Озода Аҳатова: Рӯзҳои наздик консерт барпо карда истодаам.
Мусоҳиба

Озода Аҳатова: Рӯзҳои наздик консерт барпо карда истодаам.


Озода Аҳатова  1 июли соли 1991 дар вилояти Суғд шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Падараш Аҳатов Ибодулло муқими шаҳри Панҷакент буда, модараш Набиева Дилором аслан зодаи шаҳри Тошкент Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад. Озода  маълумоти миёнаро дар шаҳри Тошкент гирифта баъдан дар Тоҷикистон баргашта хатмкунандаи мактаби шаҳри Панҷакент мебошад. Сипас ба колеҷи санъат дохил шуда пайи ду сол дар колеҷ жанри шашмақом дарс омухта ду соли дигар дар жанри эстрадӣ дониши худро сайқал медиҳад. Ҳоло бошад фаъолияти кориашро дар театри мазҳака мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ  ба ҳайси актриса идома дода истодааст. Ӯ ҳаёти шахсияшро пинҳон медорад зеро ба фикри худи ӯ дар зиндагӣ гапҳое ҳаст, ки на ҳама донад. Озода Аҳатова ҳамроҳи шавҳараш ки бастакор ҳастанд якҷо кор мекунад. Ба кувваи хеш боварӣ мекунад ва сарпараст надорад. Суруди "Душа больна" бо забони русӣ сароида ба дили мухлисон роҳ ёфта аллакай Озода шуда шинохта шуд. 



Заррина: Ассалом апаҷони меҳрубон!!! Хеле шод аз он ҳастем, ки дар шаҳри Душанбе дидорбинӣ ҳамдигар ҳастем.

Озода: Ташаккури зиёд хоҳари азиз ман низ аз ин вохурӣ хеле хушҳол гаштам.

Заррина: Албатта сараввал хуш омадед мегуем. Сипас боиси  Душанбе шаҳр омаданатонро пурсон шуданием.

Озода: Мамнун (бо табассум)  Қариб як ҳафта мешавад, ки ман дар Душанбе ҳастам. Дар ду сол як маротиба фестивал озмуни "Парасту" мешавад. Имсол ба моҳи апрел рост омад. Дар ин озмун ҳамаи театрҳои Ҷумҳуриамон иштирок мекунанд аз ҷумла театри мо низ ки омадем ва дар онҷо баромади худро нишон медиҳем асосан дар он ҷо театри беҳтарин гуфта ҷой медиҳанд, сазовори ҷои якум, дуюм ва сеюм албатта. Қувваозмуи омадем гуем ҳам хато намекунем. 

Заррина: Дар урфият гуфтаанд: "Ба як нафар чиҳил ҳунар кам"  Шумо дар баробари сароянда будан актриса ҳам ҳастед ба болои ин дар театр низ кор мекунед. Мушкил не? Магар ба ҳамаи ин вақт меёбед?

Озода: Рости ҳамаи кор душвор аст. Агар одам метавонам  гуяд аз ӯҳдаи ҳамааш мебарояд. Назар ба сарояндагӣ дар театр кор кардан каме душвортар ба фикрам. Дар театр ҳамааш зинда мешавад фонограмма истифода бурда наматавонем ва умуман намешавад ҳам. Ҳоло худ гувоҳи он шудед дар театр, ки актёрҳо хеле заҳмат мекашанд дар ҳаҷми 25-30 варақ роли ба худашон дода шударо аз ёд мекунанд баъзан вақт мешавад, ки аз они ҳамратонро ҳам аз ёд кунӣ ки чӣ хел баъди кадом гапи вай суханатро сар мекунӣ ва хуллас ҳамааш ба майнаи саратон компютер барин сабт шавад. Азоб ҳасту аммо кайфияташ дигар. (механдад)

Заррина: Агар сарояндагиву актрисаги-ро ба ду паллаи тарозу монем каме аз инҳо боло мебаромада бошад? Шавқи Шумо нисбати кадоми инҳо зиёдтар? Писанди дилатон?

Озода: Гапа росташ ҳарду касбамро дуст медорам лек  дар тарозу актрисаги болотар барои ман.

Заррина: Вориди саҳна актриса шуда қадам ниҳодед ва ё сароянда?

Озода: Бори аввал соли 2008 бо суруди "Ёрам" баромада будам. Ҳамон вақт ман 16 сола будам баъди суруди "Душа больна" ба ман пешниҳод карданд, ки  "Чи мешуд ки ҳамашро аз нав сабт кунед" ман аллакай дигар шудагӣ синну сол, овоз ҳамааш дигар аз нав сабт кардем ҳоло бошад номашро низ  иваз кардем "Ман дуст медорам туро" клипашро ҳам аз нав кардед пештара клипаш дар болои бино шуда буд  ҳозирааш бошад аз пештарааш фарқ мекунад гуем ҳам хато намекунем.

Заррина: Магар Озодахон дар синни 16 солагӣ ошиқ буданд, ин гуна сурудро сароиданд?

Озода: Не (механдад ӯ) ошиқ набудам гапа росташ. Сабаби ин сурудро сароиданам Илҳом ва Дилафруз ана ҳамон кас вақте мана диданд, хостанд маро ба шогирди гиранд баъд гуфтанд, ки барои санҷиш "Биёед ман суруд тайёр мекунам Шумо ҳамина месароед".  Ман матни сурудро интихобам накардам Илҳом ако ҳамашро тайёр карданд ман хондам тамом баъд суруд баромад.

