Рустам Азимӣ: “Аз гирифтани тӯҳфаҳои пурарзиш ҳарос дорам!”
Мусоҳиба

Рустам Азимӣ: “Аз гирифтани тӯҳфаҳои пурарзиш ҳарос дорам!”


18-уми окятбр, яъне тирамоҳи соли 1989 дар деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент, дар оилаи омӯзгор тифлаки дӯстрӯяке ба дунё меояду падар ба ӯ бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат Рустам ном мениҳад. Ӯ дар зери навои дутори падараш ба воя мерасад. Маҳз ҳамин садои дилнишин сабаб шуду Рустам барои худ пешаи санъаткориро касб кард. Соли 1995 дар синни 5-солагӣ ба мактаби деҳаи Некнот ба номи Файзулло Ансорӣ ба синфи якум қадам ниҳодааст. Вақте соли 2000 Рустам ва аҳли оилааш аз шаҳри Панҷакент ба шаҳри Хуҷанд кӯч мебанданд, Рустам таҳсилро дар мактаби рақами 11-и ба номи Ҷӯра Зокир идома медиҳад. Пас аз хатми синфи 9-ум, яъне соли 2004 ҳуҷҷатҳояшро ба Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд супорида, соли 2008 он ҷоро хатм мекунад. Аввалин маротиба соли 2014 бо сурудҳои ошиқонаи хеш ба саҳнаи ҳунар пой гузошту имрӯзҳо теъдоди мухсилонаш рӯ ба афзоиш ниҳодаанд. Садои дилнишин дораду дар интихоби мусиқӣ ва мавзӯи суруд ниҳоят ҷиддӣ аст. Пеш аз ҳама нафарест дар азмаш устувор ва дорои иродаи қавӣ. Бо боварӣ ба пеш қадам мениҳад ва аз ҳеҷ шикасту рехт ҳарос надорад. Ин аст дар зиндагӣ шиори Рустам. Чун мо хабардор шудем, ки Рустам Азимӣ яку якбора дар чандин шаҳру ноҳияи вилоят силсилаконсерти худро баргузор намудааст, шитофтем барои ҳамсӯҳбат шудан бо ӯ. Инак фишурдае аз мусоҳибаамонро манзури шумо менамоем.


Сомон: -Ассалому алейкум!

Рустам Азимӣ: -Ваалейкум бар салом!

Сомон: - Аз сомонаи www.ohang.tj ҳастам, Шуморо нороҳат мекунам. Мехостам атрофи ҳаёту фаъолияти шумо ба ҳам сӯҳбате дошта бошем?

Рустам Азимӣ: - Не, нороҳат нестам, баръакс хушҳолам, ки аз чунин сомонаи бонуфуз бо ман дар сӯҳбат ҳастед. Марҳамат, ман кӯшиш мекунам, ки то қадри имкон ба суолҳои Шумо посух бигӯям.

Сомон: - Мо, аҳли кормандони www.ohang.tj сараввал Шуморо барои ботантана баргузор намудани барномаҳои консертӣ табрик менамоем. Лутфан, ба мо бигӯед, ки чӣ гуна ба Шумо муяссар гашт, то дар як муддати кӯтоҳ қариб дар чанд шаҳру ноҳия барномаи консертӣ баргузор намоед?

Рустам Азимӣ: - Ташаккури зиёд! Шурӯъ аз 20-уми март то 14-уми майи соли равон ман бо дастаи ҳунарии хеш дар шаҳри Панҷакент ва ду ҷамоати ин шаҳр 4 баст, дар ноҳияи Айнӣ 1 баст, дар шаҳри Истаравшан 1 баст, дар ноҳияи Конибодом 1 баст, дар ноҳияи Ашт 1 баст ва баъдан дар маркази вилоят, дар Кохи Рӯдакӣ 2 баст барномаи консертии хешро баргузор намудам ва мухлисон маро хеле хуш пазируфтанд. Ростӣ, ман аз хурдӣ бисёр мехостам, ки дастаи ҳунарии хешро дошта бошам ва мо аҳли гурӯҳ якҷо нишаста бо тамоми кӯшиш санъати тоҷикро пеш барем. Соли 2015 ман бо Бунёд Расулов ва Фурқат Қайюмов шинос шудам, ки онҳо, дар ҳақиқат, ҳунари воло доранд. Ман бо онҳо якҷоя шуда, дастаи ҳунарии хешро таъсис додем ва имрӯз Бунёдҷон роҳбарии дастаро ба ӯҳда доранд. Инчунин, онҳо гиторнавоз ва оҳангсози чирадаст низ ҳастанд, ки қариб ҳамаи сурудҳои албоми ман маҳсули заҳматҳои ин ду бародар аст. Натиҷаи чунин якдиливу бародарӣ ва заҳмату меҳнати шабонарӯзӣ буд, ки баргузор намудани чунин силсилаконсерт барои ман муяссар гашт.

