Мехоҳед, ки ровии писандидаи дили шумо аз миёни даҳгона ягона ғолиби озмун гардад?
Хабарҳо

Мехоҳед, ки ровии писандидаи дили шумо аз миёни даҳгона ягона ғолиби озмун гардад?

Даври аввали озмун, ки миёни сарояндаҳои машҳури кишварамон баргузор гашта буд, анҷом ёфт. Инак, аз санаи 1-уми январи соли 2017 даври дуюми озмуни “Ягона аз даҳгона” оғоз ёфта, то 28-уми феврал идома меёбад. Дар ин давр ровиёни машҳури телевизион ва радио-Мубориз Усмонов, Талабшо Муқимов, Беҳрӯз Насриддинов, Бахтовар Бобоҷонов, Субҳон Ҷалилов, Фариддун Хайруллозода, Файзалии Ниёз, Дурахшони Ортиқ,  Заринаи Тағоймурод ва Орзу Исоев иштирок намуда, барои дарёфти унвони “Ягона аз даҳгона” мубориза хоҳанд бурд. Ғолиби озмунро муштариёни сомонаи “Tajikistantimes.tj” тариқи лайк додан дар сайт интихоб мекунанд. Маросими тантанавии супурдани ҷоизаҳо ба тамоми ғолибони озмун дар рӯзи таъсиси ҷамъияти “Оила”-18-май баргузор хоҳад гашт. Мехоҳед, ки ровии писандидаи дили шумо аз миёни даҳгона ягона ва ғолиби озмун гардад? Пас, ба сомонаи «Tajikistantimes.tj” ворид гашта, ба  ҷонибдориаш овоз диҳед!

Ғолиби озмунро туҳфаҳои зерин интизоранд:

  1. Шоҳҷоиза (кубок)-и ғолиби озмуни “Ягона аз даҳгона”.
  2. Дипломи ғолиби озмуни беҳтарин ровии “Ягона аз даҳгона”.
  3. Гуфтугӯйи мустақими телефонӣ бо мухлисон дар идораи ҳафтаномаи “Оила”
  4. Ҷой кардани аксҳо ва суҳбатҳои ғолиби озмун дар сомонаи “Tajikistantimes.tj” ва тарғиби ӯ дар саросари дунё бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва форсӣ.

Маълумоти иловагиро дар бораи озмун тариқи телефонҳои зерин гирифта метавонед: 2-38-52-52 ,98-581-89-81, 93-111-08 -97

Инчунин овозҳои худро дар инҷо дода метавонед.

Рейтинг пользователей: 0.0 ( 0 голосов )

1 комментарий

Оставьте комментарий