OHANG.TJ: Мо се сола шудем!
Хабарҳо

OHANG.TJ: Мо се сола шудем!

Инак боз муждаи хуш! Пагоҳ (1.02.2018) сомонаи мусикавии OHANG.TJ 3 сола шуд! Дар давоми солҳои фаъолияташ сомонаи мазкур тавонист, ки суруду таронаҳои дилнишинро ба тамоми хдилбохтагони савту наво на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки берун аз он дастрас намуда, ҳазорҳо пайравони худро дарефт намояд.  Аллакай дар тамоми кучаву хиёбонҳо, радиову телевизионҳо сурудҳои ҳофизон бо логотипи OHANG.TJ пахш мегарданд.

Зикр кардан ҷоиз аст, ки муассиси сомонаи мазкур мутахассиси ҷавон Абдуҳаким Абдуфаттоев буда, ҳамеша дар саъю кушиш аст, ки ҳар гуна навгониҳоро ба сомона ворид намояд, то ки истифодабарандагон бидуни ягон мушкили таронаҳои дилхосташонро дастрас намоянд ва ғайр аз ин тавассути мусоҳибаҳо ва озмунҳои шавқовар бо сарояндагони маҳбуби кишвар аз наздики шинос шаванд. Алъон сомонаи OHANG.TJ бо ширкатҳои телевизион ва радиои "Азия", "АНТ music", "Салом", "Ғулакандоз" - (ноҳияи Ҷаббор Расулов), ширкатҳои бонуфузи "Topmedia", "Label Hushang", радиоҳои "Шаҳри ман", "Пайванд", "Садои Панҷакент", " Ашт" Садои Осиё ва радио Замон ҳамкори дорад. Инчунин, соли равон бо телевизиони навтаъсис "Шаҳнавоз" ҳамкориро ифтитоҳ бахшид. OHANG.TJ тавонист, ки якчанд ҷавонони соҳибистеъдодро ба кор ҷалб намояд, ки Шаҳнавоз Каримова, Зарринаи Ғайрат, Парвиз Юсуфӣ, Рустамбек Аҳмадбеков, Дилафрузи Ҳафиз Чинигул Олимова ва Шаҳло Тураева и аз қабили онҳоянд.  Дар давоми фаъолияти худ бо дархости сершумори мухлисон тавонист, ки  бо ҳофизони машҳури Ӯзбекистон аз қабили Далер Хонзода, Руслани Раҳмон мусоҳиба гузаронида, сурудҳои онҳоро дар сомона ҷой диҳад. Сомонаи OHANG.TJ барои истифодабарандагон категорияи "рэп" - ро таъсис дод, ки хеле хуб пазируфта шуд. Дар давоми 2 соат зиёда аз 1000 маротиба зеркаш шудани он далели суханҳои болост. 
Инак, ба муносибати 3 -солагӣ сомонаи OHANG.TJ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои машҳур тасмим гирифтааст, ки БЕҲТАРИН ОЗМУНРО баргузор намояд. Ғолибони озмунро ҳадяҳои гаронбаҳо интизоранд. Ҳамарӯза моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, ба наздикӣ шарти озмунро эълон хоҳем кард. 
OHANG.TJ -ОҲАНГИ ЗАРАБОНИ ҚАЛБИ ШУМО

Рейтинг пользователей: 0.0 ( 0 голосов )

0 комментариев

Оставьте комментарий