Ихтиёри Иқболшоҳ: “Падарамро устоди нахустини хеш медонам!”
Мусоҳиба

Ихтиёри Иқболшоҳ: “Падарамро устоди нахустини хеш медонам!”

Муаррифинома:

 


Ихтиёри Иқболшоҳ-яке аз писандидатарин ва хушсадотарин сарояндаи Хуҷандшаҳр буда, овозаи истеъдоди нотакрор ва садои дилнишинаш ҳатто то ба пойтахти азизамон расидааст. Номи аслии ӯ Ихтиёр Мақсудӣ буда, оғози фаъолияти ҳунарияш аз гурӯҳи овозадори “Иқбол” сарчашма мегирад ва айни ҳол дар алоҳидагӣ кору фаъолият дорад.

Ихтиёри Иқболшоҳ 1-уми феврали соли 1991 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ, дар оилаи марди тоҷир дида ба олами ҳастӣ боз намудааст. Таҳсили ибтидоиро то синфи 6 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 гирифта, сипас ҳуҷҷатҳояшро ба мактаби мусиқии №2 супорида, таҳсилро дар он ҷо идома додааст. Чуноне ки худи Иқболшоҳ қайд намудааст, ӯ аз ӯҳдаи навохтани асбобҳои мусиқӣ, ба монанди рӯбоб, гитор ва пианино ба хубӣ мебарояд. Пас аз хатми мактаби мусиқӣ Иқболшоҳ ҳуҷҷатҳои худро ба шӯъбаи ҳуқуқшиносии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров супорида, донишгоҳро бо сари баланд хатм намудааст. Саволе ба миён меояд, ки чаро падараш тоҷир буду худ ҳуқуқшинос, аммо имрӯзҳо дар рӯйи саҳна аст? Меҳри санъат аз хурдӣ дар дили ӯ маъво гирифта буд ва ҳамеша кӯшиш ба харҷ медод, ки дар баробари дигар касбу кор нозукиҳои соҳаи санъатро низ омӯхта бошад. Вақте инсон ният карда камарро мустаҳкам мебандад, албатта ба кулли орзуҳои қалби хеш мерасад, мисли Ихтиёр, ки имрӯз дар олами санъат ҷойгоҳи махсусро сазовор аст. Ихтиёр дар оила фарзанди дуввумини падару модар буда, ду бародари дигар низ дорад. Ихтиёр дар баробари санъаткор буданаш, пайваста ба падару бародаронаш дар кори тиҷорат ёрӣ мерасонад ва барои равнақи санъати хеш мудом дар ҷидду ҷаҳд аст. Ёдовар мешавем, ки Ихтиёр дар авлодашон ягона нафарест, ки роҳи санъатро интихоб намудааст. Хабарнигори сомонаи мо бо ин марди ҳунар сӯҳбате доштанд ва фишурдае аз онро баҳратон пешкаш месозем. Мутаваҷҷеҳ бошед!


 

Рустам: - Салом бародари азиз, Ихтиёр! Ман аз сомонаи ohang.tj ҳастам, ки бо супориши роҳбарият мехоҳам атрофи кору фаъолияти ҳунарии Шумо сӯҳбати хубу хотирмоне дошта бошем. Оё Шумо ба ин вақт доред?

Ихтиёри Иқболшоҳ: - Салом додарҷон! Албатта вақт дорам, чаро на?! Шумо ин қадар заҳмат кашида ба суроғи ман омадеду наход ман хоҳиши шуморо рад кунам?!

Рустам: - Пас мегузарем ба қисмати саволҳое, ки бояд Шумо ба онҳо посух бигӯед!

Ихтиёри Иқболшоҳ: -Марҳамат, шуморо аз таҳти дил гӯш дорам!

Рустам: - Ихтиёр, Шумо гуфтед, ки падар ва ду бародари шумо ба тиҷорат машғуланд, пас чаро Шумо низ соҳибкор неву маҳз санъаткор шудед? Ҳангоме ки Шумо ҷодаи санъатро интихоб намудед, волидонатон ба интихоби Шумо зид набуданд?

