Шаҳнозаи Хушбахт: “Дар оянда бо касе, ки ҳамхона шавам, маро бо санъатам қабул кунад.”
Мусоҳиба

Шаҳнозаи Хушбахт: “Дар оянда бо касе, ки ҳамхона шавам, маро бо санъатам қабул кунад.”

  Шаҳнозаи Хушбахт як нафар сарояндаи навкору чавон. Донишҷӯи бахши дуюми Консерваторияи миллии Точикистон. 13 августи соли 1996 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи раками 1-и шаҳри Ваҳдатро хатм карда соли 2016 ба донишгоҳ дохил шудааст. 3 сол мешавад, ки бо ҳамроҳии оилааш дар шаҳри Душанбе зиндагӣ дорад.

Чинигул: Ассалом алейкум, рӯзатон ба хайр бод. Фурсат доред, барои сӯҳбат кардан, то лаҳзае аз ҳаёти шумо пурсон шуда бошем?

Шаҳноза: Ваалейкум салом, раҳмат. Марҳамат.

 

Чинигул: Чӣ боис гардид, ки Шумо маҳз сарояндагиро интихоб кардед?

ШаҳнозаРости аз хурдӣ вақте сарояндаҳо дар телевизионҳо баромад мекарданду ҳунарнамоӣ мекарданд ба шавқ тамошо карда ба онҳо ҳавасам меомад. Дар дил аз хурдӣ орзуи сароянда шуданро доштам. Вақте ки калон шуда ба воя расидам, насибу тақдир будааст, ки ба ин рӯз ҳам расидам.

 

Чинигул: Шумо оиладоред?

Шаҳноза: Не ман то ҳол шавҳар накараам. Таҳсил дорам.

Чинигул: Шоҳзодаи орзуҳоятонро чӣ хел тасаввур карданиед?

Шаҳноза: То ҳол фикрашро накардаам. Барои фикр кардан ҳам барвақт аст.

Чинигул: Дар ин ҷода кӣ Шуморо дастгирӣ мекунад?

Шаҳноза:  Маро аслан модар ва бародари калониам дастгирӣ мекунанд. Ҳамаи он маблағе, ки сарф мешавад, аз иқтисодиёти хонаводаамон мебошад.

Чинигул: То имруз чанд суруд тавонистед, ки сароида бошед?

Шаҳноза: Ман нав се ё чор суруд пешкаши омма кардам. Боз дар оянда кӯшиш дорам, сурудҳои нав замзама кунам. Аз сурудҳоям 2-тояшро клип кардем. Боз як суруди дигарро ба наворгирӣ омода намуданро дар нақша дорем. Як моҳ пештар суруди “Ватан”-ро пешкаш карда будам.

Чинигул: Кадом дастровардҳоро ноил гардидаед?

Шаҳноза: Ман ба бисёр дастовардҳо то имрӯз ноил шудам. Беш аз 15 сурудро тайёр карданӣ ҳастам, ки пешкаш мекунам. Ҳамин бароям дастоварди хубест. Дастоварди дигар ҳамин аст, ки номи пуршарафи донишҷӯро сазовор ҳастам ва дар донишгоҳ таҳсил дорам.

Чинигул: Вақтхои фориғ аз зиндагӣ бо чӣ кор машғулед?

Шаҳноза: Дар вақтҳои холигӣ ба кино меравем. Сайру гашти Душанбе. Баъдан дар фурсати холигӣ ба сароидан машгул мешавам. Бисёри вақтам дар консерватория мегузарад. Дар он ҷо машқу тамрин мекунам, барои беҳтар шудани маҳсули корамон.

Чинигул: Матни сурудҳое, ки месароед, аз куҷо дастрас мекунед, ё худ эҷод мекунед?

Шаҳноза: Не, ман то ҳол эҷод накардаам. Бастакори ман Даврони Рахматзод мебошанд. Оҳангҳои ман ба ҳамон нафар таалуқ дорад. Матнҳои сурудро як нафар ҳамкори Даврони Раҳматзод бо ном Эҳсон менависанд.

Чинигул:  Аз сароидани суруд ё хама корҳое, ки мекунед, чӣ ҳаловат мебаред?

Шаҳноза: Вақте бо дӯстони ҷонӣ якҷо мешинем, лаҳзаҳои хотирмону хуш дар хотирам накш мебандад. Ҳамин барои ман кифоя аст. Ҳамин қадар ҳаловат мебарам, агар дар иҳотаи дӯстон бошам.

Чинигул: Нигоҳи дӯстонатон ба Шумо чӣ хел аст?

Шаҳноза: Дӯст он бошад, ки гӯяд дар  рӯи дуст айби дӯст. Ҳар чӣ камбудиҳое, ки аз тарафи ман мешавад, маслихатҳо медиҳанд, инаш дуруст ва ё инаш инхел мешуд гуфта хамсӯҳбат мешавем, чун онҳо дӯстони наздики мананд. Ман онҳоро зиёд дӯст медорам.

