Дар олами санъат имрӯзҳо сарояндаҳои хеле зиёд қадамҳои худро гузошта бисёри онҳо дар жанри эстрада машҳуру маҳбуби муштариёни савту суруд гаштаанд. Рустам Азимӣ яке аз ин намуд сарояндаҳое мебошанд, ки байни хаводорони хеш зуд маҳбубият пайдо намуда, сайю кӯшиш дорад, баҳри эшон ҳар рӯз навгоние пайдо намояд. Бо шунидани, ташкил кардани барномаи консерти шитофтем, то ин ки барои Шумо ҳаводори азиз маълумоти кофӣ пайдо намоем...
OHANG.TJ: Дуруд, ба унвони Шумо бародари азиз! Боиси бори дигар суроғи Шумо кардани ohang.tj хостем маълумот дар бораи фаъолияти кории имрӯзатон пайдо намоем.
Рустам Азимӣ: Салом, кормандон, ҳаводорони ohang.tj ва мухлисони азиз! Ташаккур, нур бар дида. Марҳамат намоед!
OHANG.TJ: Бо шунидани овозаи консерт барпо намудани Шумо бори дуюм дар ноҳияи Ашт ба суроғатон расидем. Дар ин хусус, рости хабари кофӣ чамьовари намудам. Лек тасмим гирифтем, аз забони худи Шумо баҳри ҳаводорон маьлумот пайдо намоем. Лутфан мегуфтед, ки василаи байни якчанд моҳ дар як ноҳия бори дуюм барномаи консерти ташкмл кардан дар чист? Чаро маҳз ноҳияи Ашт?
Рустам Азимӣ: Аз ин лутфу ташрифи Шумо хеле хурсанд гаштам. Бале, дар як сол бори дуюм аст, ки консерти навбатии хешро баргузор карда истодаем. Маҳз дар ноҳияи Ашт. Сабаби барпо намудан бошад албатта, ки бо дархости мухлисони сершумор аст. Чун дар пахши мустақим дар радиои ин ноҳия ширкат варзидам дархосту пешниҳод хеле зиёд шуд, ки бори дигар консерт ташкил намоям. Мана насиб бошад рузашро аллакай маълум кардем сана 31-уми август пеш аз оғози фасли тирамоҳ дар театри Маҳмудчон Воҳидов дар худи нохияи Ашт баргузор мегардад. Ба мухлисони азиз гуфтаниям, ки интизори консерт бошанд!!!
OHANG.TJ: Бале, рузхои бошумор мондааст. Интизор ҳастанд! Чӣ хеле, ки қайд кардед, "бо дархости мухлисони сершумор мебошад" аммо ин ҳама харачоти консертро ки ба ӯҳдаи худ гирифт, ки дар байни як моҳ ин консерт ташкил шуд. Дар ташкилёбии консерт сарпараст доред?
Рустам Азимӣ: Ин ҳамаро мардуми Аштсарзамин ба ӯҳдаи худ гирифтаанд. Ҳамаашро эшон ташкил карда истодаанд.
OHANG.TJ: Хеле хуб.! Дар баробари ин барнома, санаи 1-уми сентябр низ Шумо консерти хайриявӣ дар худи нохияи Ашт доред!.
Рустам Азимӣ: Албатта. Рости консерти ташкилкардаи худам дар нақша надоштам, ҷавоби раьдро дода будам. Ба ман аз тарафи радио Диёр занг зада гуфтанд, ки рӯзи 1-уми сентябр консерти хотиравӣ бахшида ба хотири шодравон бародарамон Ганчрез баргузор мегардад. Маблағи дар ин барнома ҷамъомада ба хонаи бепарасторон дода мешавад. Ман розии худро додам. Ҳам хурсандии мухлисон ва асос маблағи зиёд ҷамъ шавад то ин ки ман низ барои кӯмаки бепарасторон ҳиссаи худро гузошта бошам. Ин ройгон аст. Барои мухлисон аз ҷониби ман тӯҳфа!
OHANG.TJ: Дар баробари ин дар шаҳри Исфара низ чунин консерт ташкил намуда истодаед. Дар ин хусус низ маълумот медодед.!
