ТОП 10 (моҳи Март)
Хабарҳо

ТОП 10 (моҳи Март)

Маъмурияти сомонаи мусиқавии OHANG.TJ қарор додем, ки 10 таронаи беҳтаринро аз рӯи шумораи бисёртар зеркаш (скачать) шудаи моҳи мартро тартиб диҳем. Инак, бештар аз ҳама суруде, ки дар сомона аз миёни сурудҳо ба кадоме таваҷҷуҳ зоҳир намуда зеркаш карданд? Беҳтарини беҳтаринҳо аз назари ҳаводорони OHANG.TJ кадом суруд аст? Бо сурудҳои ҷаззобаш Фараҳманд Каримов? Анвар Ахмедов? Ё шояд Гуласал Пӯлотова? НЕ - НЕ!!! Дар ҷои аввал нигини эстрадаи тоҷик Нигина Амонқулова бо суруди "БОВАР НАКАРДАМ" Шояд барои баъзеҳо ғайри чашмдошт бошад, аммо таъкид кардан ҷоиз аст, ки як суруди дигари ин бонуи ҳунар Нигина Амонқулова бо суруди ҷадидтарини худ "МОДАР ФАРИШТА БУД" айнан бо ҳамин суруд ӯ боз тақрибан ҳамин миқдор зеркаш шудааст, аз рӯи натиҷаҳо дар ҷои дуюми рейтинги мо қарор дорад. Хуб, дар ҷои сеюм кист? Дар мавқеи сеюм нафаре ҷой гирифтааст, ки бисёриҳо шояд чашмдор буданд ӯро дар зинаи баландтарини ин рейтинг бинанд. Аммо ӯ Фараҳманд Каримов бо суруди тозаэҷоди хеш "Я ПОМНЮ" пайи 5 рӯзи баромади суруд тавонист дар ҷойи боифтихори сеюм ҷойгир бошад. Навбат ба ҷои чорум. Акнун, ҳаводорони азиз, боз бештар ба ҳайрат меоед, зеро сурудҳои ин нафар вақтҳои охир дар сомона кам ба назар мерасид, мавқеи чаҳорумро Валиҷон Азизов бо суруди "МОДАР" ишғол намуд. Бону Мино бо суруди забони хориҷӣ "МЕРСИ" дар ҷойи панҷум буда, Анвар Ахмедов ва Гуласал Пӯлотова боз бо як дуети якҷояи ҳамдигар дар ҷойи шашум тасмим гирифтанд. Бо суруди "БЕВАФО" - и хеш Шаҳзода дар рейтинг дар ҷои ҳафтум, ҷойи ҳаштум бошад аз рӯи зеркаши зиёд ба Гуласал Пӯлотова бо таронаи "ДУШМАНАТ" насиб гардид. Дар хотима хабар медиҳем, ки боз нафарони боло зикр шуда Анвар Ахмедов бо таронаи бо суруди "МУСОФИРОН" мавқеи нуҳум ва Гуласал Пӯлотова бо "МОДАРИ МАН" ҷои фахрии даҳумро дар рейтинги мо ишғол кардаанд. Инак, рӯйхати 10 суруд таронаи писандидатарини сарояндагонро аз рӯи зеркаш кардани ҳаводорон пуррагӣ манзуратон мегардонем:


1. Нигина Амонқулова - "Бовар накардам" 1993 (скачать)
2. Нигина Амонқулова - "Модар фаришта буд" 1597 (скачать)
3. Фараҳманд Каримов - "Я помню" 1309 (скачать)
4. Валиҷон Азизов - "Модар" 1200 (скачать)
5. Мино - "Мерси" 1027 (скачать)
6. Анвар Ахмедов ва Гуласал Пулотова - "Аҷаб зебои ту" 950 (скачать)
7. Шаҳзода - "Бевафо" 638 (скачать)
8. Гуласал Пулотова - "Душманат" 577 (скачать)
9. Анвар Ахмедов - "Мусофирон" 547 (скачать)
10. Гуласал Пулотова - "Модари ман" 539 (скачать)


Омодасоз: ЗАРРИНАИ ҒАЙРАТ 

Рейтинг пользователей: 0.0 ( 0 голосов )

0 комментариев

Оставьте комментарий