврупову Амрико ҳамаро дидам. Дар қисми зиёди ин давлатҳо барномаи консертӣ ҳам баргузор намудаам. Боз ният дорам, ки дар оянда санъати тоҷикро бозам муаррифӣ намоям.
Заррина: - Ба ҳунару фарҳанги дигар давлатҳо чӣ гуна баҳо медиҳед?
Афзалшо Шодиев: - Фарҳанг дар ҳар давлат вобаста ба ҷои зист ҳар гуна аст. Ҳамаи давлатҳо фарҳанги ниёгони худро то имрӯз ҳифз кардаанд ва дорои фарҳанги хеш мебошанд. Аммо ба андешаи ман фарҳанги аз ҳама қадиму воло ин фарҳангу тамаддуни тоҷикон аст.
Заррина: - Пайваста дар бораи ҷавонон ҳарф мезанед, суруд месароед ва оҳанг эҷод мекунед. Шояд сирри ҷавонии шумо дар ҳамин бошад?
Афзалшо Шодиев: - (Механданд) Ман табиатро дӯст медорам. Худам хӯрок мепазам, модаронро ҳурмату эҳтиром мекунам. Имрӯзҳо дар зиндагӣ ҳар чизи медидаам табъи маро болида месозад ва ман аз ин лаззат мебарам. Яъне, ҳар кори хостаи худро анҷом медиҳаму мудом хурсанду шодишарики мардум ҳастам. Ин сирри ҷавонии ман аст!
Заррина: - Чун имсол “Соли ҷавонон” аст, ба ҷавонон чӣ насиҳату маслиҳат доред?
Афзалшо Шодиев: - Дар ҳақиқат сол соли ҷавонон аст.Ҷавонони мо дар ҷомеаи имрӯза аз ҳама пешрафта ба шумор мераванд. Ҳам дар соҳаи илму техника, ҳам дар санъату фарҳанг ва ҳам дар тибу дигар соҳа ҷавондухтарону ҷавонписарони мо саҳми худро гузошта, боиси ифтихори мо гашта истодаанд. Ба ҷавонон гуфтаниям, ки Ватанро дӯст доранд ва ба қадри ҳар қатра обу ҳар зарра хокаш бирасанд. Ба қадри заҳмату меҳнатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасанд. Мо бо ҷавонон мефахрем. Дар касбу корашон бурдборӣ таманно мекунам.
Заррина: - Ба шумо арзи сипос менамоем ва шод аз онем ки бо мо дар сӯҳбат будед. Ташаккури зиёд барои як сӯҳбати озоду орому самимӣ ва аз таҳти дил. Ҳамеша сарбаланду хонаобод бошед, устоди азиз!
Афзалшо Шодиев: - Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳаводорони сомонаи мақбули дилҳо www.ohang.tj тансиҳатӣ, хотири ҷамъ ва рӯзгори серу пурро орзумандам. Шумо ҳам саломат бошед, рӯзноманигори ҷавон!
Заррина: - Саломат бошед!
Суҳбаторо: Зарринаи Fайрат / Муҳаррир: Сомон Муҳаммедов
0 комментариев