Ситора Абдураҳмонова 18 марти соли 1991 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ситора дар гимназияи №1 шаҳри Турсунзода ва баъдан макотиби миёнаи №32-и шаҳри Душанбе таҳсил карда ҳамин муассисаро хатм кардааст. Ситора аввал дар донишкадаи санъат ба номи Мирзо Турсунзода соҳибмаълумот гашта, сипас солҳои 2011-2014 да мактаби эстради Москва таҳсилашро идома додааст. Падару модараш соҳибкор, соҳиби маълумоти иқтисоди ҳастанд. Ситора аввалин сароянда дар байни аъзоёни оилааш мебошад.
ШАҲНОЗА: Ситора, Шуморо сомонаи мусиқавии ohang.tj шодбош мегӯяд.
СИТОРА: Ташаккур. Аз сӯҳбат бо Шумо мамнунам.
ШАҲНОЗА: Шавқу завқи Шумо нисбати санъат яъне сароидани суруду мусиқӣ аз кай пайдо шуда буд?
СИТОРА: Аз хурдӣ. Ба фикрам он вақт дар синфи 1-ум мехондам. Дар ёд дорам, ки ҳатто маблағ ҷамъ карда гитара харида будам аз ҳамон ҳангом месароям. Вале сараввал модарам ба ин шавқи ман зид буданд. Зеро фикр мекарданд, ки бо мурури замон ҳавасу иштиёқам мегузарад. Баландгуяк умуман таҷҳизоти мусиқавиамро маро пинҳон мекарданд, ман бошам боз мехаридам. Аслан модарам мехостанд, ки ман тарҷумон шавад. Билохир модарам дарк карданд, ки ин танҳо шавқи кудакона нест. Дар синфи 7 ё 8 таҳсил мекардам, модарам худашон ба наздам омада бо ман суҳбати ҷидди карда, таъкид намуданд, ки агар дар ин роҳ мақсади қатъи дошта бошам, дар ин соҳа ягон роҳро бояд дарёфт. Дертар модарам маро ба назди вокалист Акрам Мирзоев, ба донишгохи санъат бурданд. Баъдтар ман дар он чо бо Ҳасани Ҳайдар шиносои пайдо кардам ва гуфта метавонам, ки он кас устоди аввалини ман хастанд.
ШАҲНОЗА: Айнан оиди ҳамин масъала мо низ пурсидани будем. Киро устоди хуб ҳисоб мекунед?
СИТОРА: Дар ҷодаи санът Ҳасани Хайдар ва Акрам Мирзоев устодони ман ҳастанд. Ман аз онҳо бисёр нозукиҳоро омӯхтам, онҳо боис шуданд, ки ман ба рӯи саҳна баромадам. Аз устодонам барои ҳамаи ин миннатдорам. Зеро таълим гирифтан, омӯхтан ин ҳама як чиз асту ба сахна баромадан дигар албатта ки кори саҳл нест. Модарам низ бароям устод ҳастанд. Зеро дар ин роҳ ҳама вақт ба ман ҳам кӯмаки маънавӣ, ҳам моддӣ мерасонданд. Боиси ҳамаи комёбиву муваффақиятҳои ман модарам мебошад. Хоҳони онам, ки ҳамаи модарон тансиҳату хонаобод бошанд.
ШАҲНОЗА: Вақте ки бори аввал ба рӯи саҳна баромадед чӣ гуна ҳиссиёт Шуморо фарогир буд?
СИТОРА: Бори аввал ба саҳна соли 2011 баромадам. Гарчанде, ки суруди аввалини ман бо забони руси буд бо ном "Небо" вале ба саҳна бо суруди "Номеҳрубон" баромад карда будам. Пас аз эҷоди суруди мазкур, аз сабаби ба садамаи автомобили дучор шуданам, сурудро саривақт иҷро карда натавонистам. Соли 2011 дӯсти наздикам маро ба консерташ даъват кард. Вақте ки ин сурудро сароидам шунавандагон онро бо дилгарми пазируфтанд. Ин буд қадами аввалинам дар рӯи саҳнаи ҳунар.
ШАҲНОЗА: Барои эҷод кардан, офаридани сурудҳои нав шуморо кӣ водор месозаду илҳоми Шумо аз чӣ пайдо мешавад?
