Камтар маълумот дар бораи ҳофизи ҷавон Шерафкан Ҷурабеков.
Мусоҳиба

Камтар маълумот дар бораи ҳофизи ҷавон Шерафкан Ҷурабеков.

Имрӯзҳо фазои санъати тоҷикро ситораҳои ҷавону соҳибистеъдод иҳота кардаанд. Аз зумраи чунин чавонон Шерафкан Чӯрабеков аст, ки ӯ имрӯз дар дили пиру ҷавон манзили хешро дарёфтааст.

Шерафкан Чӯрабеков 3- марти соли 1991 дар нохияи  Айнӣ, деҳаи Хайробод  чашм ба олами ҳасти кушодааст. Баъди хатми мактаби миёнаи рақами 12-и ноҳияи Зафаробод хуҷҷатҳои худро ба факултети санъати ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров месупорад, аммо падару модар зидди касби интихобкардаи Шерафкан мебароянд ва  баъди супоридани як имтиҳон боз хуҷҷатҳояшро бо розигии падару модар ба коллеҷи варзишии ш. Бӯстон месупорад.

Шавқу рағбати зиёд ӯро бозам рӯйи саҳнаи ҳунар овард ва имрӯз ӯ бо ихлосу сипос баҳри мухлисонаш сурудҳои наву тозаеро омода месозад.

Ин лааҳзаҳо бо ин ҷавони соҳибистеъдод сӯҳбати кӯтоҳе оростем, ки манзури Шумоёни Азиз мегардонем.

Довуд: Салом бародари Азиз ин соатҳо аз сомонаи Ohang.tj ташвишатон медиҳем.

Шерафкан:  Валейкум бар салом шодам аз он, ки суроғам кардед. Аз ин фурсат истифода бурда, салому дурудамро ба тамоми дӯстдорон ва истифодабарандагони сомона  мерасонам

Довуд: Барои посух гуфтан ба  суолҳоямон омода ҳастед?

Шерафкан: Албатта омода ҳастам ва бо ҷону дил ба саволҳоятон ҷавоб мегӯям.

Довуд:  Аз кай меҳри санъатро дар дилатон ҷой додед?

Шерафкан: Аз кӯдаки меҳри санъат дар дилам вуҷуд дошт, аммо аз он рӯзе, ки дар даврони мактабхони дар маҳфили “Зарифон” иштирок намуда бо овози зинда суруд сароидаму ҷойи аввалро ишғол намудам бозам оташи санъат дар дилам аланга зад.

Довуд: Кадом сурудро сароида будед ҳамон замон ёд доред?

Шерафкан: Чаро не? Номи суруд “Илтиҷо дорам” буд, Суруди Комилҷон Зарипов

Довуд: Хеле хуб. Дар ин ҷода киро устоди  аввалини хеш меҳисобед?

Шерафкан: Устоди аввалинам, ки бароям дарси санъатро омӯзониданд устод Озарахш ҳастанд

Довуд: Суруди аввалине, ки омода кардед чи ном дошт ва соли чанд буд?

Шерафкан: Соли 2014 сурудеро бо номи “Дил хабар надорад” таҳия ва пешкаши шунавандагон карда будам.

Довуд: Бо кадом шоирон хамкори доред?

Шерафкан: Дар сурудҳоям бештар аз шеърҳои устод Озарахш ва Ҷонибек Исомиддинов истифода мебарам ва бо ин ду нафар ҳамкории зич дорам, ҳатто оҳангҳоямро низ бо маслиҳати онҳо омода мекунам.

Довуд: То имрӯз чанд сурудро пешкаши хаводоронатон кардед?

Шерафкан: 15 сурудро ба самъи мухлисон расондам боз дар нақша сурудҳои нав низ дорем албатта дар соли 2018 тақдими мухлисон мекунам

Довуд: Аз ӯҳдаи навохтани асбобҳои мусиқи мебароед?

Шерафкан: Рости не. Аммо ҳоло навохтани гитараро омӯхта истодаам, кӯшиш мекунам, ки то навохтани ҳамаи асбобҳои мусиқиро ба хуби омӯзам

Довуд: Хуб биёед  акнун мазмуни сӯҳбатамонро каме дигаргун месозем?

Ба ишқ бовари доред,аслан мафҳуми ишқро чи гуна мефаҳмед

Шерафкан:  Ман ба ишқ бовари надорам, ба фикрам ишқи ҳақиқи вуҷуд надорад

Довуд: Шумо оиладор ҳастед?

Шерафкан: Шукри Худо соҳиби оилаи хушбахт ҳастам

Довуд:  Хушбахтиро  дар чи мебинед?

Шерафкан:Хушбахтиро ман дар оила мебинам, сихатии падару модарам шодии онҳо хушбахтии ман аст.

Довуд: Беҳтарин. Нақшаҳои Шумо дар соли 2018?

Шерафкан:  Мехоҳам консерти худро дар шаҳру ноҳияҳои  в. Суғд барпо кунам ва сурудҳои нав эҷод кунам.

Довуд:  Ҳамроҳи мухлисон мо ҳам интизори консерти Шумо ҳастем. Дар фарҷоми сӯҳбат мехоҳам таманниётҳоятонро нисбати мухлисон ва истифодабарандагони сомона  гуфта бошед

Шерафкан: Аввалан миннатдории худро ба Шумо ба таъсисдиҳандаи ин сомона мерасонам, ки барои наздик шудан то андозае бо мухлисон мусоидат мекунед. Аз фурсати басо муносиб истифода бурда тамоми Тоҷикистониёнро бо фарорасии Наврӯзи аҷам табрик мегӯям, барояшон хонаи ободу дили шодро таманно дорам.

Довуд: Ташаккури зиёд барои таманниётҳои нек ва ҳам сӯҳбати самимӣ.

Шерафкан:  Ба Шумоён низ сипоси беандоза

Довуд: Саломат бошед!!!

СӮҲБАТОРО:  ДОВУД МИРЗОЕВ

 

Рейтинг пользователей: 0.0 ( 0 голосов )

0 комментариев

Оставьте комментарий