Нишонаи Рустам: Ин суруд ба шавҳарам бахшида шудааст.
Мусоҳиба

Нишонаи Рустам: Ин суруд ба шавҳарам бахшида шудааст.


Нишонаи РУСТАМ аз зумраи он нафаронест, ки касби сарояндагиро ба худ мерос гирифтааст. Ӯ аз дили ошиқи дил фирефта  месарояд ва худ мегӯяд: "Касби сарояндагӣ аз як тараф ба ман меросӣ монда бошад, аз ҷониби дигар он ҳодисаҳое, ки дар зиндагиям мебинам, онро ба оҳанг медарорам. Мегӯянд ки шоиру нависанда ва ҳофиз аз ҳаёти хеш месарояд, ки ба дили мардум ҷо мешавад." Нишонаи Рустам 25-уми майи соли 1993 дар шаҳри Душанбе дар оилаи санъаткор ба дунё омадааст. Аз овони кудаки шавқу ҳавас нисбати сарояндагӣ дошту волидонаш ба касби интихобкардааш розӣ набуданд. Нишона дар ягон ҷой таҳлиси илм, маълумот дар бораи санъат нагирифтааст, лек  аллакай байни мардум шинохта гардид. Ӯ мехоҳад давомдиҳанда ва номбардори падари хеш бошад. Дар кошонаи ӯ барои Шумо, мухлиси азиз, суҳбати озоду самими оростем, то ин ки манзуратон гардонем!



Заррина: Салому дуруди сомонаи OHANG.TJ-ро бипазиред хонум Нишонаи Рустам.

Нишонаи Рустам: Саломи сипос Зарринахон. Мамнун аз он ҳастам, ки ба кошонаи ман ҳузур овардед! 

Заррина: Ташаккури зиёд, барои чунин лутфу меҳмондорӣ. Бо дидор бо Шумо хеле шодем. Биёед, пас аз чунин меҳмондорӣ, давоми суҳбат дар бораи фаъолияти имрӯзи Шумо маълумот ҳувайдо намоем!

Нишонаи Рустам: Медонед чӣ? Рости гап нав 2 сол мешавад, ки дар соҳаи санъат кору фаъолият бурда истодаам. Шумораи сурудҳоям низ на он қадар зиёданд, 3 клип ҳам омода кардам байни ин 2 сол. Ман худ дар оилаи санъаткор ба дунё омадам. Падарам навозандаву модарам раққоса буданд. Падарам мусиқӣ месароиду модарам рақс мекард. Дар оилаи санъаткор ба дунё омаданам нигоҳ накарда, модарам барои сароянда шуданам, ба соҳаи санъат ворид шудан розӣ намешуданд. Баъд аз оила барпо карданам ҳама душвориҳо, рӯзҳои сахти зиндагиро дида ба санъат рӯ овардам ва  аламҳои диламро бо байтҳо мебарорам. Ба фикри ман ин касбам дар баробари ирсӣ мерос гузаштан, бисёртар аз  дарди дил зоҳир гардидааст.  


Заррина: Бале, "Он чие, ки дар дил аст ба забон ояд." мегуянд. Магар Шумо аз касе шикаст хурдед? Чун суруди ҷадидтаринатон дирӯзҳо бо ном "НАМЕБАХШАМ" дар сомонаи мусиқавии OHANG.TJ ҷойгир карда шуд  бо шунидани ин суруд дарк кардан мумкин аст, ки дарди дили хешро акс додаед?

Нишонаи Рустам: Дуруст қайд кардед. Ин суруд дарди дили ман аст, ки бо шунидани қиссаи ҳаётиям Орзу Исоев ба қалам дароварданд ва бо оҳанги як эрондухтар инро сароидам. Аслан ин суруд ба шавҳарам бахшида шудааст.

Суруд: НАМЕБАХШАМ аз Нишонаи РУСТАМ.

Нишонаи Рустам: Шукронаи Аллоҳ ки ҳамааш хуб аст. Ман хеле хушбахтам! Чун шавҳари меҳрубон ва дӯстрӯяконам дар наздам ҳастанд. Ман аввал шавҳар карда будам, ки тағдир набудас ҷудо шудем. Ин мисраҳоро маҳз ба хотири ӯ сароидам, ки бо шуниданаш дарк мекунад, ки чӣ хел, дар куҷо хато намуд. Боварӣ дорам аллакай ӯ гӯш кардааст. 


Заррина: Фаҳмо. Ҳамсафаре, ки дар наздатон ҳаст ягон сухан намегӯянд? Шуморо мефаҳманд?

Нишонаи Рустам: Шукронаи Худованди бузург, ки шавҳарам маро аз ҳама ҷиҳат мефаҳманд, дастгирӣ мекунанд. Ҳатто барои сароянда будам ҳам зид нестанд. Гарчанде аз соҳаи санъат дур бошанд ҳам дар омода кардани суруду клипҳоям дастгириям мекунанд. Ҳам продюсер ва ҳам спонсор гуем ҳам мешавад. (Механдад ӯ)


Заррина: Маълум аст, ки пайваста аз гузаштаи хеш ёд мекунед. Чӣ гуна лаҳзаи ширини бачагию ҷавонӣ дар ҳаётатон  ёддошт мондааст?

Нишонаи Рустам: Шукронаи Аллоҳ мекунам, Худованд ҳам сахтиро медиҳад ва ҳам хушбахтиро. Лекин ман дар айёми кудакӣ хушбахти дидаги нестам. Аз овони кудакӣ аз падару модар маҳрум шудаги ҳастам. Ин ҳама сахтии зиндагӣ аст. Хушбахтии зиндагӣ аввалаш падару модар аст. Зиндагӣ бе онҳо маъни надорад.

Заррина: Дар дунё ҳеҷ чиз абади нест. Биёед мавзуъро дигар кунем. Касе, ки Шуморо бад диду бади хост, ба ӯ чӣ ҷавоб медиҳед?

Нишонаи Рустам: Нафаре, ки ба ман бади кард ва ё хуби ба ҳарду баробар хушбахтиҳои дунёро таманно дорам. Ҳеҷ гоҳ аз касе бади набинанд.

Заррина: Хислати худро чӣ хел баҳо медиҳед? Ба андешаатон ба тоифаи чӣ гуна одамон дохил мешавед? Хуб ва ё... бад?

Нишонаи Рустам: Рости гап феълам камтар тез аст. Медонед чӣ Зарринҷон характери ман  камтар бачасифат аст. (механдад ӯ) Аз хурди ман эрка калон шудаги ҳастам. Чун фарзанди хурдии хона будам нозпарвар!!! Дилкушодам рости гап. Ҳеҷ гап худашро ганда намегуяд лекин. Худованд шоҳид аст, ба касе бади надорам, ба ҳама баробар, духтари дасткушод, дилсоф, асос худро бад намекунам охир... (дучанд механдад)

Заррина: Дар фарҷоми сӯҳбат ногуфтаҳои Шумо барои мухлисони ҳунаратон!

Нишонаи Рустам: Ҷаҳони сипос! Ман барои мухлисонам ҳамеша қалби чун баҳор зебову шукуфонро мехоҳам, орзуҳои некашон Илоҳо ҷомаи амал пушанд. Ҳамаи кӯшишҳои ман барои болидахотир кардани табъи онҳост. Дар зиндагӣ ҳамеша муваффақ бошанд!

Заррина: Муташаккирам барои чунин меҳмондориву суҳбати озоду самимӣ. Хонаобод бошед!!!

Суҳбаторо: Зарринаи Fайрат

Рейтинг пользователей: 4.0 ( 1 голоc )

0 комментариев

Оставьте комментарий