Умарҷон Қобилов: Устодам Афзалшоҳ Шодиев
Мусоҳиба

Умарҷон Қобилов: Устодам Афзалшоҳ Шодиев


Умарҷон Қобилов 13 - августи соли 1989 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ дар шаҳри Хуҷанд вилояти Суғд дар оилаи зиëи ба дунë омадааст. Меҳру муҳаббат нисбати  санъат аз хурди дар дили Умарҷон ҷой гирифта бо дуои волидайн соли 2004 ба мактаби мусиқии шаҳри Хуҷанд дохил мешавад ва пас аз хатм ба Консерваторияи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда соли 2013 хатм намуд. Айни замон дар театри ба номи Камоли Хуҷандӣ кору фаъолияташро идома дода истодааст.


Дилафрӯз: Салом Умарҷон мо  аз сомонаи мусиқавии Оҳанг.Тҷ хостем бо шумо дар арафаи консертатон сӯҳбате дошта бошем!

Умарҷон: Салом бениҳоят шодам аз чунин иқдоматон.

Дилафрӯз: Ташаккур барои чунин лутфу боварӣ.  Дар ин фасли зебои баҳориву серкорӣ пеш аз консерт барпо карданатон хостем аз рафти тайёрии консерт бохабар бошем.Омодагиҳо чигуна аст?

Умарҷон: Хуб бе ягон монеа кӯшиш мекунам, ки маълумоти муфассал дар бораи консертам бидиҳам. Омодагиҳо хеле хуб рафта истодаст, фикр мекунам хушу хотирмоне хоҳад шуд. Аз ин фурсати муносиб истифода бурда мухлисонамро ба консертам, ки санаи 9 - май яъне дар рӯзи Ғалаба дар театри Камоли Хуҷандӣ  бо унвони "Авҷи парвоз" баргузор мегардад, даъват менамоям.

Дилафрӯз: Сабаби "Авҷи парвоз" номгузорӣ кардани консерт дар чист? Чӣ магар Шумо нав  дар соҳаи санъат ба авҷи парвоз расидед?

Умарҷон: Не хоҳари азиз сабаб ин нест. (механдад) Бо ташаббуси Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам,  Эмомалӣ Раҳмон соли 2017- соли Ҷавонон эълон гардид. Аз сабабе, ки дар соли ҷавонон консерти навбатиям баргузор гардида истодааст бо ҳамкорону дӯстон якҷоя маслиҳат карда ба ҳамин қарор омадем. Зеро, Ҷавонӣ худ як зинаи парвоз ба зиндагии оянда мебошад ва ҳамеша ба қуллаҳои баланди зиндагӣ расидани ҳамаи ҷавононро орзумандам. Бигзор ҳамеша дар авҷи парвоз бошанд.

Дилафрӯз: Умарҷон фосилаи байни консертҳоятон тӯлонист. Омили асосии ин дар чист? Шояд аз санъат, саҳна дур гаштаед?

Умарҷон: Дар байн масофаи зиёд доштанаш, сабаби асосиаш дар он буд, ки дастаи фарҳанги вилояти Суғд дар вилояти Бадахшон буданд. Рӯзе, ки ман мехостам консерт монам, яъне 9 май бо кори давлат дар хизмати халқ дар ҳамин вилоят будем консерт монда натавонистам. Худоро шукр мана имсол тасмим гирифтам санаи 9-уми май насиб бошад консерт баргузор мегардад!

Дилафрӯз: Овозае байни мардум ҳаст, ки - "Умарҷон Қобилов аз оилаи санъаткор несту худ ягона намоянда дар оила, санъаткор мебошад?" 

Умарҷон: Бале ин рост аст. Рости аз хурди ба ҷодаи санъат шавқи зиëд доштам гарчанде дар авлоди мо касе санъаткор нестанд ва падарам кам кам завқи суруд хондан доштанд ва маҳз бо дастгирии падарам ман ба ҷодаи санъат қадам гузоштам. Умуман ҳамаашон мехостанд, ки дар оиламон ҳунарманд бошад ва ман ин масъулиятро ба ӯҳда гирифтам. Мақсади камина ин аст, ки бо суруду таронҳои дилнишин ба дили мухлисон роҳ ëфта саҳми худро дар ҷомеа гузошта бошам.

