ОЗОДА АҲАТОВА: Пеш аз ҳама, модари хушбахтам!
Хабарҳо

ОЗОДА АҲАТОВА: Пеш аз ҳама, модари хушбахтам!


Нигоҳи сода дунёатон,
Гули бикшода дилҳоятон.
Хушу озода рӯйҳоятон,
Чӣ қадар ширин.

ТИФЛОНИ ЗЕБО
БА ДУНЁИ ФИРЕБО
ЧУН ЧАШМАСОРОН
ЧИ СОН ПОКУ ШИКЕБО

>

Озода Ахатова - Тифлони зебо (2017) ¦ Ozoda Ahatova - Tifloni zebo (2017)

- Бо шунидани ин суруд, бо шунидани ин овоз ҳар яки Шумо дарк мекунед, ки модар аст, модари хушбахт ОЗОДА АҲАТОВА
Ин навбат бори дигар бо хоҳишу дархости ҳаводорон барои хонандагони OHANG.TJ бо ин бонуи ҳунар, сарояндаи хушлаҳн сӯҳбат оростем, ки дам манзури Шумо хоҳад гардид!

Заррина: Ассалому алейкум хоҳари азизу меҳрубон Озодахон

ОЗОДА АҲАТОВА: Воалейкум ассалом Зарринаҷон, хуш омадед! Нур бар дида.

Заррина: Ташаккури зиёд. Василаи асоси суроғи хонатон гирифтан аввалиндараҷа дидори дӯстон албатта ва баъдан талабу дархости мухлисони зиёди Шумост, ки маро пеш - пеш ба хонадонатон расонид.

ОЗОДА АҲАТОВА: Миннатдорам аз якояки эшон барои эътибор зоҳир намудан, шахсан ба OHANG.TJ ки маро пайваста дастгирӣ мекунанд. Фақат бурдбариҳо талабгорам.


Заррина: Муташаккирам! Медонед чӣ? Як рӯз дар шабакаҳои интернети будам, ки ба ман яку якбора 4 нафар дар як мавзӯъ паёмак ирсол карданд бо маънои томаш гирем, "ОЗОДА АҲАТОВА ЧАРО ДАР САҲНАИ САНЪАТ НАМЕТОБАД?" Рости гап суоли эшон беҷавоб монд. Чун чизе гуфта натавонистам боз дар ин хусус ба мутасаддии сомонаи Ohang.tj низ бисёр муроҷиат кардаанд.

ОЗОДА АҲАТОВА: Бале хоҳарҷон чунин аст. Ба маврид гуфтед. Оиди ин мавзӯъ нав ба Шумоён муроҷиат кардани будам. Ин гуна паёмакҳо дар саҳифаҳои интернетии ман хеле ва хеле зиёд аст, ки бисёри онҳо низ ба мисли паёмакҳои Шумо беҷавоб мондааст. Рости гап чӣ гуфтанро намедонам. Албатта ҳар кас мувофиқи мафкураи худ мефаҳмад. Дар рӯзи хушбахтиам, яъне ба дунё омадани писарчаам ҳамаи дӯстону наздиконам ва мухлисони азизам таманниёту дуоҳои худро дареғ надоштанд, бори дигар аз онҳо қалбан сипосгузорам. Медонед чӣ? Бархе аз онҳо худи ҳамон лаҳзаҳо гуфта буданд, ки як муддат аз саҳна дур бошаму ба таълиму тарбияи фарзанд машғул бошам ва бисёри онҳо бо саволи болобуда муроҷиат карда буданд, ки кай рӯи саҳна мебароям ва ё бо ҳамин саҳнаро тарк мекунам?!

Заррина: Хуб ба ин гуфтору рафтори эшон тариқи сомонаи мусиқавии Ohang.tj ба хонандагони он, чӣ гуфта метавонед?

ОЗОДА АҲАТОВА: Ман саҳнаро тарк намекунам. Саҳна ба ҳунари ман вобастагӣ дорад. Ҳунарамро бошад ҳеҷ вақт намепартоям. Айни замон модар ҳастам ва ба таълиму тарбияи фарзандам машғул мебошам. Мехоҳам фарзандамро бо меҳру муҳаббати худам ба воя расонам. Баъзан ба ман мегуфтанд, ки фарзандатро ба доя (ниянка) деҳ. Ман фикр мекунам меҳри модарро ҳеҷ кас дода наметонад, ҳеҷ кас модар шуда наметонад. Мегӯянд, ки: 
"Модарро дил месӯзад, дояро доман"

Заррина: Ба воя расидани кудак ин худ як машаққати зиёдро талаб мекунад. Танҳо азоб намекашед?

