Анвар Ахмедов: Соли 2017 консерт дар Пойтахт мегузорем...
Мусоҳиба

Анвар Ахмедов: Соли 2017 консерт дар Пойтахт мегузорем...

Cарсухан: Ҳунарманди хушсалиқа шунавандаи асили хешро дорад, ӯ мисли дурдонаест, ки аз қаъри баҳр низ бо ҷилои худ аён мегардад. Анвар Ахмедов низ дар олами ҳунар мисли ситораи тобон медурахшаду қалбҳои мухлисони хешро мунаввар месозад. Ӯ 13 ноябри соли 1984 дар Хуҷанди бостонӣ дар оилаи санъаткор чашм ба олами ҳасти кушода таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳаш дар макотиби миёнаи умуми №6 гирифтааст. Баъди синфи 9 дар  колеҷи санъати Содирхон Ҳофиз таҳсил намуда,  баъди хатми колеҷ ба факултаи санъат ба ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил мешавад. Тӯли 13 сол аст, ки дар олами саньат буда, суруди аввалини хуб бо ном " Гулнора меояд ба рақс " соли 2004 пешкаши ҳаводорони суруду мусиқӣ гардонда буд. То имруз 11 албоми худро ба мухлисон ҳадя намуд. Имсол бошад консерти худро таҳти унвони " Меҳрубон модар" бахшида ба рӯзи модарон ба тамоми модарони тоҷик тӯҳфа намуданӣ.

Зарринаи Fайрат: Салом Анвар Ахмедов мусохиби Шумо аз сомонаи ohang.tj. Хабари консератонро фахмида, хостем бо Шумо сухбат ороем.
 

Анвар Ахмедов: Мамнун ва сарфароз хастам. Гуш мекунам.

Зарринаи Fайрат: Алъон мухлисонатон ва ҳаводорони суруду мусиқӣ тариқи  рекламаҳо аз сомонаи ohang.tj хабар пайдо карданд, ки Анвар Ахмедов дар моҳи март бахшида ба рӯзи модарон консерт барпо менамоянд. Тайёри ба консерти навбати худ чӣ гуна суръат гирифта истодааст?

Анвар Ахмедов: Албатта аз санаи 8 то 14 март дар кохи Рудакӣ консертамро дар соли 2017 бахшида ба рӯзи модарон пешкаши мухлисон менамоям. Тайёрии хеле хуб дида истодаем, Худо хоҳад консерт нағз мегузарад.

Зарринаи Fайрат: Дар ин консерт ба мухлисон чанд суруди нав омода кардед?

Анвар Ахмедов: Ҳамаи сурудҳои нав тоза эҷод мебошад, албоми нав.

Зарринаи Fайрат: Аз фонограмма истифода мебаред ва ё...?

Анвар Ахмедов: Албатта. Вақте ки шоу- консерт мешавад дар тамоми ҷаҳон тариқи фонограмма мешавад. Консерти ман ҳам шоу-консерт аст, аз фонограмма истифода мебарем. Лекин барои ман зинда сароидан мушкили надорад. Агар як баст консерт монем зинда сароидан, консерт бефонограмма шуданаш мумкин аст. Аз бас ки консерти мо зиёда 15-16 баст иборат. Ин 15-16 бастро зинда сароидан одам албатта хаста мешавад, ин душвор аст.


Зарринаи FайратКонсертатон 7 рӯз тӯл мекашад, меҳмон ҳам даъват кардед?

Анвар Ахмедов: Бале меҳмонон дар консертам театр-студия Хандинкамон, ки бо саҳнаҳои ҷаззоби худ дили мухлисонро шод мегардонанд.


Зарринаи Fайрат: Сюрприз дар консерт интизор шавем?

Анвар Ахмедов: Албатта сюрприз мешавад. Инаш махфи дар рӯзи консерт огоҳ мешаванд.

Зарринаи Fайрат: 13 сол аст, ки дар рӯи саҳна, қариб ки ҳар сол консерт барпо мекунед. Чаро ба пойтахт намеравед? Дар он ҷо нияти консерт гузоштанро надоред?

Анвар Ахмедов: Ният дорем албатта. Агар Худованд ба ниятамон расонад ҳамин соли 2017 ба нақша гирифтем. Насиб бошад моҳи сентябр ва ё октябр дар Пойтахт консерт мемонем.

Зарринаи Fайрат: Анвар Ахмедов ба фикрам шогирди бисёр дорад?

Анвар Ахмедов: На он қадар. Бачаҳо бисёр наздам меоянд, ки ба шогирди гирам, вале сад афсус, ки  вақт надорам, ки бо онҳо кору фаъолият кунам. Чунки ҳар сол барои як консерт гузоштан қариб, ки як сол тайёри мебинем, ин консерт гузашт ба дигариш омодаги мебинем, сурудҳои нав эҷод мекунем боз хизмати халқ ҳаст дар тую маракаҳо.  Як шогирд дорам Муҳсинҷон Ахмедов. 

Зарринаи Fайрат: Шумо бовари доред, шогирдатон то дараҷаи Шумо мерасад ва ё болотар?

Анвар Ахмедов: Ният мекунем, ки аз мо ҳам боло шавад. Вақте ки шогирд месабзад устод албатта хурсанд мешавад.


Зарринаи Fайрат: Таманниёти Шумо ба 2 солагии сомонаи ohang.tj

Анвар Ахмедов: Ман бисёр хурсанд ҳастам, ки сомонаи ohang.tj  дар Тоҷикистони азизамон кору фаъолият бурда истодааст. Миннатдории худро мерасонам, ки тариқи ин сомона сурудҳои тоза эҷоди мо дастрасӣ ҳамаи мухлисон мешавад. Илоҳо ин сомонаи ohang.tj 50 ва 100 соли дигар кору фаъолияти худро идома диҳад. 2 - солагӣ муборак!

Суҳбаторо: Зарринаи Fайрат

 

Рейтинг пользователей: 0.0 ( 0 голосов )

0 комментариев

Оставьте комментарий