Дилафрӯз: Суруди аввалинатон чӣ гуна тавлид шудааст ва Шуморо ки ба роҳи санъат роҳнамун сохт?

Умарҷон: Суруди аввалинам "Хоҳар" ном дошту давоми 11 - соли мактабхониам дар баробари ин дар мактаби санъати ба номи Лоиқ Шералӣ таҳсил намудам ҳамон давраҳо тавлид ёфта буд. Ба роҳи санъат роҳнамун сохтан сабабгор аввалан падарамро медонам ва баъдан мухлиси Афзалшоҳ Шодиев будам ва ҳаряк фитаҳои устодро дастрас кардаву тамошо мекардам ва ишон маро ба ин ҷода раҳнамун сохтанд.

Дилафрӯз: Дар тӯли фаъолият чанд албоми худро пешкаши мухлисон намудед?

Умарҷон: То индам се албоми худро пешкаши мухлисон намудам ва ният дорам дар ҳамин сол боз чорумин албоми худро бо суруду таронаҳои навин ва оҳангҳои дилангез пешкаши мухлисонам намоям.

Дилафрӯз: Беҳбудии эстрадаи тоҷикро дар чӣ мебинед?

Умарҷон: Беҳбудӣ ба ҳарҳол хуб аст,ҳар як санъаткор касби худро дӯст медоранд ва суруду оҳангҳои пурмазмуну дилчаспе эҷод мекунанд ва хулоса ҳама кӯшиш карда истодаанд.

Дилафрӯз: Дар зиндагӣ аз чӣ ҳарос доред?

Умарҷон: Аз гирифтор шудан ба ғазаби Худованд  ва  аз дуои бади халқ метарсам, ки Аллоҳ ҳамеша аз ин ҳаросҳо нигоҳ дорад.

Дилафрӯз: Медонед чӣ? Бештари санъаткорон оиладор будани худро пинҳон медоранд , гӯë ба қавли онҳо сафи мухлис духтаронашон кам мешуда бошад, ақидаи Шумо дар ин бора?

Умарҷон: Аҷоиб савол (механдад) дигаронро намедонаму ман пинҳон намекунам, дар куҷое, ки чунин савол диҳанд бо як меҳру муҳаббат ва бо сари баланд мегӯям ки шукри Аллоҳ оиладор ҳастам, ҳамсари меҳрубон ва соҳиби гулдухтари дӯстрӯяке ҳастам, аз ин шукргузорам ва ягонҷои пинҳонӣ нест.

Дилафрӯз: Умарҷон барои ба чунин муваффақиятҳо расиданатон аз ки сипосгузоред?

Умарҷон: Ташаккур, банда барои ба чунин мартабаҳо расиданам аввал аз падарам баъдан аз устодам Афзалшоҳ Шодиев миннатдорам, ки тӯли 8- сол бо ишон шогирд ҳастам ва то ҳол ҳамкорӣ дорам ва устодани дигар ба монанди Ҳомидов Давронҷон, Мастона Эргашова, Ҳоҷи Музаффар Муҳиддинов, Хуршед Иброҳимов ва дигарон ба ман ҳаққи устодӣ доранд, ки аз ҳамаашон сипосгузорам.

Дилафрӯз: Нигоҳи шумо ба сомонаи мусиқавии ohang.tj чӣ гуна аст, ва аз кай боз ҳамкорӣ доред?

Умарҷон: Бо сомонаи ohang.tj  ягона сомонаест, ки суруду таронаҳои моро ба мухлисон мерасонад, воқеан хеле пешрафта аст ва ман аз аввали ташкилëбии ин сомона, ки масъулаш Абдуҳакимҷон Абдуфаттоев мебошанд, ҳамкорӣ дорам ва боз ҳам барор хоҳонам.

Дилафрӯз: Ташаккур аз лутфе, ки нисбати сомонаи мусиқавии ohang.tj доред, ва барои сӯҳбати хушу ошкоро сипосгузорем.Ҳамеша сабаланду хонаобод бошед ва дар корҳоятон бурдбориҳо дар консертатон, ки рӯзҳои башумор мондааст муваффақиятҳои навин таманно дорем!

Умарҷон: Муташаккирам, саломат бошед!

Сӯҳбаторо: Дилафрӯзи Ҳафиз

Рейтинг пользователей: 0.0 ( 0 голосов )

0 комментариев

Оставьте комментарий