Дилшод Мамадов: “Агар бори дигар ба дунё оям, боз санъаткор мешавам!”
Мусоҳиба

Дилшод Мамадов: “Агар бори дигар ба дунё оям, боз санъаткор мешавам!”

Равзанаи ошноӣ:


Дилшод Мамадов!  Ин ном барои касе бегона нест! Хурду калон ӯро мешиносанду ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меоранд. Санъаташро қадр мекунанду ба шодиву хурсандиашон шарик месозанд. Ҳамин аст муваффақияти як тан эҷодкор ва ё санъаткор. Боварии халқро ба даст овардану маҳбуби дилҳо будан кори саҳлу шӯхӣ нест, вале Дилшод тавонист бо интихоби дурусти мавзӯъ ва сабку услуби ба худ хос ин бовариро ба даст орад. Дилшод Мамадов 3-юми июни соли 1974 дар шаҳри Исфара, дар оилаи марди ҳунрманд-Мустафо Мамадов ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоиро аз соли 1980 то соли 1991 дар мактаби миёнаи зодгоҳаш гирифтааст. Дар ин миён аз соли 1981 ба мактаби мусиқии аккордион ва фортепиано дохил шуда, соли 1986 онҷоро бо муваффақият хатм намудааст.

Аз соли 1986 дар гурӯҳи таъсисдодаи падараш ба фаъолият шурӯъ намуда, то ҳол аз паи боз ҳам такмил додани санъаташ аст. Имрӯзҳо роҳбарии гурӯҳи таъсисдодаи падарро, яъне гурӯҳи “Дилшод”-ро ба ӯҳда дорад. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд, 3 писар ва 1 духтар.

Сӯҳбате доштем бо ин марди ҳунар ва мутаваҷҷеҳ бошед ба фишурдае аз он.


Сомон: - Салом оғои Дилшод! Аз сомонаи www.ohang.tj ҳастем, мехоҳем атрофи фаъолияти ҳунарии шумо сӯҳбате дошта бошем. Ба ин вақт доред?

Дилшод Мамадов: - Салом! Маро пешакӣ огоҳ карда буданд ва ман барои сӯҳбат омодагии хуб дидаам. Кӯшиш мекунам, ки ба ҳама саволҳои аз тарафи шумо пешниҳод мешуда ҷавоби саҳеҳу фаҳмо дода бошам.

Сомон: - биёед фурсатро аз даст надода сӯҳбатро шурӯъ мекунем. Чӣ хеле ки худи шумо қайд кардед ҷодаи ҳунару санъат барои шумо ногаҳонӣ нест, яъне шумо аз овони хурдсолӣ ба ин касб шавқу ҳавас доштед ва оғозшавии фаъолияти шуморо ба даврони кӯдакиятон рабт диҳем ҳам шояд иштибоҳе накунем. Аввалин суруди сароидаи худро дар ёд доред, ки онро кай сароидеда будед ва он чӣ ном дошт?

Дилшод Мамадов: - Бале, хеле хуб дар хотир дорам. Он лаҳзаро ҳеҷ фаромӯш карда наметавонам. Соли 1981 буд. Дар мактаби миёна, дар синфи якум мехондам, ки аввалин суруди хешро бо номи “Зебо Ватанам” бо аккордион сароида будам. Пеш аз ба дарс даромадан ҳамаи хонандагон қатор мешуданд ва ман дар назди ҳама ин сурудро иҷро карда будам.

Сомон: - Роҳи санъат роҳи ниҳоят пурпечутоб ва рақобатпазир аст, ки на ҳар санъаткор тоб оварда метавонад. Шумо аз оне ки санъаткор шудед пушаймон нестед? Агар бори дигар ба дунё меомадед, кӣ шудан мехостед?

Дилшод Мамадов: - Ман баръакс шодам, ки санъаткор шудам. Дар урфият мегӯянд, ки мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз ва дар мавриди мушкилиҳои санъат ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки “мард бояд, ки ҳаросон нашавад, мушкиле нест, ки осон нашавад”. Дар ин дунё коре бе мушкилӣ вуҷуд надорад. То азоб накашӣ, роҳат намебинӣ. Агар бори дигар ба дунё оям ҳам боз санъаткор мешавад. Ман аз интихоби худ заррае пушаймон нестам.

