Нигина Амонқулова: Дуэти нав ҳоло Сюприз аст!
Мусоҳиба

Нигина Амонқулова: Дуэти нав ҳоло Сюприз аст!

Имрӯзҳо номи Нигина Амонқулова дар байни мардум паҳн гаштаву маҳбубияташ рӯз то рӯз афзунтар гаштааст. Садои фораму дилнишини ӯ ба дилҳо маскан гирифтаву меҳри ӯ дар қалбҳои ташнаи суруд амиқ ҷой гирифтааст. Бори аввал  Нигина Амонқулова дар фестивал-озмуни «Андалеб» иштирок намуд ва  маъруфияти хешро дар байни оммаи мардум соҳиб шудааст. Нигина 30-юми январи соли 1986 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст.

Бобою падари Нигина ба санъат рӯ оварда, бобояш овози форам дошта, бо асбоби мусиқии халқӣ – рубоб суруд мехонданд. Ба ҳамаи он робитае, ки волидонаш, махсусан падараш нисбат ба мусиқи доштанд нигоҳ накарда, Нигина мехост духтур шавад. Барои забти қуллаи муроди хеш ӯ ҳатто ба омузишгоҳи тибби дохил шуд. Вале, баъд аз баромади бомуваффақонаи хеш дар маъракаи шабнишинии хатми мактаб қарори катъи медиҳад, ки бояд самти фаоълияташро ба ҷодаи мусиқӣ равона кунад.

Қадами навбатии Нигина дар ҷодаи санъат ин иштироки ӯ дар фестивали «Андалеб», ки дар ҳайати гурӯҳи ансамбли шаҳри Панҷакент шуда буд, дар онҷо бо ном суруди «Ранҷида нигорам омад» иштирок карда тӯҳфаи асосиро ба даст овард. Бо ин суруди иҷрокардааш на танҳо дар зодгоҳаш, балки дар пойтахт низ хуб пазируфта шуд. Аз ҳамон вақт сар карда, фаъолияташро ҳамчун сароянда оғоз кард.


Дилафруз: Салом  Нигина Амонқулова Шуморо сомонаи ohang.tj ташвиш медиҳад. 
Нигина Амонкулова: Салом ба Шумо ва кормандони сомонаи ohang. tj марҳамат гӯш мекунам.

Дилафруз: Нигинабону чӣ тавре, ки сомонаи мо хабар дорад санаи 02 феврал аз маркази ҷавоҳироти "Тоҷик- Кристалл" ҷоизаи озмуни " Сарояндаи Маҳбубтарини сол" - ро сазовор гардидед. Аввалан аз номи сомонаи ohang. tj ва мухлисонатон муборакбод мегӯем.
Нигина Амонқулова: Ташаккури зиёд аз ин сомона ва мухлисонам,  ки маро дастгирӣ намуданд ва ман соҳиби чунин ҷоиза гардидам.
Дилафруз: Дар вақти супоридани ҷоиза Шуморо чӣ эҳсосоте фаро гирифта буд?
Нигина Амонқулова: Рости гап ман аз ин озмун хабар надоштам берун аз Тоҷикистон будам инро дар паблик чати вайбер дар роҳ монда будаанд ва вақте ки ба Тоҷикистон омадам ба ман занг заданд, ки ғолиб омадед ва метавонед омада ҷоизаро дастрас намоед рости дар ҳайрат афтодам баъдан фаҳмидам, ки дар ин озмун ҳамаи сарояндаҳои диёрамон  иштирок мекарданд. Беҳад шод шудам, вақте ки ҳунару истеъдоди ҳунармандонро қадр мекунанд.
Дилафруз: Нигинабону кору фаъолиятатон  дар ансамбли Дарё дар кадом самт аст?
Нигина Амонқулова: Фаъолиятамро дар ин ансамбл 10 - сол пеш оғоз карда будам  хеле хуб идома дорад.Инҷо мо бештар сурудҳои халқӣ сабт мекунем барои он, ки хоси ансамбли Дарё чунин аст.Сурудҳое, ки берун аз кумитаи телевизион ва радио омода месозам, хеле зиёданд ва тавонистам, ки дар ҳамин сол зиёда аз 20 сурудҳои худро пешкаши мухлисон намоям.