ОЗОДА АҲАТОВА: Панҷ панҷаи зан, ҳунар бояд бошад. На, азоб намекашам, лек дар таълиму тарбия ҳамроҳ бо шавҳарам ҳастем. Ҳоло бошад бисёртар ба ман бобояш ёрӣ медиҳанд. Мегӯянд, ки: "Набераамро худам калон мекунам"

Заррина: Дар рӯи дунё ҳама чиро мебинем, одамҳои гуногун, хулқу хӯи аҷиб. Қалб аз суол маъзарат мехоҳам, чунин саволро пешниҳод кардам. Шумо пеш аз ҳама худро модар меҳисобед ва ё ҳунарманд?

ОЗОДА АҲАТОВА: Албатта дуруст гуфтед, ҳастанд одамоне, ки муҳаббати касбашон аз ҳама чиз болотар ва боз одамонро дидан мумкин, ки оилаашонро аз ҳама чизи рӯи дунё боло медонанд. Панҷ панҷа баробар нест. Худи ман бошам пеш аз ҳама МОДАРИ ХУШБАХТАМ!!! Шукронаи Худованди бузург, ки оилаи солим, шавҳари меҳрубону фарзанди ширинак дорам. 

(Озода Аҳатова ва шавҳараш Шерзод)

Заррина: (Дар байни сӯҳбат овози ширин, садои кудак ба гӯш расид) Вааҳ ин қадар овози кудаки навзод маҳин аст. 

ОЗОДА АҲАТОВА: (Бо як табассуми самими) Паҳлавон аз хоб хестанд!

Заррина: Аз овозаш маълум, ки дар оянда ба мисли падару модар ҳунарманд ё ки сароянда мешавад.

ОЗОДА АҲАТОВА: Ҳа нагӯед! Худованд насиб гардонад. Ба ин овози марғуладор фикр мекунам, сароянда мешавад. 

Заррина: Маълумотҳое, ки мо дорем Озода Аҳатоваро ҳамчун ҳунарманд ба 3 кино даъват карданд. Баъди гуфтаҳои боло хулосаро худам набароварда ҷавобро интизорам.

ОЗОДА АҲАТОВА: Рост гуфтед, ба 3 кино ҳамчун актриса даъват карданд ва бар зимми ин ба консертҳо ҳам даъватномаҳо омадаасту ман ягонтои онҳоро қабул накардам. То даме ки писарчаам роҳ мерафтагӣ шуданаш каме аз саҳнаи ҳунар дур ҳастам. 

Заррина:То он дам Шумо фаъолияти эҷодиамро қаът кардам, гуфтаниед? Хуб мешуд, мегуфтед, ки кай ба саҳна бармегардед?

ОЗОДА АҲАТОВА: Не, Зарринаҷон ман ин тавр гуфтани нестам (механдад ӯ) Дар хона кор карда истодаам. Ҳамроҳи шавҳарам, ки худ оҳангсоз ҳастанд, оҳанг омода месозем, суруд месароям. Рости гапро гӯям ба ҳамааш вақт ёфта истодаам.

Заррина: Мондаҳо кор гуфта, дар фарҷоми суҳбат ногуфтаҳои нуҳуфтаи худи Шуморо шуниданием.

ОЗОДА АҲАТОВА: Аз мухлисони ҳунарам миннатдорам, ки маро ҳеҷ гоҳ фаромуш намекунанд, сарбаланду хонаобод бошанд. Боз як чизро бояд қайд кард, ки ҳар кас дар зиндагӣ мақому манзамати худро дорад. Касеро ба касе шабеҳият додан "Чаро вай ин хел корро карду ту не? Барои чи вай метавонаду ту не?" кори дуруст нест албатта. Фикр мекунам гуфтаи маро хонандагон дуруст қабул мекунанд. Барои хушҳолии ҳаводорон ман дар хона пайваста кор карда истодаам. Худованд насиб гардонад дар консерти навбати бо мухлисон вомехурем. 

Заррина: Албатта, сухани ҳақро гуфтед. Ҷаҳони сипос барои Шумо!


Суҳбаторо: Зарринаи Fайрат

Рейтинг пользователей: 5.0 ( 1 голоc )

0 комментариев

Оставьте комментарий