Ситора: Албатта ин ягон руйдодҳои ҳаёт мебошад. Масалан суруди навэҷодам "Модар". Дар вақти офаридани ин суруд манбаи илҳоми ман албатта ки модарҷонам. Медонед, ҳангоми дар сафар буданам модарҷони мехрубонам занг зада аз ҳолам пурсон мешаванд, ки либоси гарм ба бар кардаам ё на ва ё ки гурушна нестам. Лозим ояд илхомбахши ман мешаванд, дастгирӣ мекунанд. Дар ҳамин асос мо дар якчояги бо дусти Сайидо ин сурудро офаридем.
ШАҲНОЗА: Дар эҷодиёти Шумо сурудҳои ошиқи чӣ гуна мавқеъ доранд?
СИТОРА: Ҳар кас мехоҳад, ки дар зиндагӣ маҳбуби ягон кас бошаду худ низ дӯст дорад. Аксарияти сурудҳои ман низ дар ин мавзӯъ мебошанд. Ошиқи албатта ки ин зиндагӣ, ошиқи кори худ будан, дуст доштани падару модар, дуст доштани дилдодаи худ мебошад.
ШАҲНОЗА: Шумо маънии зиндагиро дар чӣ мебинед?
СИТОРА: Ман фикр мекунам, ки ин оила аст. Чӣ кадаре, ки мо кор накунем ҳам, дар сафарҳои хизматӣ мешавем ва боз ба хона бармегардем дар хона моро наздикону пайвандон интизоранд ана ҳамин аст маънии зиндагист.
ШАҲНОЗА: Дар замони кунуни сарояндагӣ касби осон нест. Шумо чӣ тавр мушкилиҳои эҷодиро паси сар кардаед?
СИТОРА: Воқеан ҳам ин касбро на ҳама мефаҳмад ва баъзан мешавад ҳатто мегӯянд, ки сарояндагӣ хоси духтарон нест. Такрор бошад ҳам боз мегуям, ки дар ин роҳ ба ман модарам кӯмак мерасонанд. Бар замми ин ман дар пеши худ мақсад гузоштаам ва сӯи мақсади худ қадам гузошта истодаам. Новобаста ба танқидҳо, ба мушкилиҳо шукр, ки ман мухлисону хамақидагони худро дорам, ки онҳо низ маро хеле дастгирӣ мекунанд, ба ман нерӯи нав мебахшанд.
ШАҲНОЗА: Ситора, ба Шумо эҷодиёти кадом ҳофизон бештар писанд аст? Сурудҳои киро гӯш мекунед?
СИТОРА: Дар ин самт ман якпахлу нестам ва гуфта наметавонам, ки айнан ягон сарояндаи муайянро гӯш мекунам. Эҷодиёти ҳамаро мушоҳида мекунам ва ҳам сурудҳои шарқиву ғарбиро гӯш мекунам.
ШАҲНОЗА: Кадом жанри мусиқӣ ба Шумо наздик аст?
СИТОРА: Ман бештар сурудҳои эстрадиро гӯш мекунам ва ҳангоми дар мактаби мусиқӣ ман мақом ҳам дар жанри эстради сароидаам ва ин самт бароям хеле писанд аст. Банда низ дустдори шашмақом ҳастам. Мутаассифона бархе аз ҷавонон ин самтро гӯш намекунанд ё шояд ки намефаҳманд. Лекин бояд қайд кард, ки шашмақоми тоҷикӣ мусиқии асилу дилошӯб аст. Ва боз ба жанри ҷаз низ шавқ дорам аз овони таҳсил дар мактаби санъат ин жанр бароям писанд буд.
ШАҲНОЗА: Ситора, дар охир мехостем таманиёти худро ба мухлисон ва сомонаи ohang.tj гуфта бошед.
СИТОРА: Дар арафаи идҳои баҳори ба ҳамаи Шумоён ва ба мухлисонам гул гул шукуфиро таманно дорам. Бигузор чӣ будани ғаму андӯҳро надонанд. Мухлисони азизам ва пайвандонашон дар амони Офаридгор бошанд.
ШАҲНОЗА: Ситора, мо низ хоҳони онем, ки фаъолияти эҷодиатон ба номатон тавъам бошад, чун ситораи рахшон дар фазои санъат нурпоши кунед ва мухлисонро бо сурудҳои нави худ шод гардонед. Ташаккур барои сӯҳбати самими.
СИТОРА: Саломат бошед!
(с) Шаҳноза Бобоева
0 комментариев