Манижаи Сабо аз зумраи он сарояндагонест, ки ҳастиву вуҷудашро зевари ҳунар оро дода, садояш пурэъҷоз аст. Шунаванда агар лаҳзае суруди ӯро бишнавад, дунёро бо ҳама гирудору нишебу фарозаш фаромӯш хоҳад кард. Ва он гоҳ эҳсос мекунад, ки ин овоз пурэъҷозу афсунгар ва гӯшнавоз аст. Бале, ин овози ишқ аст, садои ошиқ аст, ки касро аз дунёи навмедиву бемеҳриҳо сӯйи меҳрубонӣ ҳидоят хоҳад кард. Лаҳзае бо Манижабону ҳамсӯҳбат гардида, ба дунёи рози ӯ ворид гардидам. Ва мехоҳам ихлосманди саҳифаи мусоҳибаи сомонаи мо низ вориди ин олами минӯӣ гардад.
Заррина: Пеш аз ҳама салому дуруди кормандони сомонаи Ohang.tj - ро бипазиред. Бонуи азиз, шояд ҳис карда бошед, ки одамон ҳамеша ба ҳаёти шахсии чеҳраҳои шинохта таваҷҷӯҳи зиёд доранд, аз ҷумла, хаводорони сомонаи мо низ. Мехостам дар бораи ҳаёти шахсиатон чанд сухан бигӯед.
Манижаи Сабо: Ташаккури зиёд, саломат бошед! Мамнун гаштам. Ман, 14- уми декабри соли 1995 дар шаҳри Душанбе дар оилаи зиёӣ ба дунё омада, муассисаи миёнаи №29- ро хатм намудаам. Баьди хатми мактаб дар ягон литсей ва ё донишгоҳ таҳсил накардаам, аз ин лиҳоз, рости гап, фақат малумоти миёна дорам. Аз хурдӣ танҳо сароянда шуданро орзу мекардаму халос, вале падарам иҷозат намедоданд, ки ман ҳофиза бошам. Вақте ба синни 18 расидам, падарам иҷозат доданд ва бо розигии эшон ва дуои волидайн ба соҳаи санъат ворид гаштам. Дар ягон ҷой илми мусиқӣ наомухтаам, иншоАллоҳ имсол ба донишгоҳи санъат ва ё консерватория дохил шуданӣ ҳастам. Бояд ҳаминро қайд намоям, ки дар оилаи мо санъаткор набуд ва ман намояндаи нахустин маҳсуб меёбам. Бо суруди "Ҷомаи ишқ" ба саҳнаи ҳунар баромадам.
Заррина: Мамнун. Манижаи Сабо дар бораи насабатон харфе мегуфтед, ки чаро махз Сабо? Номи модарро насаб гирифтед. Дар асл гирем, номи падарро насаб мегиранд. Аз Шумо бошад баръакси ин. Умуман сабаби насаби модарро қабул кардани Шумо дар чӣ?
Манижаи Сабо: Бале, насаби хешро бо номи модарам гирифтам. Номи модарам Сабоҳат буда, аз ин лиҳоз чунини насабро интихоб намудам. Ҳоло бошад, бо ҳамин насаб шинохта гаштам. Рости гап, насаби ман дар асл дигар буда, Шарифова Манижа ҳастам, аммо ин насаб на он қадар ҷарангдор буд. Аз ҳамин сабаб, тасмим гирифтам, ки дар байни мардум ҳамчун Манижаи Сабо шинохта гардам. Савол ба миён меояд ки чаро номи падарро насаби хеш накардам? Падарам низ зид нестанд, худашон иҷозат додаанд. Продюсерам баъдан насабамро "Манижаи Сабо" карданд.
Заррина: Вақте ҳамагон гӯш ба сурудҳои эҷодии Шумо медиҳанд, ба фикр фурӯ мераванд, ки оё Манижа ошиқ бошад ё на? Аз дили худи ошиқ месароед.
Манижаи Сабо: Бале, ошиқ ҳастам. Фикр мекунам ягон ҳунарманд, сароянда дарди ошиқиро начашида, овозхон шуда наметавонад, чун ишқ ҳастии инсон аст. Ана ҳамон ишқ бошад ва ё ки ошиқ бошӣ, ки суруди сароидаат аз таҳти дил барояд. Эҳсос кунӣ, ки чиро сароида истодаӣ. Агар эҳсос набошад, камтар .... Мисол мо сурудро мехонем, образ медиҳем, ҳис мекунем. Ягон сароянда бе ишқу ошиқӣ сароянда нест. Шояд хато кунам, лек ин фикри шахсии ман.
Заррина: Шахсе ки дӯсташ медоред, дар соҳаи санъат аст ё на? Агар на, ба касби Шумо монеа эҷод намекунад? Дар оянда низ сарояндагиро идома медиҳед?
Манижаи Сабо: На, шахсе, ки дӯсташ медорам, ба санъат ягон робита надорад, вале маро мефаҳмад. Ростӣ, дар бораи оянда санъаткор монданам ба як хулосаи аниқ наомадем, аммо аз санъаткор будани ман розӣ аст.
Заррина: Суруде, ки Манижаи Саборо байни мардуми тоҷик шинохта кард, ин суруди "Бачаи бой" мебошад. Оиди ин суруд чӣ гуфта метавонед? То чӣ андоза суруд ба ҳақиқат наздик аст?