Сомон: - Сарояндаҳоеро медонам, ки тӯли чандин сол аст дар саҳнаанд, аммо то ҳол наметавонанд консерти алоҳидаи худро баргузор намоянд. Сирри муваффақияти Шумо ҳамчун як санъаткоре, ки ба тозагӣ ба саҳна қадам ниҳодаед ва аллакай мухлисони бешумор дореду консерт низ барпо намудаед, дар чист?

Рустам Азимӣ: - Ростӣ, намедонам. Шояд интихоби дурусти матн ва ё шояд садоям писанд бошад, ки ман дорои мухлисони зиёд ҳастам. Бояд як чизро қайд намоям, ки сирри пешравии ман ин дуои падару модарам аст. Падарам дар вақташ сароянда шудан мехостаанд, вале бо сабаби набудани шароити иқтисодӣ он кас ба орзуяшон нарасидаанд. Вақте ман ин соҳаро интихоб намудам, падарам ба ман дуои нек доданд. Бо дуои неки падару модарам ман имрӯзҳо муваффақу пешгом ҳастам.

Сомон: - Дар баргузор намудани консертҳо ва сабти таронаву клипҳоятон кӣ Шуморо сарпарастӣ мекунад?

Рустам Азимӣ: - Барои сабти суруду клиптаронаҳоям бевосита худам меҳнат мекунам. Падарам мудом ба ман дар ин корам кӯмак мекунанд ва ибтикорҳои нав ба нави маро дастгирӣ менамоянд. Инчунин, имсол як модари меҳрубон, ки санъати маро хуб қабул кардаанду мухлиси ман шудаанд, ба ҳамаи корҳоямон дасти ёрӣ дароз намуданд ва барномаҳои консертӣ низ маҳз бо кӯмаки ҳамин модари азиз барпо гардид. Барои ҳамаи меҳрубонӣ ва дастгирӣ аз эшон миннатдорам.

Сомон: -Сабаби ба худ “Азимӣ” тахаллус касб карданатон дар чист?

Рустам Азимӣ: -Номи падари бузургворам Азим аст ва ман қарор додам, ки ба саҳна на бо насаби падарам, балки бо номи муаззамашон қадам ниҳам. Яъне, Рустам Азимӣ. Мехоҳам бо чунин номе, ки маънояш “бузургӣ” аст, корро шурӯъ намоям ва шояд ин ҳама гувоҳи дар оянда бузург шудан аст?! Як орзуву як амал ин Рустам ва Азимӣ!

Сомон: - Бо сомонаи www.ohang.tj кай ҳамкориро оғоз кардед ва ин ҳамкориҳо чӣ натиҷа дода истодааст?

Рустам Азимӣ: - Ин сомона барои осон дастрас намудани таронаҳои мо сабаб шуд. www.ohang.tj пешбарандаи тамоми корҳои мост. Аз директори он Абдуҳаким Абдуфаттоев миннатдорам, ки бандаро мудом дастгирӣ мекунанд.

Сомон:- Чун имсол аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли ҷавонон” эълон гардид, назари Шумо ҳамчун як ҷавони то андозае муваффақ чӣ гуна аст?

Рустам Азимӣ: - Аввалан сад маротиба шукр мегӯям, ки чунин Пешвои одилу оқил дорем. Сониян, чун имсол Соли ҷавонон эълон шуд, тӯҳфаи беҳтарин аз ҷониби Сарвари давлатамон буд. Дар ин сол ҳамаи дарҳо ба рӯи мо боз буданд ва мо чӣ орзуву нияте доштем, қисман амалӣ намудем.

Сомон: - Дар интихоби матни суруд бештар ба кӣ такя мекунед ва бо киҳо ҳамкорӣ доред?

Рустам Азимӣ: - Агар матне ба ман ва ба оҳангсозам писанд ояд, аз рӯи ин матн каме кор карда мувофиқи он оҳанг месозем. Агар оҳанги хубе эҷод шавад, мувофиқи он матн ҷустуҷӯ мекунем. Инчунин, бо устод Озарахш ва Синои Абӯалӣ пайваста ҳамкорӣ дорем.