Ихтиёри Иқболшоҳ: - Ман замони дар синфи шашум хонданам ба мактаби мусиқӣ мерафтам ва нисбати ин кори ман аз ҷониби волидонам ягон хел зиддият набуд. Ман аз хурдӣ ба суруду мусиқӣ шавқу завқ ва меҳру муҳаббати беандоза доштам ва маҳз ана ҳамин дилбастагиву истеъдоди маро дида, волидонам ба ман иҷозат доданд, ки ба мактаби мусиқӣ биравам ва дар оянда санъаткор бошам. Баръакс ман дар ин ҷода падарамро устоди нахустини хеш медонам, ки маро пайваста дастгирӣ мекунанд. Албатта, баъзе оилаҳое ҳастанд, ки ба интихоби фарзанд зид мебароянд, вале хушбахтона дар оилаи мо чунин нест.

Рустам: - Ба фикри шахсии Шумо санъат чӣ аст?

Ихтиёри Иқболшоҳ: - Дигар санъаткоронро намедонам, ки санъат барои онҳо чист ва чӣ гуна мефаҳманд, аммо шахсан барои ман санъат ин ҳама чиз аст, ин дар хуни ман аст. Дар урфият мақоле ҳаст, ки “Вақте бо шир медарояд, бо ҷон мебарояд”. Яъне, меҳри санъат бо шири модар вориди вуҷуди ман шудааст ва то лаҳзаи охирини ҳаётам ман месароям. Ман ба хотири тӯю маъракаи мардум, ба хотири сарвату давлат санъаткор нашудаам. Санъат ин машғулияти дӯстдоштаи ман аст. Ман ба тиҷорат низ машғул мешавам, зеро ин касби хонаводагии мост, аммо санъат бошад интихоби ман аст. Бо санъаткор шуданам ман мехостам, ки ҳунарамро ба мардум нишон бидиҳам ва имрӯзҳо шод аз он ҳастам, ки маро ҳамчун санъаткор хуш пазируфтаанду эътирофам мекунанд.

Рустам: - Аксарияти санъаткорон бо мақсади даромади зиёд ба даст овардан ва ё машҳур шудан роҳи санъатро интихоб мекунанд, Шумо бо кадом мақсад рӯй бар ҷониби санъат овардед?

Ихтиёри Иқболшоҳ: - Вақте ки ман ба ҷодаи санъат қадам ниҳодам, мақсади ягонаам машҳур шудан буд, роҳи даромаду дигару дигарро ҳатто аз гӯшаи хаёлам ҳам намегузаронидам. Аслан, барои санъаткор даромад ба даст оардан мушкил аст. Ин кор дар ҳоле осон мегардад, ки ҳунарманди маҳбуби дилҳо бошӣ. Барои маҳбуби дилҳо будан бояд шабу рӯз заҳмат кашид. Рӯз то рӯз, сол то сол мафкураи мардум тағйир ёфта истодааст ва моро лозим аст, ки ҳамеша мувофиқи мафкураву ҷаҳонбинии онҳо амал намоем.

Рустам: -Сабти нахустин суруди худро дар хотир доред?

Ихтиёри Иқболшоҳ: - Аввалин маротиба соли 2007 қадамҳои нахустини худро ба ҷодаи санъат гузошта будам. Ман дар синфи 9-ум мехондам ва якумин таронаи иҷрокардаам “Рӯҳат шод бод” ном дошт, ки тахминан санаи 25 ё 26-уми феврал дар ёдбуди Ҳасани Вализод сароида будам. Имрӯзҳо ҳамчун гурӯҳи “Иқбол” фаъолият дорам ва қадамҳои устуворона гузошта истодаам.

Рустам: - Гуфта метавонед, ки кадом таронаатон Шуморо зиёдтар ба мардум муаррифӣ намуд?

