Тамошобини рус: Нигина Амонқуллова озорбойҷонӣ аст!
Хабарҳо

Тамошобини рус: Нигина Амонқуллова озорбойҷонӣ аст!

Аъзам Азизов, блогери маъруфи тоҷик имрӯз дар сӯҳбат бо «Tajikistantimes.tj» гуфт, ки « Мутаассифона тамошобини рус забони тоҷики он тараф истад, ҳатто қиёфаи тоҷиконаи онҳоро наметавонанд, ки туркману қахоқ ва озорбойҷонӣ фарқ кунанд.

Дар видео-блоге, ки Аъзам Азизов пешниҳод кардааст, русдухтаре клипҳои се сарояндаи тоҷик: Нигина Амонқулова, Меҳринигори Рустам ва Зулайхо Маҳмадшоеваро тамошо карда, баҳо медиҳад ва дар охир миллати онҳоро «муайян» месозад. Дар рафти навор ин духтарак Меҳринигори Рустамро қазоқ, Зулайхо Маҳмадшоеваро туркмен ё қирғиз ва Нигина Амонқуловаро озорбойҷонӣ  гуфт.

Аъзам Азизов дар шарҳи ин видео гуфт, ки ҳарчанд дар тоҷикистон сарояндаҳо ҳамагӣ машҳуранду тоҷикони бурунмарзӣ клипҳои онҳоро тамошо мекунад, аммо эшон дар байни тамошобинони ғайритоҷик ягон маҳбубият он тараф истад, шинохте надоранд:

— Бубинед, ки ин духтари мо интихоб карда, ҳамеша дар назди монитори компютер нишаста, аз навгониҳои мусиқӣ бархурдор мегарда, аммо ҳатто ӯ кӣ будани миллати сарояндаҳои тоҷикро намедонад, чӣ рассад ба ному насаб аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки шумораи зиёди тоҷикон дар Русия иқомату кор мекунанд.

Аъзам Азизов сабаби ин ношиносиро дар фаъол набудани сарояндар дар риштаи блогсозӣ ва клипи воқеан ҳам ҳирфаи сохтан мебинад:

— Бубинед, дар Русия сарояндаҳое, ки бештар бо блог сару кор доранд, аз сарояндаҳои шинохтаю унвондор ҳам машҳуртаранд. Баъд як ҷиҳати мусбии сарояндаҳои тоҷик дар он аст, ки клипҳояшонро танҳо вобаста ба завқи тамошобини дохили Тоҷикистон месозанд. Шумо худ шоҳид гардидед, ки чӣ тавр тамошобини рус аз клипи Зулайхо интиқод намуд. «Чаро фақат сари ӯро шона карда истодаанд? Чунин ба назар мерасад, ки клип дар бораи «парекмакхер» аст» Агар хоҳанд, ки шинохта шаванд, дар қадами аввал бояд ба блогнависӣ рӯ оварда, баъдан ба клипҳои замонавӣ сабт намудан пардозанд».

Ин суханон ва навори Аъзам асное дар сомонаҳои иҷтимоӣ давр мезананд, ки аксари сарояндаҳои тоҷико бо ифтихор мегӯянд: Мо дар фалон ҷо анна ин қадар мухлиси аҷнабӣ дорем»

P.S навори видео рӯзҳои наздик пахш мешавад.

Рейтинг пользователей: 0.0 ( 0 голосов )

0 комментариев

Оставьте комментарий