Ҷаҳонгир Зарипов:“Аввалан падарам Хурсандмурод Зарипов, ки идеали аввалини ман ҳастанд.
Мусоҳиба

Ҷаҳонгир Зарипов:“Аввалан падарам Хурсандмурод Зарипов, ки идеали аввалини ман ҳастанд.

 

Ҷаҳонгир Зарипов фарзанди оилаи санъаткор, устоди ҳунар Хурсандмурод Зарипов .  Ӯ 6-уми ноябри соли 1991 дар шаҳри Душанбе чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 2014 Донишгоҳи Русияву славянии Тоҷикистонро ҳамчун ҳуқуқшинос таҳсил намуда, айни ҳол ӯ маълумоти дуввуми  худро идома дода истодааст. Ӯ донишҷӯи  Консерваторияи Тоҷикистон  ба номи устод Талафхӯҷа Саттор сароянда ҳамчун ба ҳайси шуъбаи овозхони эстради мебошад.

Сайёрахон:  Дуруд ба Шумо сарояндаи маҳбуби ҳамагон, шоматон ба хайр бод. Фурсат доред, ки каме бо Шумо сӯҳбат ороем то лаҳзае аз ҳаёти Шумо пурсон шуда бошем?

Ҷаҳонгир: Ассалому алейкум, ташаккур, мешунавам.

Сайёрахон: Чӣ сабаб шуд, ки Шумо маҳз касби сарояндагиро интихоб кардед?

Ҷаҳонгир:  Падари ман худ санъаткор ҳастанд ва ман аз хурди чун бо савту созу навои падар ба воя расидаам хамин касб дар хуни ман дар вуҷуди ман будааст. Вакте ман мактабхон будам муаллимаам Наврузова Назира фарзанди санъаткор гуфта, ҳарруз ба ман шеърҳои классикӣ, шеърҳои шашмақом ёд медоданд. Ман хурд будам шеърҳои ушшоқи Самарканд, ушшоқи Душанбе ва хамаи он нозукихои санъатро фарзанди санъаткор гуфта меомӯзониданд. Ман, ки кӯдак будам дилгирам карда буд, баъд ба худ гуфта буд, ки “ман санъаткор намешавам” чун ин каҳри кӯдакиам буд. Дигар кӯдакон футболбозӣ мекарданд, мо инҷо дар мактаб шеър азёд мекардем, он шеърҳо ба ман хеле душвор буд, ин чиз маро каме дилгир карда буд. Баъд аз хатми мактаб падарам хост, ки ман ба Донишкадаи санъат дохил шавам, аммо ман инро рад кардам,  гуфтам, ки ман ҳуқуқшинос мешавам. Вақте дар курси якум мехондам, ман ҳамин чизро дарк кардам, ки ҳарчанд ҳуқуқшинос будан ин кори ман аст ва санъаткор будан ин зиндагӣ аст. Ман фаҳмидам, ки бе санъат наметавонам. Аллакай он вақт маро ҳеҷкас маҷбур намекард, ки санъаткор шав. Падарам мегуфтанд, ки агар дар хунаш бошад мешавад, гуфта ҳоли маро ба худам гузоштанд.  Савту навои падар буду хондам, дар оилаи мо хама сурудхонӣ мекунад, ғайр аз модарам мо ҳама санъатро интихоб кардаем. Фикр мекунам, санъаткорӣ дар хуни мо ҳаст.

Сайёрахон: Шумо дар оила чанд фарзанд ҳастед?

Ҷаҳонгир: Мо дар оила чор фарзанд ҳастем.  Ду хоҳар дорам, оиладор ҳастанд, якеашон дар Душанбе ва якеи дигарашон қариб 13 сол мешавад дар Арабистон дар шаҳри Қатар зиндагӣ мекунад. Як додар дорам, ки дар Донишгоҳи Русияву славянии Тоҷикистон ҳамчун дипломат таҳсил карда истодааст.

Сайёрахон: Сабаби муваффаққиятхои шумо дар ҷодаи санъат падаратон аст? Маҳс падаратон шуморо дастгири мекунанд?

