Ғуломҷон Мирдадоев: Суруди аввалини ман бо номи «Ҷони манӣ»
Мусоҳиба

Ғуломҷон Мирдадоев: Суруди аввалини ман бо номи «Ҷони манӣ»

Ғуломҷон Мирдадоев  аз  шумори санъаткорони шинохтаи Ҷумхурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки бо овози форамаш мухлисони бешуморро пайдо кардааст. Ғуломҷон 11 – уми марти соли 1986 дар шахри Ленинобод (хозира Хуҷанд) дар оилаи санъаткор чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Падараш- Мирвоҳид Мирдадоев, омӯзгори фанни мусиқӣ ва модараш бошад, омӯзгори фанни кимиё мебошанд, ки ҳарду низ дар мактабҳои миёна кору фаъолият мебаранд. Ғуломҷон Мирдадоев таҳсили ибтидоиашро дар мактаби миёнаи рақами 4-и нохияи Ҷаббор Расулов гирифта, мактабро соли 2003 хатм кардааст. Бисёртар ба фанни кимиё ва ҳуқуқ шавқ дошта, дар овони мактабиаш аз фанни кимиё дар бисёр олимпиадахои шаҳрию вилоятӣ иштирок кардааст ва бо ҷоизаҳо баргаштааст. Баъдтар (2003-2007) ба Донишгохи Муосири Гуманитарии Россия ва Тоҷикистон, факултаи хукукшиносӣ дохил шуда, онро бо сари баланд хатм кардааст.

Аз соли 2010 то инҷониб дар Кохи Рӯдакӣ кор ва фаъолият мебарад.

Шаҳло: - Салом, бародари олиқадр. Аз сомонаи OHANG.TJ ҳастам, ки алъон бо Шумо сӯҳбат дорам. Лутфан бигӯед, ки аввалин қадамҳои Шумо дар рӯи саҳна кай буд?

Ғуломҷон Мирдадоев: - Ваалейкум ассалом. Сипосгузорам. Чӣ хеле ки медонед, падарам санъаткор ҳастанд ва аз ин лиҳоз аз  овони кӯдакиам аллакай ба сурудхонӣ шавқу рағбат доштам. Аввалин қадамҳои ман дар рӯи саҳна  дар овони кӯдакиам буд. Вақте ки ман 5 -сола будам, аввалин бор дар боғча ва баъдтар дар мактабҳову  ҷойҳои дигар ба саҳна мебаромадам.

Шаҳло: -Яъне, устоди аввалини Шумо - падаратон мебошанд, ҳамин тавр не?

Ғуломҷон Мирдадоев: - Албатта.

Шаҳло: - Дар бораи он кас нақл мекардед.

Ғуломҷон Мирдадоев: - Падарам Мирвохид Мирдадоев, айни ҳол ҳамчун муаллими фанни мусиқӣ дар мактаби миёна кор ва фаъолият мебаранд.

Шаҳло: -Чӣ хел одамонро меписандед?

Ғуломҷон Мирдадоев: - Рости гап, ман одамҷудокуниро ганда мебинам ва аз рӯи шариат ҳам гуноҳ аст ,  аз ин сабаб, ҳаракат мекунам, ки бо ҳама якхел муомила кунам ва ба ҳар ҳол одамони ҳалолкор, меҳнатдӯст ва росттқавлу поквичдон ба ман писанд аст.

Шаҳло: - Беҳтарин!  Оё Шумо ба орзуҳоятон расидаед?

Ғуломҷон Мирдадоев: - Чаро не? Албатта, ки расидаам.

Шаҳло: - Бештар дар кадом жанри сурудро сароиданро дӯст медоред?

Ғуломҷон Мирдадоев: - Ман, ки сароянда ҳастам, кӯшиш мекунам, ки ба ҳамаи намуди жанрҳо суруд сароям. Ва бештар ба жанри анъанавию классикӣ шавқ дорам.

Шаҳло: - Дар хурдсолӣ кӣ шудан мехостед?

Ғуломҷон Мирдадоев: - Вакте ки 5 сола будам, оташхомӯшкун шудан мехостам, аммо вақте ки камтар калон шудам, дар дилам меҳр нисбат ба касби ҳавонавардӣ пайдо шуд ва баъдтар аллакай дар овони мактабиам шавқу рағбатам ба сурудхонӣ бисёртар шуд. Дар охир тасмим гирифтам, ки сароянда шавам. Аммо баъд аз хатми мактаб ба донишгоҳ дохил шуда, соҳаи ҳуқуқшиносиро хатм кардам. Чӣ хеле ки мегӯянд, бе санъату мусиқи ман ҳаётамро тасаввур карда наметавонам.

Шаҳло: - Рост гуфтед! Ва мехостам фаҳмам, ки суруди аввалини Шумо чӣ ном дошт ва ин суруд ба кӣ бахшида шудааст?

Ғуломҷон Мирдадоев: - Суруди аввалини ман бо номи «Ҷони манӣ» аз ашъори устод Лоиқ Шералӣ мебошад. Ва шеърҳои он касро меписандам, руҳашон шод бод! Ин Суруд ба ҳеч кас бахшида нашудааст, аммо шояд худи устод Лоиқ мухотаби худро дошта бошанд. Вакте ки  ашъорашонро варақгардон кардам, ҳамин шеърашон ба ман писанд омад ва ман инро хамчун суруд хондам.

Шаҳло: - Мехоҳед, ки фарзандони Шумо касбатонро давом диҳанд?

Ғуломҷон Мирдадоев: - Бале мехоҳам, вале на ҳар кас ба сарояндагӣ майл дорад. Вақте ки калон мешаванд, худ раҳи худро меёбанд.

Шаҳло: - Бале, дуруст қайд кардед.  Лутфан бигӯед, ки кадом асбоби мусиқиро навохта метавонед?

Ғуломҷон Мирдадоев: - Бисёртар навохтани рубоб , тор ва танбӯрро дӯст медорам ва албатта онҳоро навохта метавонам.

Шаҳло: - Ҳамаи ин нозукихои навохтанро кӣ ба Шумо омузонидааст?

Ғуломҷон Мирдадоев: - Устоди аввалинам, ки ба ман рубобро омӯзонидаанд - Абдуқаҳхор Қӯзиев мебошанд . Боз устодони ман - Ахмедов Дилмурод ва Шӯхрат Набиев мебошанд, ки ба ҳамаи онҳо сипозгузории худамро баён мекунам.

Шаҳло: - Ташаккури зиёд. Хеле шод шудем аз сӯҳбати дилнишини Шумо. Бароятон саломативу комёбӣ ва дар ҷодаи санъат пирӯзиро таманно дорем. Ҳамеша бо сомонаи мо бошед ва сурудҳои нав ба наватонро тавассути мо ба тамоми гӯшаву канори кишвар ва берун аз он паҳн намоед.

Ғуломҷон Мирдадоев: - Сипоси беохир. Ҳатман! Барои Шумо ва аҳли кормандони сомонаи OHANG.TJ сарбаландиро таманно мекунам ва ба тамоми мухлисони азизам сари баланду тани сиҳат ва хушбахтии пай дар пайро орзу дорам. Бигзор ҳамеша дар хонадонашон тӯйю шодӣ бошад!

Суҳбаторо: ШАҲЛОХОН /// Муҳаррир: КАРИМОВА. Ш

 

   

Рейтинг пользователей: 0.0 ( 0 голосов )

0 комментариев

Оставьте комментарий