Чинигул: Киро ҳамчу дӯсти наздик меҳисобед?

Шаҳноза: Аз ҳама дӯсти наздиктарини ман дар зиндагӣ модарам аст. Бисёр маслиҳатхоро аз он кас пурсон мешавам. Ягон модаре нест, ки фарзандашро  ба роҳи бад равона кунад. Вақте сарояндагиро оғоз накарда будам, модарам маро бо корҳои хона банд мекарданд. Бояд ин хел кунӣ, пагоҳ ба шавҳар бароӣ даркор мешавад, гуфта бо корҳои хона машғул мекарданд. Вақте сарояндагиро оғоз кардам боз насиҳат мекунанд, ки вақте рӯи сахна баромадӣ чӣ хел либос бояд пӯшид. Бо либоси миллӣ бояд баромад кунӣ. Бисёр маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Вақте ман ба гапи он кас гӯш медиҳам ба фоидаи ман мешавад. Баъдан омада миннатдорӣ баён мекунам.

Чинигул: Идеали шумо аз сарояндгони машҳури чаҳон киҳо мебошад?

Шаҳноза: Ман бисёртар Гугуш ва Лайлоро гуш мекунам. Дар зери навои Гугуш бисёртар карор дорам. Ҳама вақт Гугуш гӯш мекунам. Барои ман писанд аст, садову симо ва рафтори ӯ.

Чинигул:  Бо ки то имрӯз тавонистед бадеҳа ё ба истилоҳе дуэт сароидед?

Шаҳноза: Ҳоло нахондем вале дар нақша ҳаст. Бо як репсарои тоҷик Шаҳбоз (Шон МС) якумин сурудамро сароида будам. Номи суруд “Бади борон”. Матни ин сурудро як ҳунарманди ҷавону боистеъдод Ҳасани Чилла навиштааст.

Чинигул:  Аз кори бисёр ё аз сароидан дилгир мешавед?

Шаҳноза: Асло дилгир намешавам. Агар дилгир ҳам шудам, ба худ иҷозат намедиҳам, ки ҳамин гапро гӯям. Вақте инсон мехоҳад, ки як корро ба субот расонад, ӯ бояд корашро дӯст дорад. Барои ба мақсад расидан, ба қуллаҳои баланд баромдан аввал хамон касбе, ки сари рохи худ гузоштааст дӯст дорад. Ман бениҳоят касбамро дӯст медорам ва хеҷ вақт дилгир нахоҳам шуд. Вақте ман ҳамин ҷодаро интихоб кардам, пеш аз ҳама фикр кардам, ки рӯзе агар дилгир шудам, чӣ бояд кард. Ба ақиб гашт ё ба ақиб. Ман ҳама вақт кӯшиш мекунам, ки ба пеш ҳаракат мекунам. Аз сафи ҳамкурсони худ ва дигар ҳофизон дур набошам. Барои ҳамин ман аз корҳоям дилгир намешавам. Баъзан мушкилиҳо дорад. Санъат роҳи душвор аст. Баъзан мушкилиҳои сахт пеши роҳ меояд. Новобаста ба ин ҳамаи ин мушкилотро паси сар карда, оҳиста-оҳиста гузашта истодаам.

Чинигул: Дар саҳнаи калон суруд хондед?

Шаҳноза: Бале, бисёр суруд хондаам. Даъват мекунанд ба саҳнахои калон. Гарчанде шумораи сурудҳоям бисёр нест, вале ба хар куҷое даъват карданд ман рафта суруд хондаам ва ҳамзамон худро муаррифӣ кардам.

Чинигул: Вақте бори аввал ба саҳна баромадед, чи ҳиссиёт Шуморо фаро гирифта буд?

Шаҳноза: Пеш аз ба саҳна баромадан каме тарс доштам. Рӯ ба рӯи мардуми бисёр баромад накарда будам. Бо вуҷуди ин ман чунин рафтор кардам, ки ин вонамуд нашавад. Ба худ бовар карда, ба саҳна ба назди мардум баромадам.

Чинигул: Пеш аз бо мардум рӯ ба рӯ шудан, ягон машқро омӯхта будед?

Шаҳноза: Не. Баъди пешниҳоди як клип ба баромадҳо даъват мекарданд. Дар сабти клип  аз ҳама бисёраш 10-15 нафар дар наздам ҳастанд. Дар рӯи саҳна бошад ҳазорон нафар маро мебинанд. Дар аввал тарс доштам вале бо мурури замон ҳамаи ин паси сар шуд. Ҳоло қавиирода ба саҳна мебароям, гӯё ҳама як инсон бошанд.

Чинигул: Вақте ба саҳна бори аввал баромадед, назари мардум чигуна буд?

Шаҳноза: Рости ман нигоҳи онҳоро ба худ муайян карда наметавонам. Нигоҳи халқ аст, халқ худашон муайян мекунанд. Ҳар чи онҳо мегӯянд, барои ман қабул аст.

Чинигул: Лаҳзаи хотирнишин дар ҷодаи сарояндагӣ.