Сомон: -Баъзе аз санъаткорон ба хотири шӯҳрат ин пешаро интихоб мекунанд ва бархеи дигар ба хотири сарват. Шумо ба кадом хотир ин пешаро интихоб намудед?

Рустам Азимӣ: -Зиндагӣ худ майдони мубориза аст ва барои дар ин майдон мубориза бурдан бояд касберо интихоб кард. Ин пешае, ки ман интихоб намудам, барои ман ҳам сарват меораду ҳам шӯҳрат ва танҳо ба як шарт. Ба шарте ки мо ин роҳи интихобкардаи худро бо покӣ тай намоем ва барои ба ҳадаф расидан, содиқона ва аз самими қалб кор кунем. Ҳамаи ин заҳматҳо дар ин дурӯза дунё ба хотири орому осуда паси сар кардани зиндагӣ аст.

Сомон: - Овозае ба гӯши мо расид, ки гӯё як мухлисдухтари сарватманде ба Шумо калиди мошин ҳадя намудааст ва ин дар хона боиси сар задани муноқиша миёни Шумову ҳамсаратон гаштааст. Ин овоза то куҷо ҳақиқат дорад?

Рустам Азимӣ: - Албатта чунин пешниҳодҳо зиёд буданд ва ҳоло ҳам идома доранд. Ман ба ҳамаи онҳое, ки ҳунару санъати маро бо чунин тӯҳфаи пурарзиш қадр мекунанд, ҳаминро мегӯям, ки ҳамеша сиҳату саломат бошанд. Аз касе ба ман чизе лозим нест. Мухлисонам танҳо зинда бошанду навгониҳои ҳунари маро пайгирӣ кунанд, ман аз замин то ба осмон аз онҳо миннатдорам. Бояд қайд кунам, ки ман аз гирифтани чунин тӯҳфаҳои пурарзиш ҳарос дорам.

Сомон: - Дар тӯю маъракаҳои мардум иштирок мекунед ё худро аз чунин чорабиниҳо канор мегиред?

Рустам Азимӣ: - Касбе, ки ман интихоб намудам ин худ хизмат ба мардум аст. Албатта, ҳамеша дар пайи обод кардани маъракаҳои эшон ҳастам.

Сомон: - Агар дар оянда ба Шумо таклиф кунанд, ки коратонро бо тамоми шароити замонавӣ дар хориҷа идома диҳед, қабул мекунед?

Рустам Азимӣ: - Ҳаргиз! Ман худро бе ин Ватану ин мардум тасаввур карда наметавонам. Бидуни кӯчаҳои ин Ватан, бидуни як қатра обу як зарра хоки ин Ватан ман хушбахт буда наметавонам.

Сомон: - Дар оянда чӣ нақшаву ниятҳои нек доред?

Рустам Азимӣ: - Албатта, ҳар як санъаткор, пеш аз ҳама мехоҳад дар эҷоди суруду оҳангҳои нав пешқадам бошад ва чизеро омода намояд, ки мардум хуб пазироӣ кунанд. Ман ҳам нақша дорам, ки дар оянда боз ҳам дар интихоби суруду мусиқӣ ҷиддитар бошам ва дарди мухлисонамро бисароям. Ният дорам, ки дар фасли тирамоҳ бо як барномаи консертӣ ба пойтахт биравам.

Сомон: - Дар охир таманниёти шумо ба мухлисонатон ва ба ҳаводорони сомонаи овозадори www.ohang.tj?

Рустам Азимӣ: - Ба ҳамаашон саломатии бардавом, хонаи обод ва рӯзгори некро таманно дорам. Бигзор ҳамеша сарбаланд бошанду боз ҳам ҳунару санъати моро бештар қадр намоянд. Мухлисон ҳастанд, ки мо ҳастем. Агар онҳо набошанд мо ҳеҷем.

Сомон: - Ташаккури зиёд барои чунин сӯҳбати гарму самимӣ. Миннатдорам, ки вақти пурқиммати хешро дареғ надошта, бо ман дар сӯҳбат шудед. Орзуманди онам, ки дар ояндаи наздик қуллаҳои баландтаринро фатҳ намоед ва пайваста нусрату пирӯзӣ насибатон бод!

Рустам Азимӣ: - Саломат бошед!

Сӯҳбаторо: Сомон Муҳаммедов ¦ Муҳаррир: Каримова Ш.

Рейтинг пользователей: 1.0 ( 1 голоc )

2 комментария

  1. rusmusik01 - Группа: Пользователи

    Рахмат ба сомонаи шумо!!

  2. 0
    KhakimJON - Группа: Администраторы

    biggrin  Саломат бошед!

Оставьте комментарий