Парвина Озодӣ: Одами санъаткор бе мухлиси худ дар саҳна ҳеҷ аст.
Мусоҳиба

Парвина Озодӣ: Одами санъаткор бе мухлиси худ дар саҳна ҳеҷ аст.

 


Парвинаи ОЗОДИ  5 июни соли 1986 дар Хуҷандӣ бостони ба дунё омада таҳсилоти миёнаро дар муассисаи №19 шаҳри Хуҷанд гирифтааст. Баъдан Парвина ҳамроҳи оилааш ба шаҳри Хоруғ рафта  истиқомат мекунанд бо гузашти соле ба Федератсия Россия рафта то ҳол дар ҳамон ҷо ҳамроҳи оила зиндагӣ карда истодааст. Парвина аз Ватани озоду обод доштан ва аз тоҷик буданаш мефахрад. Гарчанде аз Ватан дур ҳамеша бо ёди Тоҷикистон аст. Ӯ хушбахтиро аз чашмони духтарчаи дуструякаш  Аиша, суруду мусиқӣ ва хушбахтии оилааш мебинад. Бо дархости бархе аз мухлисон қарор додем, ки аз  кору фаъолияти эшон ошкоро мусоҳибае дошта бошем. 


Заррина: Салом бону Парвина, нахуст мехостем бо Шумо вақти пурқиммати худро дареғ надошта бо мулоқот ҳастед, арзи сипос намоям.

Парвина Озодӣ: Салом Заррина ташаккури зиёд, ки суроғам расидед.

Заррина: Дар мулоқоти нахустин ҳаминро дарёфтан мехостам, ки  нав ба саҳнаи санъат қадам гузоштед, пеш аз ин дар кадом самт кору фаъолият доштед? Умуман касби асосиатон ба санъат вобастагӣ дорад ва ё...?

Парвина Озодӣ: Касбе ки интихоб намудам ба санъат аз ягон ҷиҳат  робитае надорад. Аз сарояндагӣ ягон хел маълумотнома надорам аммо сароидани суруд дар ҳастиям ҷо гирифтааст.
Медонед чӣ? Ҳар як нафасро бидуни суруду мусиқӣ тасаввур кардан ғайри имкон аст,  бе инҳо ҳаёт  маъние надорад ба фикрам. 

Заррина: Шавқу завқи сарояндаги кай дар қалби бону Парвина пайдо гардид? 

Парвина Озодӣ: Ман аз хурди меҳри сарояндагиро дар қалбам мепарваридам ва  куҷое мерафтему истиқомат мекардем  дар  ҳама ҷорабиниҳои ҳамон маҳал иштирок мекардам ва бисёр маҳфилу квн ширкат меварзидам шояд ҳаминҳо сабаб шуданду меҳр дар дилам пайдо гашта имрӯз вориди саҳна гардида бошам ва бояд ҳаминро қайд намоям, ки бисёри дустонам ба санъат сару кор доранд бархе аз онҳо сароянда низ ҳастанд. Шабе аз хоб бедор шуда ба фикр фурӯ рафтам ва ин ҳама ишқу муҳаббат нисбати санъат доштаамро хостам ба халқ нишон диҳам ва ба ҳамин ҳамааш сар шуд, ки бори нахуст вориди саҳна гаштам.

Парвина Озодӣ - Ошиқона (2017)

Заррина: Меҳре ки дар овони ҷавонӣ доштед чаро нав эҳё гардид?

Паврина Озодӣ: Бигзор ин махфӣ монад ягон рӯз хоҳам гуфт.

Заррина: Ҳаёти оилавиатонро низ махфӣ медоред?

Парвина Озодӣ: Бале дар бораи ҳаёти шахсиям чизе гуфта наметавонам. Ягона чизе ман мехоҳам гуям ҳаёт ва хушбахтии ман ин духтарчаам Аиша мебошад.

Заррина: Айни замон аз паси кадом нақшаҳои эҷодӣ ҳастед?

Парвина Озодӣ: Мехоҳам дар зодгоҳам Хуҷанди бостонӣ консерт барпо карданиям. Ҳоло бошад бо албоми ҷадиди худ сару кор дорам, ки бо сурудҳои нав ба нави хеш дили мухлисонамро шоду руҳашонро болида гардонданиям.

Парвина Озодӣ - Гули хуршед (2016)

Заррина: Оё Парвина хоҳиши ба Ватан баргаштанро дорад ё на?

Парвина Озодӣ: Тамоми аҳли оилаам дар наздам ҳастанд аммо аҳлу пайвандонам дар Хуҷанду Помир мебошанд. Албатта орзуи ба Ватан баргаштанро дорам, лек ин танҳо фикри ман аст. Ёди Ватан сабаб мешавад, ки  ман зуд-зуд ба Тоҷикистон равам. Дустону ҳамкоронам дар Ватан маро пазмон мешаванд. Ҳаёт ин як бозии зиндагист, ки  моро ҳар лаҳза 180° тоб медиҳад.

Заррина: Таърих бисёр бонуҳои қаҳрамонро дар ёд дорад. Кадоме аз онҳо идеали хеш мешуморед.

Парвина Озодӣ: Албатта Хурмо Ширинова мебошанд, ки ҳар боре ба ин бонуи ҳунар назар мекардам орзу мекардам, ки мисли ҳамин кас дар соҳаи санъати тоҷик дурахшон бошам ва ин бонуро идеали худ ҳисоб мекунам. Аз овони кудаки бо Хурмо Ширинова шинос будам гарчанде хурд будам аммо инро дар ёд дорам.

Заррина: Дар сабти суруд ва ба набор гирифтани клип кӣ дастгиритон мекунад?

Парвина Озодӣ: Муборакшо Долалиев, шоир аз Эрон Reza Rad Александр Язев, Аслишо Акимбеков дӯстон ва наздиконам ҳастанд, ки ҳамеша дастгирӣ мекунанд аз онҳо миннатдорам.

Заррина: Аз хонум Парвина мухлисон чӣ муждагони интизор бошанд?

Парвина Озодӣ: Ду суруди нави ман рӯзҳои наздик сабт хоҳад шуд.
Номи суруд махфӣ баъди сабт пешкашатон мегардонам. Ҳаминро  қайд бояд кунам, ки яке аз суруди омода кардаам бо дархости ҳаводорон бо забони русӣ омода гардида истодааст.

Парвина Озодӣ - Кафтараки ман

Заррина: Парвина вақти холигӣ дошта бошанд ва ё на? Агар ҳа чӣ хел сарф мекунед?

Парвина Озодӣ: Бисёри вақтамро бо духтарчаам Аиша мегузаронам ба варзиш ҳам машғул мешавам. 

Заррина: Дар охир таманниёти Шумо баҳри мухлисони ҳунаратон.

Парвина Озодӣ: Одами санъаткор бе мухлиси худ дар саҳна ҳеҷ аст. Маҳз ана ҳамон дастгирии мухлисон ҳаст, ки мо сарояндаҳо як нерӯи тозаеро ба худ мегирем. Муваффакияти маро дар чодаи санъат бояд шунаванда ва мухлисони ман эътироз кунанд. Мо бо мухлисон зиндаем.

Заррина: Сипосгузорам барои сӯҳбати самими. Сарбаланду обод бошед!!!

(с) Зарринаи Fайрат

Рейтинг пользователей: 0.0 ( 0 голосов )

0 комментариев

Оставьте комментарий