Дилафруз: Дар  интихоби матни суруд кӣ ба Шумо кӯмак мерасонад ? 

Нигина Амонқулова:Касе ба ман маслиҳат намедихад, матни суруд ва оҳангро худам интихоб мекунам. Дар ҷустуҷӯи шеъру оҳанг худам бештар кор мекунам яъне касе ба ман намеорад ё намефурушад. Хулоса интихоб дар дасти худам аст. 

Дилафруз: Чӣ хеле, ки дар боло қайд кардед, чанде пеш аз сафар баргаштед, дар кадом кишвар будед? Ин сафар, сафари ҳунарӣ ва ё....?

Нигина Амонқулова: Не  ин сафари ҳунарӣ набуд. Аз баски писарчаам Аъзамҷон дар таътил буд ҳамроҳаш ба тамошо барои истироҳат рафтем ва намехоҳам гӯям, ки дар кадом  кишвар будам бигзор махфи монад.

Дилафруз: Бисёре аз сарояндагон намехоҳанд, ки дар бораи ҳаёти шахсиашон ҳарф зананд. Андешаи Шумо дар ин хусус?
Нигина Амонқулова: Албатта ҳаёти шахси танҳо ба худи шахс тааллуқ дорад ба фикрам ҳеҷ зарурат надорад,  ки зиндагии кас чӣ гуна мегузарад, ҳама донад  атрофи номаш гапҳои беасос бисёр мешавад. Рости хушам намеояд то чанде ҳастам чизе гуфтан намехоҳам ва барои ҳимоя кардани ҳаёти шахсиам бигзор махфи монад беҳтар аст. 

Дилафруз: Оҳангҳои сурудҳоятон хеле дилфиребу ҷаззоб хастанд. Дар интихоби оҳангҳо ба кӣ ҳамкорӣ доред? Оҳангро мехаред  ва ё....?
Нигина Амонқулова: Бале бо оҳангсозон бо Даврони Раҳматзод, Тобиш Ҳилолӣ бо бародарам Хусравҷон ҳамкорӣ дорам ва худам низ  кам - кам оҳанг низ эҷод мекунам.

Дилафруз: Нигинабону аллакай сомонаи мо хабар пайдо кард, ки Шумо ба нафаре дует сабт кардед. Агар махфӣ набошад мегуфтед, ки он нафар кист?

Нигина Амонқулова: Охо  ин хабарро аз куҷо фаҳмидед?  Чӣ магар ҳамаи хабарҳо аввал ба сомонаи шумо мерасад (механдад ӯ ) .Бале дуэт хондем аммо то ба дасти мухлисон дастрас шудан бигзор  махфи нигоҳ дорем агар сомонаи Шумо низ хабар дошта бошад ҳам донед нагуед. Ин сюрприз барои мухлисон.

Дилафруз: Дар охир  чӣ таманниёт доред ва мухлисонатон чи муждагони мерасонад?

Нигина Амонқулова: Аввалан ташаккур мегуям аз сомонаи ohang.tj ки барои таблиғи суруду килпҳои ман, ки ба зуди дастраси мухлисон мекунед. Воқеан ҳамкорӣ бо шумо хуб аст ва барои ҳаводоронам низ кӯшиш мекунам дар ин соли 2017 беҳтарин суруду килпҳои ҷадидро пешкаш намоям, мехоҳам чизи нав ворид созам ва хулоса, ки сюрпризҳои зиёд дорам ва ба Шумо низ сипос ки бо ман сӯҳбат оростед, хеле шод шудам, обод бошед!

Дилафруз: Нигинабону мо  низ муташаккирем барои чунин як сӯхбати ҷолибу пурмуҳтаво ва барои кору фаъолиятатон барору муваффақиятҳои навин таманно дорем!!! 
 
Суҳбаторо: Дилафрӯзи  Ҳафиз

Рейтинг пользователей: 0.0 ( 0 голосов )

0 комментариев

Оставьте комментарий