Шаҳноза: Вақте ман суруд мехонам, агар мардум қарсак зананд барои ман ҳамон хотирнишин аст. Ин бароям як ҷаҳон хушбахтист. Дигар чизе даркор нест. Вақте ба кӯча мебароям кӯдакон маро дида чор мисра суруди “Баъди борон”-ро замзама мекарданд. Аз ин хеле хушҳол мешудам.

Чинигул: Бармеояд, ки мусиқиро хеле дӯст медоред. Мусиқӣ барои Шумо чист?

Шаҳноза: Мусиқӣ зиндагии ман аст, Мусиқӣ ба одам рӯҳу илҳоми тоза мебахшад. Вақте фикри одам парешон аст агар ба гӯш кардани мусиқӣ машғул мешавад, асаб орому худ як руҳияи тозае мегирад. Ба фикри ман таскинбахши қалб ва рӯҳу ҷони ман мусиқӣ аст, дигар чӣ нест.

Чинигул: Асоси зиндагиатон аз чӣ иборат аст?

Шаҳноза: Аслан зиндагӣ як саҳнаест, ки мо бояд дар он нақш бозем ва пирӯз гардем. Зиндагиро бидуни саҳна, дӯстон ва хонаводаам тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бе будани инҳо наметавонам. Вақте ман дар иҳотаи хонавода ҳастам, дӯстон ва санъатамро дуст медорам. Зиндагиро бе онҳо тасаввур накардаам.

Чинигул: Мақсади Шумо дар зиндагӣ.

Шаҳноза: Дар зиндагӣ ягона мақсаду мароми ман фақат ба қуллаҳои баланди санъат баромадан ва ҳаминро пешаи худ кардан мебошад.

Чинигул: Дар оғози пайгирии пешаи сарояндагӣ чӣ мушкилиҳоро паси сар кардед?

Шаҳноза: Вақте ман ба Консерваторияи миллӣ дохил нашуда будам, якумин сурудамро аз завқ хонда будам. Бароям сароидан душвор буд, барои он ки аз нозукихои сарояндагӣ бархурдор набудам. Танқисӣ мекашидам, маслиҳат мепурсидам аз атрофиёнам, барои корам хуб баромаданаш. Вақте аллакай донишҷӯ шудаму аз нозукиҳои ин пеша бахраманд шудам, бароям хаммаи ин осон менамуд.

Чинигул: Агар интихоби ду рох дар пешатон мебуд, яке давом додани фаъолият дигаре бунёди оила. Кадомеро интихоб мекардед?

Шаҳноза: Ман аввал санъатамро пеш мебарам, то чое ки маро хама шиносанд, маҳбуби ҳамагон шавам. Халқ маро дӯст доранд. Баъдан оиладор мешавам, аммо ман санъатамро хеҷ вакт тарк намекунам. Дар оянда бо касе, ки хамхона шавам, маро бо санъатам қабул кунад.

Чинигул: Дар соли навини 2018 чӣ нақшаҳо доред?

Шаҳноза: Аз оғози соли 2018, ҳамон шаби Соли нав ман дуо кардам, ки ҳамин соли бароям соли эҷод бошаду бигзор соли ман бошад. Мехохам, ки дар ин сол беҳтарин сурудҳоро пешкаши мухлисон намоям. Корҳоям пеш равад. Бо эҷоди сурудҳо нав машғул шавам ва дар корҳоям мувафаққият мехоҳам. Орзу мекунам, ки ба мисли устодони санъат мо ҳам номбардори ватану миллати худ шавем. Маҳбуби халқ бошем ва шогирдонро тарбия карда тавонем.

Чинигул: Таманниёти Шумо барои мардуми тоҷик.

Шаҳноза: Бо соли нави омада табрик мегӯям. Сипосгузорам ба сомонаи ohang.tj, ки маҳз бо ман ҳамсӯҳбат шудед. Ба кулли мардуми тоҷик сарбаландӣ, хонаободӣ, тансиҳатӣ ва зиндагии осударо таманно дорам, ҳамчунин ба Шумо низ.

Чинигул: Ташаккури зиёд мо низ бароятон қуллаҳои баланди санъатро таманно дорем. Ахиран пурсиданиям, Шумо худро хушбахт мехисобед?

Шаҳноза: Бале, албатта, чаро не. Вақте инсон дар рӯи замин зиндагӣ мекунад, ҳамин барояш хушбахтист. Гарчанде хеҷ чиро ба даст наоварда бошад ҳам. Шукр ки пои равон дорем, ҳар чи мехоҳем мекунем. Дар ватани озоду обод ва соҳибистиқлол зиндагӣ дорем. Ин бароям хушбахтист.

Чинигул: Сипос барои сӯҳбат. Суҳбат самимӣ буд. Ҳамеша хамин тавр хушбахт бошед. Хушбахтӣ ҳамраҳи шумо бошад.


Суҳбаторо: Чинигул Олимова

Рейтинг пользователей: 0.0 ( 0 голосов )

0 комментариев

Оставьте комментарий