Сомон: - Агар дар оянда фарзандони шумо роҳи падарро интихоб карданӣ шаванд, яъне ду пойро ба як мӯза андохта гӯянд, ки мо ҳам санъаткор мешавем, шумо ба онҳо иҷозат медиҳед ё намехоҳед, ки онҳо дар тай намудани ин роҳ азоб бикашанд?

Дилшод Мамадов: - Албатта иҷозат медиҳад, чаро на? Фарзандони ман аллакай интихоби худро кардаанд ва ҳамаашон дар макотиби олии кишвар таҳсили илм доранд. Ман мехоҳам, ки онҳо аввал аз илму дониш баҳраманд бошанд. Мехоҳам онҳо нафарони бофарҳанг ва бофазли ҷомеа бошанд ва сипас марҳамат, роҳи санъатро интихоб кунанд, ман албатта ба онҳо кӯмаки хешро дареғ намедорам. Дар хуни ду писари калониям меҳри санъат аз хурдиашон ҷорист ва онҳо кам-кам машқ ҳам мекунанд.

Сомон: - Шумо як суруди хешро бо номи “Ватан ту сарнавишти ман” хеле аъло ва ба дараҷаи олӣ сурудаед. Кас ҳангоми гӯш кардани он суруд бе ягон шаку шубҳа ба дунёи дигар ворид мегардад. Мегуфтед, ки барои сурудани ин суруд пешниҳод аз ҷониби кӣ буд? Шумо аввал матнро пайдо намуда ба оҳанг даровардед ё оҳангро омода намуда аз пайи ҷустуҷӯи матн шудед?

Дилшод Мамадов: - Ин сурудро ман соли 2014 бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ сароида будам ва он аз тарифи мардум хеле хуб пазируфта шуд. Он замон ман бо коргардони ҷавон Муҳиддин Ҷӯраев ҳамкорӣ доштам ва он кас як китобро оварданду ман ин сурудро интихоб кардам. Матни он ба қалами шоири ширинкалом Камол Насрулло ва оҳангаш моли бародари худам Фаррух Мамадов мебошад. Ин суруд таърихи дурудароз дорад. Ёдам ҳаст, ки сурудро дар оромӣ, дар соати “ду”-и шаб сабт карда будем. Онро дар вилоят хондам, хуш пазируфта ба пойтахт даъват намуданд. Бори дигар дар назди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мӯҳтарами кишварамон он сурудро сароидам. Ҳозир қариб тариқи ҳамаи шабакаҳои кишвар он суруд пахш мегардад, ки ин боиси ифтихори ман аст.

 

Сомон: - Шумораи сурудҳои то имрӯз сароидаатонро медонед, ки ба чанд адад расида бошанд? Боре онҳоро ҳисоб кардаед?

Дилшод Мамадов:- Ростӣ то ҳол сурудҳоямро ҳисоб накардам (механдад), вале тахминан гуфта метавонам, ки шумораи онҳо ба 350-400 адад расидааст.

Сомон: - Шумо бештар дар кадом жанр суруд месароед ва онҳо фарогири кадом мавзӯъҳо ҳастанд?

Дилшод Мамадов: - Ман қариб дар ҳама жанр суруд сароидаам ва дар интихоби мазмуни суруд бошад, ҳама намудашро интихоб мекунам. Сурудҳои ман дар васфи Ватан, модар, одаму одамгарӣ ва албатта ишқу муҳаббат сароида шудаанд. Интихоби суруд аз ҷониби мухлисон ин мисли интихоби хӯрок аст, ки ба як нафар ош мефораду ба нафари дигар сихкабоб. Ҳастанд нафароне, ки аз эҷодиёти ман сурудҳои ошиқӣ гӯш кардан мехоҳанд ва мухлисони сурудҳои модар-ватан низ кам нестанд.

Сомон: - Имрӯзҳо бархе аз санъаткорони мо худро “ситораи дастнорас” тарошида дар тӯю маъракаҳои мардум ширкат намеварзанд. Назари шумо оиди ин санъаткорон ва худи шумо чӣ гуна ҳастед?

Дилшод Мамадов: - Ман аз хурдиям дар тӯю маъракаҳои мардум мегаштам. Ба боварии халқ сазовор гаштан, гули сари сабади маҳфилу чорабиниҳо будан, бовар кунед ин ба осонӣ ба даст намеояд. Модоме ки мардум ҳунари моро қадр карда даъват мекунанд, мо бояд аз таҳти дил, софдилона ба онҳо хизмат кунем. Хизмат ба халқ ин кори савоб аст ва бояд ҳаминро қайд кунам, ки онҳо моро ба хурсандӣ даъват мекунанд, то ки ба шодияшон шарик бошем. Ҳар ҳунарманд ҳар гуна аст ва ҳар гуна фаҳмиш дорад.

