Номи Шаҳзоди Даврон байни ҳаводорону дӯстдорони ҳунари асил мавқеи хос пайдо кардаву дар дилҳояшон маскан гирифтаасту ошиқона месарояд. Бо садои дилпазиру рӯҳнавозаш қалбҳои реши ошиқони аз ишқ озордидаро таскин мебахшад ва касро аз навмедиҳо раҳо месозад. Сеҳри суруди ӯ бо навозиш ва як савти махсус ба қалби хаста ворид гардида, зиндагиро дар назар гуворою рангин месозад. Зеро садояш ҷозиба дорад. Дар лаҳзаҳои озурдагиҳо кас мехоҳад суруди рӯҳнавозеро гӯш карда қалбашро таскин диҳад. Кормандони сомонаи ohang.tj тасмим гирифтем то ки дар бораи кору фаъолияти Шаҳзоди Даврон мухлисонаш аз наздик маълумот гирифта бошанд. Бо Шаҳзоди Даврон дар яке аз рӯзҳои баҳори пеш аз консерташ ҳамсӯҳбат шудем, то ин ки манзури ҳаводорон хоҳем гардонд.
Заррина: Саломи саршори сомонаи мусиқавии ohang.tj ва мухлисонро бипазиред Шаҳзод.
Шаҳзод: Саломат бошед! Ҳеҷ гоҳ хастагиро ҳис накунед. Мо ҳамаи мухлисонро дӯст медорем.
Заррина: Тариқи сомонаҳо ва рекламаю овезаҳое ки дар ҳар як гӯшаву канори шаҳр аст огоҳи пайдо кардем, ки Шумо бахшида ба рӯзи Наврӯзи байналмиллали консерт барпо карда истодаед.
Шаҳзод: Бале бахшида ба Наврӯзи ҷаҳонафрӯз бо ҳамкорон тасмим гирифтем, ки консертро дар филармонияи давлати таҳти унвони " Гулрези ҷавонӣ" барпо намоем, ки як барномаи хубии консерти бо сурудҳои тоза эҷод қариб ки ҳамаи сурудҳои нав пешкаш карда мешавад аз ин фурмати муносиб истифода бурда мухлисон, дӯстдорони таронаҳои худро ба консерам даъват мекунам, ташриф намоянд Иншоаллоҳ ки пушаймон нахоҳанд шуд чунки бисёри таронаҳо тоза эҷоданд. Агар ки Шумо низ фурсат ёфтед ба ин толори консерти биёед мутаассиф нахоҳед хурд.
Заррина: Ташаккур, кушиш менамоям. Сабаб дар чӣ бошад, ки консерт "Гулрези ҷавонӣ" унвон гирифт?
Шаҳзод: Имсолро бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои Миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон "Соли ҷавонон" эълон гардид. Тасмим гирифтем, ки ҳамроҳи баъзе дӯстон ва устодон консертро "Гулрези ҷавонӣ" номгузори намоем. Худо кунад, ки имсол соли ҷавонон як соли пурфайзу баракат бошад. Ба ҳамаи ҷавонон бкрдбориву комёби орзумандам.
Заррина: Дар консерт меҳмонон ҳузур дошта бошанд ва ё на?
Шаҳзод: Мехоҳам, ки то рӯзи консерт бигзор махфӣ монад. Вақте ки номи сарояндаро мегирам ин на он қадар хуб мешавад. Албатта сарояндаҳои машҳур иштирок мекунанд бо сурудҳои дилписанд. Агар онҳоро номгӯи кунам шояд омада натавонанд ва аз ин мухлисон руҳафтода мешаванд. Албатта ин консерти худи банда аст 20 номгуи сурудро худам месароям ва ҳамроҳӣ Зиёвиддин як дует мешавад ва боз ҳамроҳӣ як шахси дигар. Ин махфӣ хоҳад монд.
Заррина: Шаҳзод бо кадом ҳунармандон робитаи дӯсти доред?
Шаҳзод: Ҳама, ҳама ҳунармандонро ҳурмат мекунам, дӯсташон медорам зеро онҳо ҳамкасби ман ҳастанд. Бародароне ки бисёртар рафту омад дорам, дӯсти наздик ҳастам Зиёвиддини Нурзод, Садриддин Наҷмиддин, Баҳром Ғафурӣ, Баҳодурӣ Ғафурӣ ва боз чандин нафароне ҳастанд, ки бо эшон робитаи дӯсти дорам.
Заррина: Албатта ки дар майнаи ҳар як мухлиси асил савол пайдо мешавад, ки сарояндаи писанди дилаш чӣ хел вориди санъат гаштааст ва ба рӯи саҳна бори нахуст кай баромадааст? Бовари дорам, ки мухлисони Шаҳзоди Даврон низ дар чунин ақидаанд? Посухи Шумо ба ин суолу ақидаҳо?
Шаҳзод: Бале ягон чиз худ аз худ ба даст намеояд инчунин оҳангу таронаҳои ман низ. Ман аз хурди шавқу завқи зиёд нисбати сарояндагӣ доштам ва пайваста дар чорабиниҳои мактаби иштирок мекардам. Шояд ирсӣ бошад чунки яке аз хешу таборам санъаткор буданду бо дутор суруд месароиданд. Бори нахуст ба саҳнаи санъат соли 2008 қадам ниҳодам аммо ҳоло ҳам худро муваффақ ҳисоб намекунам.