Ҷаҳонгир: Рости гап падар дар зиндагӣ  дастгири тамоми фарзандон аст, лекин ҳамчун дар ҷодаи санъат ман падарамро истифода набурдаам, то замоне, ки ман аллакай шунавандаҳои худамро пайдо кардам, то замоне, ки ман зиёда аз 10 суруд тайёр кардам. Баъдан фикр мекунам, ки дар зиндагӣ мо ҳама меҳмон ҳастем, то вақте, ки падар ҳамроҳи ман аст ин барои ман як ёдоварӣ мешавад, ки бо ҳамроҳии падар як суруд хонему хамин тавр ман бо падарам суруд хондам. Падарам дастгирӣ мекунанд, лекин ман дар ягонҷо аз номи падарам гап назадаам, дар ҷодаи санъат нашудааст, ки ман дар ягонҷо рафта бошам ва гӯям, ки ман фарзанди фалони ин намуд корҳо нашудааст. Падарам ҳамавакт мегӯянд, ки хоксор бош, босабр бош ман, ки  худам бо кӯшиши худ санъаткор шудам ва мухлиси худамро пайдо кардам ту низ худат ин қуллаҳоро соҳиб шав, нагӯянд, ки фарзанди фалони бо дастгирии у ингуна шуд нагуянд, ба хамин маъно маро дастгирӣ кардаанд. Ман панҷ суруд тайёр карда будам падарам холо намедонистанд, ки ман аллакай овозхонӣ мекунам, зиёда аз чор панҷ суруд дорам. Падарам ин чизро намедонист, ман изо мекашидам шарм медоштам. Ба ман гуфта буданд, ки  дар донишкадаи санъат дохил кунем ва ман рад карда будам аз ҳамин ҷиҳат ман пинҳонӣ суруд мехондам. Баъдан модарам фаҳмида ба падарам гуфтанд, ки фарзанди ту сурудсароӣ мекунад.

Сайёрахон: То имрӯз шумо чандто суруд сароидаед?

Ҷаҳонгир: То имрӯз ман аз 16-то зиёд суруд дорам.

Сайёрахон: Дар кадом жанр суруд мехонед?

Ҷаҳонгир: Ман дар жанри эстрада суруд мехонам.

Сайёрахон: Дар кадом саҳнаи ҳунар баромад кардаед?

Ҷаҳонгир: Дар Душанбе фикр мекунам аз хама саҳнаи калон Амфитеатр аст ва боз дар бисёр саҳнаҳо суруд хондаги ҳастам, бо ҳамроҳии падарам суруд хондаги хастем.

Сайёрахон: Шумо ғайр аз падаратон боз бо кадом сарояндаҳо бадеҳа яъне дуэт хондаги ҳастед?

Ҷаҳонгир: Мо соли 2016 бо ҳамроҳии Мастер Исмайл суруд хонда будем бо номи “У намедонад”, ин суруд маънош чун эстрада бо реп буд. Соли 2017 ман, Исмоил ва Баха-84 як суруди дигар тайёр кардем, баъдан соли 2017 бо ҳамроҳии бародарам Зафар Абдуалимов суруди Тоҷикистонро якҷоя сароидем.

Сайёрахон: Дар вақтҳои холигиатон бо чӣ корҳо машғул мешавед?

Ҷаҳонгир: Ман вақтҳои холигиамро дар зал чандсол мешавад, ки бо машқи бадан машғул ҳастам, дар бассейн, бо бозии футбол мегузаронам, ва боз бисёртар вақтҳои холигиамро бо дӯстонам хуш гузаронданро дӯст медорам, ки сарҷамъ бошем аз зиндагии якдигар бохабар бошем.

Сайёрахон: Чӣ тавре, ки ба ҳама маълум аст ҳар кас ба худ дӯсти наздик дорад, ки сирри дили худро танҳо ба ӯ гуфта бошад. Шумо низ аз чунин дӯстҳо доред?

Ҷаҳонгир: Дӯсти ҳақиқӣ доштан бисёр хуб аст, вале фикр мекунам, ки чунин дӯстон хело кам хастанд. Ман дорам чандон дӯстоне, ки дар вақти душвориҳоям бо ман ҳастанд, дар вақти хурсандиам бо ман ҳастанд, лекин ҳисобакианд.

Сайёрахон: Сурудҳое, ки шумо месароед матни он сурудҳоятонро кӣ менависад ё худатон менависед?

Ҷаҳонгир: Сурудҳоеро, ки ман мехонам кам аст матне, ки аз ман бошад. Ман аз устод шодравон Лоик Шералӣ, аз устод Саидалӣ Маъмур, аз устод Гулназар Келдӣ, аз шоирони беруни кишвар аз Резарад, ки дар Эрон мебошад суруд мехонам. Аз сурудҳое, ки ба ман дахл дошта бошад як суруд дорам бо номи “ Ғам намехоҳам”, ки матнашро худам эҷод кардаги ҳастам.

Сайёрахон: Аз байни сарояндагони машҳур ба худ идеал интихоб кардаед?

Ҷаҳонгир: Бале, бисёр аст. Аввалан падарам Хурсандмурод Зарипов, ки идеали аввалини ман ҳастанд, устод Ҷурабек Муродов, ки ҳунарманди мардумии  машҳури давраи Шӯравӣ, боз аз сарояндаи эронзамин Муин аст, ки идеал интихоб кардаам.

