Искандар Файзиддинов бо вуҷуди хеле ҷавон буданаш, аллакай дар байни мардумиҳунардӯст мавқеи хоси худро дошта, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст. Вай 2 сол аст, ки вориди ҷодаи санъат гардида бо таронаҳои дилангезу ошиқонаи худ дар байни хурду калон маҳбубият пайдо кардааст. Дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон ва берун аз он суруди ӯро дӯст медоранду замзама мекунанд. Ҷаҳони ботинии Искандар бо ҳунар сахт марбут буда, шеъру тарона ҳанӯз аз айёми тифлиаш қалбашро ғановату нерӯи тоза бахшидааст.
Заррина: Нахуст, дуруди хеш ва кулли хонандагони сомонаи www.ohang.tj ро ба унвони Шумо, бародари гиромӣ мерасонам. Мамнун аз онам, ки пешниҳоди бо мо ҳамсуҳбат шуданро пазируфтед.
Искандар Файзиддинов: Ташаккури зиёд! Банда низ хушнуд ҳастам, ки сомонаи ohang.tj суроғи мо карданд.
Заррина: Чӣ тавре ки шоҳид гашта истодаем, алъон ба наворгирии клипи нави худ қарор доред. Оё метавонед ба мо бигӯед, ки он клип таҳти кадом суруд омода шуда истодааст?
Искандар Файзиддинов: Бале, дар ҳақиқат, бо сабти клип машғул ҳастам. Ин ҳама кӯшишу ғайрати мо, албатта барои мухлисони дилошнову азиз мебошад. Ман тасмим гирифтам, ки то омода шудани он, пинҳон нигоҳ дорам. Мехоҳам, ки барои мухлисонам сюрприз бошад.
Заррина: Лутфан, бигӯед, ки чаро маҳз ҷодаи санъатро интихоб кардед, охир дар асл, аз рӯи ихтисосатон, бояд корманди бонк мешудед? Шояд пеш аз ман ин суолро бароятон ҳазорон нафар дода бошанд, ба ҳар ҳол боварӣ дорам, ки посух медиҳед...
Искандар Файзиддинов: Бале, дар ҳақиқат зиёд додаанд. (Механдад). Рости гап, аз хурдӣ шавқу ҳавасам нисбати санъат хеле зиёд буд. Падарам, ки худ санъаткор ҳастанд, боре ҳам нашудааст, ки маро маҷбур карда бошанд. Баръакс, он кас таъкид мекарданд, ки: “Писарам, ҳар касберо, ки бароят писанд аст, интихоб намо. Он роҳе, ки бароят маъқул аст, давом деҳ”. Ҳангоми донишҷӯ буданам, дар давоми 1 сол дар “Бонки Аврупои Тачдид ва Рушд” – и шаҳри Душанбе фаъолият бурдаам. Аммо дар бобати санъат... Метавонам бигӯям, ки он ирсӣ аст. Яъне, аз рӯзе, ки ман чашм ба олами ҳастӣ кушодам, дар фазое худро дидам, ки ҳамеша савту навои мусиқӣ танинандоз аст ва, бешак, ин боис шуд, ки дар дили ман меҳри санъат аланга гирад.
Заррина: Ба ҳамагон маълум аст ва бори дигар тасдиқ кардед, ки сарояндагӣ ба Шумо ирсӣ аст. Ба андешаи Шумо, оё хислатҳои ирсиро метавон тағйир дод?
Искандар Файзиддинов: Ба фикри ман намешавад. Чунки аз хурдӣ бештар ба фаъолияти бонкӣ, корҳои тадқиқотӣ шавқи зиёд доштам. Аммо вақте ки донишгоҳро хатм кардам ва аз рӯи ихтисос кор кардам, бароям маълум шуд, ки меҳри санъат болотар аст. Хоҳ нохоҳ он чиз дар сиришти мо ҳаст ва ҳар яки мо ба асли хеш бармегардем. Ин фикри шахсии ман аст. Шояд хато кунам...
Заррина: Рӯзи шоуконсерт ҳамроҳи падари бузургворатон Исроил Файзиддинов Шумо ба унвони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардидед. Чӣ таассурот бардоштед?
Искандар Файзиддинов: Чӣ хеле, ки ба Шумо маълум аст, санаи 1уми марти соли ҷорӣ консерти мо баргузор гардида буд ва дар ҳамон ҷо аз тарафи Сардори раёсати фарҳанги вилояти Суғд Ориф Набиев унвони “Аълочии фарҳанг” супорида шуд. Рости гап, ин бароям ғайриинтизор буд, ҳатто дар гӯшаи хаёлам ҳам набуд. Шукрона мекунам.