Заррина: Зиёда аз 10 сол аст, ки дар ҷодаи санъат ҳамчун сароянда кору фаъолият дореду худро муваффақ ҳис намекунед? Сабаб дар чӣ бошад?
Шаҳзод: Сабаб... Барои муваффақ будан чӣ қадар зиёд меҳнат кард, чӣ қадаре заҳмат кашид, кушиш кард, чӣ қадари зиёд эҷод кард. Санъат худ як баҳри беканор аст, ки мо худ дар ин як қатра ҳам наомухтаем. Барои муваффақ шудан бояд аз паси эҷод кардан бошему аз паси ҷустуҷӯ ва бояд кушиши зиёд намоем. Боз такроран қайд мекунам, ки ҳоло ҳам муваффақ ҳисоб намекунам ва кушиш ба харҷ мебарам, ки муваффақ бошам.
Заррина: Ба дараҷаи шоиру сароянда ва дигар ягон чизи илҳомбахш расидан албатта, ки чизе ё касе сабабгор мешавад. Ба Шумо чӣ? Манбаи илҳоми Шумо кист ва ё чист?
Шаҳзод: Вақте ки танҳо мемонам зиёдтар илҳом меояд тарона эҷод мекунам ё ки вақте мухлисонамро мебинам. Рости ки мо санъаткорон ҳамеша дар ҷустуҷу навгонию нав эҷодӣ мебошем то дили мухлисонро шод гардонем ва кушиш мекунам, ки суруди нав эҷод карда бошам барои мухлисони азизи худ.
Заррина: Фақат барои мухлисон? Умуман сурудҳои хешро ба ки мебахшед?
Шаҳзод: Бале ба ҳама мухлисон. Мухлисоне ки пайрави мекунанд, рости ки дусташон медорам ва ман низ ҳамеша кушиш мекунам, ки баҳри онҳо ҳамеша сурудҳои нав ба нав пешкаш намоям.
Заррина: Ба андешаи ман кадом тире ишқи ҷигару дили Шуморо задааст, ки таронаҳои ошиқонаро бо як самимияти хоса месароед, ки ҳар дам ошиқ мешуда бошед? Шумо ошиқ будед ва ё нав ҳар дам мешавед?
Шаҳзод: Рости ки ҳар гуна сабаб мешавад. Як ишқи кудакию ҷавони гуем ҳам хато намекунем. Дар давраҳои ҷавоне ба шахсе ошиқ шуда будам, ки он нафарро ба хешу таборашон ба шавҳар доданд, ки шояд меҳру муҳаббати ҳамон дар дилам монда бошад.
Заррина: Оилаи Шумо яъне ҳамсаратон хабар доранд, ки Шумо аввал ба каси дигар ошиқ будед?
Шаҳзод: Не ман дар ин бора ба касе ҳарф назадаам ва шукрона мекунам, ки соҳиби оила ҳастам падари ду фарзанди дустрӯяк, писар ва бача.
Заррина: Сари такмили як оҳангу суруд чанд шабонарӯз бедорхобӣ мекашед?
Шаҳзод: Оҳанге ҳаст, ки як сол метавонад меҳнат кунед ва оҳанге ҳаст, ки худ аз худ дар як моҳ тавлид мешавад. Чӣ хеле ба ҳамаи мову Шумо маълум аст дар ҳамин давру замон ҳеҷ ягон таронае бе маблағ ба рӯи кор намеояд. Лаҳзаҳое мешавад, ки маблағи дар тӯйю маракаҳо ба даст овардаро таронаҳои нав пешкаши мухлисон карда бошем ва чун оҳангу таронаро аз таҳти дил зам-зама мекунам чун маблағашро ба даст овардам ман метавонам аввал сабт кунам, аранҷ кунам ва баъдтар видео клип шавад пешкаши мухлисон кунам.
Заррина: Аз гуфтаҳоятон бар меояд, ки Шумо сарпараст надоред ё хато мекунам?
Шаҳзод: Рости гап сарпараст надорам ва то имруз ман худ рӯи саҳна омадам. Аз ин бора аз волидони худ миннатдор ҳастам то имруз вале бо кушишу ғайрати худ шукронаю даргоҳи Худованд мекунам, ки то имрӯз рӯи саҳна ҳастам ва мухлисони худро дорам эшонро дуст медорам ва ҳамеша кушиш мекунам, ки таронаҳои нав ба нав эҷод намоям.
Заррина: Таманниёти Шумо ба мухлисони ҳунаратон ва сомонаи мусиқавии ohang.tj албатта.
Шаҳзод: Дар "Соли ҷавонон" ба тамоми ҷавонон, ки дар кадом соҳае ҳастанд муваффақ бошанд, дар корҳояшон бурдбориҳо хоҳонам ба тамоми мухлисон хушиҳои зиндагиро таманно дорам бигзор дар ин осмони соф дар сулҳу ободи зиндагони намоянд. Баъдан ҳамаи мухлисони азизамро ба консертам, ки санаи 23-март барпо мегардад даъват менамоям.
Ба сомонаи ohang.tj ба бародарамон Абдуҳакимҷон муваффақиятҳои беназир таманно дорам бигзор ба дастовардҳои беҳамто ноил гарданд ва ин сомона яке аз сомонаҳои беҳтарин аз беҳтаринҳои тоҷику Тоҷикистониён гардад.
Заррина: Обод бошед! Дар консерт муваффақияту пирӯзӣ ва дар корҳоятон барору комёбӣ ва пешравиҳо хоҳонем.
(c) Зарринаи Fайрат
0 комментариев