Заррина: Устоди аввалинатон дар соҳаи санъат аниқтараш сарояндагӣ Илҳом (Дуэт) ҳисоб мекунед ва ё  ки....? 

Озода: Устоди аввалин не чунки ба ман дарс надоданд. Устоди аввалинам Шерматов дар колеҷи санъат мебошанд. Ман он ҷо 2 сол дар факултети шашмақом таҳсил гирифтам баъдан 2 соли дигар ба факултаи эстрадӣ интиқол гирифта дар он ҷо устодам Олимҷон Воҳидов шуданд. Устодони ман бисёр (механдад Озода)

Заррина: Дар ду соли таҳсил ва ё ки ҳозир бошад ҳам ягон бор дар жанри шашмақом суруд сароидаги ҳастед?

Озода: Ҳамон колеҷба хондагӣ будам аммо классики месароям. Чунон чи классики ба шашмақом наздиктар гуем ҳам хато намекунем. Ҳамон сурудҳои "Отаҷонам" "Опаҷонам" бо забони ӯзбекӣ ҳамааш классикист.

Заррина: Аз Озода Аҳатова мухлисони ҳунари овозатон чӣ муждагони интизор бошанд? Чӣ гуна сюрприз омода сохтед?

Озода: Спрприз туҳфа ва умуман мужда барои мухлисонам хеле зиёд аст. Асоситарини инҳо дар ҳамин рӯзҳои наздик консерт барпо карда истодаам вале рӯзашро намегуям ин бояд махфӣ монад. Аллакай реклама дар интернет дар сомонаҳо рафта истодааст. Дар консерт киҳоро ба меҳмони даъват  мекунему чӣ хел мухлисонамро пешвоз мегирам ва дигару дигар ҳамаашро ба реҷаи худ гирифтем аммо то ҳол ба як хулосаи аниқ наомадем. Вақте ки аз Душанбе ба Хуҷанд бармегардам ҳамроҳи режиссёри театрамон Қурбонҷон Бобоҷонов маслиҳат карда ҳамаи ин фикрҳоро як ҷо карда ба як хулосаи аниқ меоем.

Заррина: Забон донӣ-ҷаҳон донӣ гуфтиянд. Дар байни 15 руз  аст, ки ду суруди бо дигар забон сароидаи Шумо дар сомонаи ohang.tj манзури ҳаводорон гардид. Ин албатта бурди сароянда аст. Дар баробари ба забони милли боз бо якчанд забонҳои ҷаҳон сурудҳои эҷодӣ доред. Озодаро забондон гуем ҳам хато намекунем?

Озода: Аз суруди армани гуфта гузарем. Ин суруд ба ман хеле писанд омад. Асосан ин ба як сарояндаи пештара, ки пеш сароидааст тааллуқ дорад. Вақте дар Москва будам  дар радио гуш карда аз паси ҷустуҷуи ҳамин суруд гашта ёфтам баъдан ҳамроҳи арманиҳо шинос шуда забонашонро камтар бошад ҳам ёд гирифтам онҳо бо забони русӣ нависта доданд аз ёд карда дар Тоҷикистон ин сурудро ҳамроҳи ҳамсарам сабт кардем. Дар баробари ин боз бо забони франсузӣ, русӣ ва ӯзбеки ҳам суруд сароидаги ҳастам аммо гапа росташ намедонам. Аз паси омӯзиши забони франсузи ҳастам лек муаллими хуб наёфтам ҳамаашон муаллимони забони англисӣ ҳастанд ин давраи донишҷӯи буд. Ин ҳамаш шавқу ҳавас ҳасту ҳоло ба кори хона шуда, вақт нест барои омӯхтан. Кору фаъолиятам боз кори хона ки  полиз дорам помидор коштаги аз паси зиндагӣ дя (механдад). Суруди франсузи дар ҳамин шабу рӯз сабт кардем.

Заррина: Дар интиҳои  суҳбат  суханҳои нуҳуфтаю орзуҳои  Шумо ба сомонаи ohang.tj ва мухлисони ҳунаратон.

Озода: Сомонаи мусиқавии ohang.tj ҳама вақт дастгирӣ на танҳо ман ва дастгирӣ мана ҷавонони нав ба соҳаи санъат ворид гашта истода бошад. Ohang.tj гап нест! Ҳамеша ба пеш!  Бурдбориву комёбиҳо хоҳонам. Администратори ohang.tj Абдуҳакимро бисёр ҳурмат мекунам инчунин коргаронашро низ. Онҳо ҳама вақт маро дастгирӣ мекунанд. Вақте занг мезанам аз пушти ягон кор, не  вақтам нест гуфтаги гапашонро шунидаги  нестам. Илоҳо умрашон дароз шаваду то абад дустиамон мустаҳкам бошад. Ба мухлисон гуфтаниям, ки ҳамеша бо мо бошанд ва дар интизори сюрпризҳо шаванд, ҳатман дар консерт хоҳанд дид. Ба наздики ҳамаи азизони дилро ба консертам даъват менамоям. Аз ҳамин фурсати ғанимат истифода бурда ба Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон миннатдории хешро мерасонам, ки ба мо ҷавонон бовар карда, моро дар ҳама самт дастгирӣ менамоянд. 

Заррина: Ташаккури зиёд барои чунин сӯҳбати озоду самимӣ. Дар кору фаъолияти ҳама рўзаатон бурдбориҳо хоҳонем.Сарбаланду хонаобод бошед!

(с) Зарринаи Fайрат

Рейтинг пользователей: 0.0 ( 0 голосов )

0 комментариев

Оставьте комментарий