Заррина: Ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, дар тӯли ду соли фаъолиятатон Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидед, ки ин аз бурди худи Шумо шаҳодат медиҳад. Ба ин дастовард чӣ хел ноил гардидед? Киро сабабгори асосӣ мешуморед?
Искандар Файзиддинов: Ташаккури зиёд, фикр мекунам, ки албатта дар ҳама ҷову ҳама чиз, хусусан, дар касби интихобкарда аз рӯи виҷдон кор кунӣ, як мақсад гузорӣ ва ба сӯи мақсади хеш қадам монӣ, ҳатман муваффақ мешавӣ. Пеш аз ҳама, барои ба ҳамаи ин дастовардҳо ноил шуданам, заҳмати устодонам хеле зиёд аст. Онҳо бароям дар ҷодаи санъат роҳ нишон медиҳанд, меомӯзонанд ва ин сабаб шуд, ки Худоро шукр ба ин дараҷа расидам.
Заррина: Мегӯянд, ки "Бе мураббӣ зери гардун мӯътабар натвон шудан". Кӣ ба Шумо ҳаққи устодӣ дорад?
Искандар Файзиддинов: Медонед, ман дар ҷодаи санъат аз аввал то ба охир падарамро роҳнамою устоди худ мешуморам. Маҳз бо тарбияи он кас ба камол расидам. Он кас на танҳо дар ҷодаи санъат, балки дар тамоми ҷабҳаҳо устоди беҳтарини ман ҳастанд. Инчунин, ба тамоми устодон пайравӣ мекунам, суруди тамоми устодонро гӯш ҳам мекунам. То қадри имкон аз тамоми устодон меомӯзам, аммо аз ҳама бисёр нақши падарам дар ҳаққи устодӣ бузург аст.
Заррина: Дар интихоби матну оҳанги суруд кӣ кумак мерасонад?
Искандар Файзиддинов: Бисёре аз сурудҳоям суруду оҳангҳои дар овони ҷавонӣ сароидаи падарам мебошанд. Бе кӯмаку интихоби он кас сурудеро намесароям. Интихоби матну оҳанг хеле душвор аст ва ҳама вақт ҳамроҳи падарам якҷо интихоб мекунем, якҷо кор мекунем. Ягон душворӣ шуд, албатта ҳамроҳи падар ҳал мекунем.
Заррина: Ҳамон сурудҳое, ки замзама мекунед, ба ҳаёти Шумо ягон рабте дорад?
Искандар Файзиддинов: Ҳамаи суруду таронаҳое, ки ман замзама кардаам, ба ҳаёти тамоми мардум робита дорад, чун шоир шеърашро барои ҳамагон мегӯяд... Ман инро танҳо месарояму дастраси халқ мекунам.
Заррина: Ба иттиллои мо, Пешвои миллат Шуморо ба шаҳри Душанбе даъват кардаанд, оё ин дуруст аст?
Искандар Файзиддинов: Бале, Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон дар Наврӯзи имсола маро ба шаҳри Душанбе даъват карданд.
Заррина: Чӣ хел нақшаҳо думболагири Искандар Файзиддинов мебошад?
Искандар Файзиддинов: Нақшаҳо хеле зиёд аст. Аз паси якояки онҳо ҳастам. Дар нақша дорам, ки вақте ба Душанбе рафтам, дар он ҷо консерт барпо намоям, инчунин, боз тасмим гирифтем, ки ба Федератсияи Россия сафар карда, консерти худро пешкаши мухлисону ҳамватанони азизи дур аз кишвар пешкаш намоем.
Заррина: Таманниёти Шуморо донистан мехостем.
Искандар Файзиддинов: Пеш аз ҳама боз ҳам осмони софи Тоҷикистон, муттаҳид будан ва якдилу якмаром будани тамоми мардум ва ба ин давлату миллат хизмат кардан аст, таманниёти мо. Аз ин фурсати муносиб истифода бурда, ба сомонаи Ohang.tj ва тамоми хонандагону пайравони он бурдборию комёбиҳои беназирро хоҳонам. Яке аз сомонаҳои дустдоштатарини ман мебошад ва пайваста бо ин сомона ҳамкорӣ мекунам. Миннатдории худро ба Абдуҳаким Абдуфаттоев ташкилкунандаи сомонаи мазкур мерасонам. Мамнунам, ки ҳамеша дастгири мо санъаткорон ҳастанд, Илоҳо ҳамеша саломату сарбаланд бимонанд.
Заррина: Ташаккур, барои сӯҳбати самимӣ. Комёбу муваффақ бошед!
(с) Зарринаи Fайрат
0 комментариев