Рустам Азимӣ: Медонед чӣ? Имсол дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чунин консертҳоро монда будему мутаассифона дар шаҳри Исфара вақт имкон надод ва хеле хаста шуда будем, барпо нагардида буд. Нияти нек карда будам, ки мемонам! Насиб будас дар шаҳри Исфара низ рӯзи 8-уми сентябр дар варзишгоҳи Чилгази баргузор мегардад. Мавриди қайд аст, ки дар он ҷо низ сарпараст радио ва телевизени шаҳри Исфара мебошад. Эшон низ ҳамаашро ба ӯҳда гирифта, ташкил карда истодаанд. Насиб бошад консерти бехтарин мешавад!
OHANG.TJ: Биёед ба мухлисоне, ки бесаброна интизори консерт ҳастанд, пешгӯи намоем! Фарқи консерти гузашта аз оянда дар чист? Дар умум чӣ гуна сюрприз ҳаводоронро интизор?
Рустам Азимӣ: Рости баъди барномаи консерти кохи Рудакӣ 3 суруди ҷадид омода шудааст, ки то ҳол дастраси мухлисон нагардидааст. Албатта аввалин шуда дар сомонаи Шумоён дастраси мухлисон мегардад. Рости гап номгузории аниқ накардем, яке бо номи "АШКИ ЧУДОИ" дигари "ДУСТАТ ДОРАМ" ва сеюмин "РОЗИ ДИЛ" номгузори карда истодаем, боз як таронаи дигар бахшида ба соли ҷавонон бо ном "ҶАВОНӢ" ки дируз дар сомонаи ohang.tj аввалин шуда пахш гардид пешниход кардам. Умуман 4 суруди навтарин баҳри мухлисон дар ҳарду барномаи консерти, ҳам дар ноҳияи Ашт ва дам дар шаҳри Исфара пешкаш менамоям.
OHANG.TJ: Гувоҳи онем, ки дар ин шабу рӯз, ягон рӯзи холигӣ надоред. Айни замон ба чӣ кор машғул ҳастед? Дар фаъолияти эҷодиатон боз чӣ навгониҳо мухлисонро интизор аст?
Рустам Азимӣ: Навгониҳо дар фаьолиятам хеле зиёд аст. Шукрона бояд гуфт, ки соли 2017 аз ҳарсола ба ман хеле бобарор омад. Ман хамчун мухлиси ашаддии кино ҳаст. Дар баробари ин манро ба кино даъват карданд. Ҳамчун ҳунарманд дар кино рол бозӣ кардам. Бояд гуфт, ки суруди ҷадидтарини манро "АШКИ ҶУДОИ" каъбул карданд. Дар кино суруди асоси садо хохад дод. Навгонии дигар бошад, баъди ҳамин консерти кохи Рудакӣ фикр мекунам шабу руз дар хизмати халқи азиз ҳастам. Аз Панҷакенту Душанбе хулас қариб тамоми Ҷумҳури сафари кори дорам. Бо дидани дидори мухлисон майлу рағбатам афсун гардида идеаҳои нав суруду клипҳои навро омода кардам. Дар нақша дорем, ки 3-4 клипи нав ва то соли нав 5-6 сурудхои навтаринро пешкаши ҳаводорон намоем.
OHANG.TJ: Дар фарҷоми сӯҳбат чӣ гуфтаҳо доред?
Рустам Азимӣ: Аввалан сипосномаи ман ба OHANG.TJ ба директори сомона Абдуҳаким Абдуфаттоев аст, ки пайваста маро дастгирӣ мекунанд. Дар ҳамаи шабакаҳои интернети. Саломату сарбаланд бошанд. Боз дар бозиҳову рубрикаҳо номи маро мегиред, як чие ки месозед мардум қабул мекунанд, Ба худи Шумо низ ташаккур барои қадр карданатон. Ба мухлисон гуфтаниям, ки ҳамеша бо мо бошанд ва дар интизори сюрпризҳо шаванд, ҳатман дар консерти барпо карда истода хоҳанд дид. Ҳамаи азизонро ба консерт даъват менамоям.
OHANG.TJ: Ташаккури зиёд барои чунин сӯҳбати озоду самимӣ. Дар кору фаъолияти ҳама рўзаатон бурдбориҳо хоҳонем.Сарбаланду хонаобод бошед!
0 комментариев