Манижаи Сабо: Суоле, ки ҳамеша дар ҳама сӯҳбатҳо пеш меояд. (Механдад ӯ) Ин суруд танҳо ҳазл буд. Суруд набуд гӯем ҳам мешавад: танҳо пур аз шӯхиҳо. Он чие, ки дар замони ҳозира ҷавондухтарону ҷавонписарон мехоҳанд, хостам инъикос намоям. Ман дар ҳама ҷой қайд намудам, ки ошиқи бачаи бой нестам ва ҳавас ҳам намекунам. Бояд қайд намуд, ки шеъри мазкур ба қалами Орзу Исоев мутааллиқ аст ва ҳамроҳи ин нафар ҳамкорӣ дорем. Оҳанги он итолиёӣ мебошад.
Заррина: Ба андешаи худи Шумо дар санъат шуҳрат бошад хуб аст ё маҳбубият?
Манижаи Сабо: Ин суоле, ки каме душвортар барои посух додан (механдад ӯ) Дар ҳаёт маҳбубият ҷои аввал меистад. Сароянда бе мухлису ҳаводори хеш ҳеҷ аст, ба фикрам. Инсон бояд шуҳрат ҳам дошта бошад. Лек сароянда мухлис дошта бошад, баъд шуҳрат пайдо менамояд, ҳамин тавр не?
Заррина: Бале, дуруст қайд кардед. Дар зиндагатон чизе ҳаст, ки то ҳол ба он муваффақ нашудаед, аммо дар дилатон умед доред, ки дар ояндаи наздик ба он ноил хоҳед шуд?
Манижаи Сабо: Фикр мекунам, ки муваффақ шудагӣ ҳастам. Аз санъаткор буданам не. Дар зиндагӣ дар ҳамин оила ба дунё омаданам. Ман шукр мегуям, ки падару модарам дастгирӣ мекунанд, розӣ ҳастанд. Дар оилае ба дунё омадам, ки мо 3 нафар духтарем ва ман аз ҳама хурдӣ. Шукрона мекунам, ки роҳи маро ҳеҷ кас нагирифт, ҳама ба санъаткор шудани ман розӣ ҳастанд ва бо дуои падар ба санъат қадам мондам. Худо хоҳад дар зиндагӣ ноком намешавам.
Заррина: Аз овони кӯдаки ёд мекунед? Ҳаёти бачагиро чӣ хел паси сар кардед?
Манижаи Сабо: Як чиро ҳар гоҳ ёд мекунам. Дар овони кӯдакӣ бо бачаҳои ҳамсоя дар назди хона ҷамъ мешудем. Ман якеашро арус мекардам, дигарашро домод, инчунин якеаш доиразаниро ба ӯҳда мегирифт ва дигаре таблакзаниро. Худи ман бошам, ҳофиза мешудам. Бо андешаҳои ширини кӯдакона тасаввур менамудам, ки он тӯйи ҳақиқӣ аст. Ман ҳамеша суруд мехондам. Аз хурдӣ ҳавасам нисбати овозхонӣ зиёд буд. Вале аввал маро иҷозат надода буданд, ки сароянда шавам ва, хушбахтона, дар синни 18 –солагӣ, санаи 1 – уми октябр дар кохи Ҷомӣ дар консерти Меҳрафруз, ки аз тарафи "Зан ва мард" ташкил гардида буд, бори нахуст ба саҳна баромадаам.
Заррина: Манижа низ ният дорад, ки консерти худро барпо намояд?
Манижаи Сабо: Бале, иншоАллоҳ насиб бошад. Ният дорам, ки соли оянда барпо намоям ва албатта мухлисони азизамро як қатор навгониву сюрпризҳо интизор аст.
Заррина: Дар ояндаи наздик ба мухлисони ҳунаратон чӣ хел суруд омода сохта истодаед?
Манижаи Сабо: Албатта, бисёр сурудҳо омода карда истодаам, ҳамааш қисман тайёр. Суруди ба наздикӣ баровардаи ман " Оташ" ном дорад, шояд гӯш ҳам карда бошед. Боз ду суруди навтарине, ки ба наздикӣ дастраси мухлисон мегардад, "Ёд кардам" ва " Ман қурбони ту мешам" ном доранд.
Заррина: Манижабону киро ёд карда бошад, ки дар сурудаш васф кардааст?
Манижаи Сабо: (Механдад Манижа) Дар ҷои аввал, албатта, мухлисонамро, баъдан он нафаре, ки дӯстам медорад. (Хандаи ӯ ҳадду канор надорад)
Заррина: Ба ҷавононе, ки мисли Шумо ба санъат шавқу завқи беканорро нисбат ба санъат дорад ва дар дил орзуи овозхон шуданро мепарварад, чӣ пешниҳод доред?
Манижаи Сабо: Ҳамеша кушиш кардан лозим аст, ки аз болояшон кор кунанд. Худованд гуфтааст: " Аз ту ҳаракат -аз ман баракат". Он қадар аз рӯйи суруд машқ намоянд, ки ҳатто ба дилашон занад. Ана мебинед, ки аллакай онро сабт кардаанд.
Заррина: Дар фарҷоми суҳбат, суханҳои Шумо ба кулли ҳаводори ҳунаратон.
Манижаи Сабо: Бигзор ҳама вақт сарбаланду саломат бошанд. Ҳамеша дар хонадони ҳар як мухлиси ман файзу баракат ҳукмфармо бошад ва то ҷовидон имони комилу тансиҳатӣ ҳамсафари ҳаёташон бошад.
Заррина: Мо, аҳли кормандони сомонаи Ohang.tj аз Шумо миннатпазирем, ки чунин як суҳбати озоду самимӣ бо мо оростед, бону Манижа.
Манижаи Сабо: Сипос, бар Шумо низ. Ҳамеша сарбаланду комёб бошед!!!
Сӯҳбаторо: Зарринаи Fайрат (журналисти сомонаи Ohang.tj)
Муҳаррир: Каримова Ш. (сармуҳаррири сомонаи Ohang.tj)
0 комментариев