Сомон: - Падаратон, ки худ аз аҳли ҳунар буданд шояд аз ҳамин сабаб ба шумо иҷозат доданд, ки санъаткор шавед, аммо модаратон нисбати ин касб чӣ ақида доштанд. Шояд он кас шуморо дар дигар соҳа дидан мехостанд?

Дилшод Мамадов:- Албатта падарам розӣ буданд, он кас дар ин ҷода устоди аввалини ман ба шумор мераванд, ки нозукиҳои ин касбро ба ман омӯзониданд. Дар оила барои интихоби ин касб касе зид набуд, чунки ин ба мо меросӣ аст ва мо нони ҳамин санъатро хӯрда бузург шудем. Ман ба ғайр аз сароянда буданам боз дандонпизишк низ ҳастам. Дар урфият мегӯянд, ки ба як йигит чил ҳунар кам аст. Ман қариб 7-8 сол дар осоишгоҳи Зумрад фаъолият кардаам.

Сомон: - Имрӯзҳо фаъолияти шумо дар кадом сатҳ аст? Шумо дар ягон ансамбл фаъолият доред ё озод ҳастед?

Дилшод Мамадов: - Ман худам роҳбари ансамбли “Дилшод” ҳастам. Ин ансамблро падарам соли 1986 ё 1987 ташкил карда буданд, ки имрӯзҳо роҳбарии он бар дӯши ман аст ва софдилона аз паи хизмат ба халқу ватан ҳастем.

Сомон:- Дар тӯли чанд соли фаъолияти эҷодиву ҳунарӣ чанд маротиба барномаи консертии бевоситаи худро баргузор намудаед?

Дилшод Мамадов: - Агар хато накунам шумораи консертҳои худам баргузор намуда аз 20 адад гузаштааст. Инчунин, ман дар филми истеҳсоли “Тоҷиккино” ки бо номи “Салом, Гулнора Раҳимова” рӯи навор омада буд, нақш офаридаам.

Сомон: - Яъне шумо ба ғайр аз сароянда будан, боз ҳунарманди соҳаи кинову театр низ ҳастед? Агар бори дигар барои иштирок дар ягон филм пешниҳоде шавад қабул мекунед?

Дилшод Мамадов: - Агар аз иҷрои бозидани нақш бароям, албатта қабул мекунам. Санъат ин сарҳад надорад. Инсон агар худро дар ҳама кор як мароиба санҷида бинад, ба фоидаи кор аст.

Сомон: - Бештар аз дафтари ашъори кӣ суруд интихоб мекунед ва боз бо кадом оҳангсозон дар иртибот ҳастед?

Дилшод Мамадов: - Аз ашъори устод Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва аз сурудҳои навиштаи падарам матнро интихоб мекунам ва аз оҳангсозон бошад бо бародари худам Фаррух Мамадов ва Зайниддин Каримов ҳамкорӣ дорам.

Сомон: - Дар оянда чӣ нақшаву ниятҳои нек доред ва таманниёти шумо ба ҳаводорони сомонаи www.ohang.tj ва мухлисони ҳунаратон?

Дилшод Мамадов: - Дар оянда касби худамро давом доданӣ ҳастам ва мехоҳам, ки дар пойтахти кишвари азизамон як шаби эҷодӣ, як барномаи консертӣ бо овози зинда баргузор намоям. Ба ҳаводорони сомонаи www.ohang.tj бошад саломатӣ ва сарбаландиро таманно мекунам. Хусусан, миннатдори худро ба директори сомона Абдуҳакимҷон мерасонам, ки маро суроғ карданд.

Сомон: -Ташаккури зиёд барои як сӯҳбати самимӣ ва мо низ кулли кормандони сомона ба корҳои минбаъдаатон бурдбориҳои назаррасро таманно мекунем.

Дилшод Мамадов: - Саломат бошед!

Сомон: -Ташаккури зиёд!


Сӯҳбаторо Сомон Муҳаммедов


 

Рейтинг пользователей: 0.0 ( 0 голосов )

0 комментариев

Оставьте комментарий