Сайёрахон: Ҳолатҳое шудааст, ки аз сурудхонӣ дилгир шуда бошед?

Ҷаҳонгир: Не, ҳаргиз. Бисёри вақт вақте, ки мошин меронам дар наздам вақте, ки дустонам бошад мегӯянд, ки “Ҷаҳонгир як дақиқа хап кун, ки гушҳоямон ором шавад”. Онҳо бисёри бад овози маро гуш кардаги ҳастанд аз ҳамин ҷиҳад мегун, ин тавр мегун. Ман ҳеҷ гоҳ дилгир намешавам, баракс кӯшиш мекунад, ки ҳам хурсандиамро ҳам зиққиамро бо сурудхони гузаронам.

Сайёрахон: Дар ҷодаи санъат лаҳзаҳои хотирмон доред?

Ҷаҳонгир:  Албатта дорам. Соли 2017 вақте, ки ман бо ҳамроҳии падарам  дар Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев консерт барпо кардем, ман дар он ҷо суруд мехондам дар назди ман муаллимаам ҳам буданд, муаллимае, ки маро аз синфи як то чор дарс дода буданд, ба ман сурудхониро ёд медоданд ва маҷбур мекарданд, ки сурудҳоро азёд кунам бисёр сахт меистоданд, тахкурсии овозхонии манро он кас монда буданд, дар вақти сурудхонӣ ба ман гул овардан ва ман ҳарчанд гуфтам, ки дар боло бароед он кас шарм медоштанд, гиря карданд ашки шодӣ резониданду гулро ба ман доданду рафтанд. Ман дар ҳамон ҷо яку якбора ҳаждаҳ сол қафо рафтам дар саҳна гуё он лаҳза ман дар партаи пеш менишастаму бо ҳамроҳии муаллимаам сурудхони мекардем. Ҳамин яке аз лаҳзаҳои хотирмони ман аст, ки фаромӯш карда наметавонам.

Сайёрахон: Дар оянда ба худ чӣ мақсадҳоро пеша кардаед?

Ҷаҳонгир: Дар оянда нақшаҳои бисёр дорам, айни ҳол се суруди нав омода шуда истодааст, ки дар наздикиҳо пешкаши мухлисонам мегардонам. Аз ин се суруд ду тояш видеоклип мебошад. Дар соли 2018 насиб бошад як консерти навбатиро марои мухлисонам мегузорам.

Сайёрахон: Барои мардуми тоҷик барои мухлисонатон чӣ таманниётҳо доред?

Ҷаҳонгир: Мо санъаткорон кӯшиш мекунем ба мухлисон аз дарди мардум суруд хонем. Ҳар куҷое, ки бошанд бо мо бошанд бо сурудҳои тоҷикӣ бошанд, бо санъати миллиашон бошанд. Дар куҷое, ки бошанд сиҳату саломат бошанд, Худованд ҳамеша дар лабонашон ханда бошад, он нафароне, ки дар муҳоҷират мусофир ҳастанд сиҳату саломат ба назди оилашон баргарданд. Ҳамавакт дар сарзамини азизамон тинҷиву ободӣ сериву пурӣ бошад.

Сайёрахон: Саволи охирини ман ба шумо ин аст, ки шумо худро хушбахт меҳисобед?

Ҷаҳонгир: Мешаванд рӯзҳое, ки ҳар як банда ношукрӣ мекунад, ҳарчанд соҳиби ҳама чиз ҳасту боз ношукри мекунад. Ман албатта, ки хушбахт хастам, шукри Худо аз ягон чиз камбуди надорам, Худованд ба ман дасту пои расо чашми бино хамачиро ба ман насиб гардонидааст, падар модар, хоҳару бародар дорам, тани солим дорам, ҳастанд ҷавононе, ки ба касилоҳои безеб гирифторанд ҳарчанд молу пули бисёр доранд аммо аз ин беморӣ наҷот намеёванд. Аз ҳамин ҷиҳат ман ҳамин чизҳоро дида фикр мекунам, ки ман хушбахттарин инсон ҳастам, ки тани сиҳат хотири ҷамъ оилаи солим дорам, давлати ором дорам фикр мекунам ҳама чи дар бари ман аст, ин хушбахтӣ ман аст.

Сайёрахон: Ташаккури зиёд барои он, ки вақти худро дареғ надошта бо мо ҳамсуҳбат шудед. Мо аз шумо сурудҳои нав ба навро интизорем ва дар ҷодаи санъат мавафаққиятҳои аз ин ҳам зиёдро таманно дорем. Хушбахтӣ доимо ҳамраҳи зиндагиатон бошад!

Ҷаҳонгир: Саломат бошед.

Cӯҳбаторо: Махсумова Сайёрахон

Рейтинг пользователей: 0.0 ( 0 голосов )

0 комментариев

Оставьте комментарий