Ихтиёри Иқболшоҳ: - Худтаърифкуниро дӯст намедорам, аммо аксари сурудҳое, ки ман эҷод мекунам зуд ба дили мардум роҳ меёбанд. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки агар ҳамаи сурудҳоямро 100 фоиз ҳисоб кунем, 60-65 фоизашро мардум хуш пазируфтаанд.

Рустам: -Ин гуна бо боварӣ сухан мегӯед, сирри муваффақияти худро дар чӣ мебинед? Шояд ин ягон сир дорад?

Ихтиёри Иқболшоҳ: - Ман сидқан мехонам, аз таҳти дил месароям, шояд сирри муваффақиятам ҳамин бошад. Ман барои тӯй суруд намехонам. Якумин сурудам, чуноне ки гуфтам “Рӯҳат шод бод” ном дошт, ки мардум хуш қабул намуданд. Баъди ин тарона клипи “Рухшонаҷон”-ро сабт намудем, ки инро низ мардум хуш пазируфтанд. Албатта, ҳаст сурудҳое, ки мардум на он қадар хуш қабул намудаанд. Ман намегӯям, ки ҳамаи сурудҳои ман ба мардум писанд аст, вале ба ҳар ҳол аз самимияту дастгирии мухлисонам бенасиб нестам.

Рустам: - Оиди ҳаёти пасисаҳнавиатон мехостам чизе гуфта бошед?

Ихтиёри Иқболшоҳ: - Ман оиладор, соҳиби ду писар мебошам. Зиндагиям ба ҳамсарам хуб аст. Ҳамсарам ба ман рашк намекунад ва ба ин касби ман зид ҳам нест. Албатта, ягон оила бе ҷангу ҷанҷол ва нофаҳмӣ нест, лекин ҳамаи чиз ҳадди худро дорад. Имрӯзҳо қисми зиёди мардум бар он ақидаанд, ки кулли нофаҳмӣ дар оилаи санъаткор рух медиҳад, вале онҳо хато мекунанд. Ман бо ҳамсарам хушбахтам ва ягон камбудӣ нест!

Рустам: - Оиди гурӯҳи “Иқбол” мехостам каме сухан гуфта бошед?

Ихтиёри Иқболшоҳ: - Фаъолияти гурӯҳи “Иқбол”  хуб рафта истода буд. Баъди падарам ман Ҳасани Вализодро устоди худ медонам. Агарчи мо бо Ҳасани Вализод бисёр якҷо набудем, лекин ман он шахсро барои худ ҳамчун устод қабул кардаам. Гурӯҳи “Иқбол” хеле номдор буд,  номдор ҳаст ва дар оянда номдор хоҳад монд. Ман ба ин боварии комил дорам. Фаъолияти гурӯҳи “Иқбол”  хуб буд, баъдан Ҳасани Вализод хост, ки мустақилона роҳи худро идома диҳад. Албатта мо бо Искандар то ҳол ҳамкорӣ дорем, бо Фирӯзҷон Юсупов равуо дорем. Ману Давронҷон Давлатов дар алоҳидагӣ фаъолияти ин гурӯҳро идома додем. Баъди чанд вақт Давронҷон низ аз гурӯҳ рафт. Аслан байни мо ягон ҷангу ҷидол нашудааст ва мо бо Давронҷон, бо Искандар, бо Фирӯз то ҳол равуо дорем ва дар мавридҳои  зарурӣ ба ҳамдигар кӯмак мекунем, якдигарро дастгирӣ менамоем. Аслан “Иқболшоҳ” тахаллуси ман буда, номи аслиям Ихтиёр аст ва мардум ҳам маро ҳамчун Ихтиёри Иқболшоҳ мешиносанд.

Рустам: - Агар ба Шумо имконият даст медод, бо кадом сарояндагони хориҷӣ дуэт месароидед?

Ихтиёри Иқболшоҳ: - Дар мавзӯи  дуэт хондан ягон нақша надорам, вале орзу дорам, ки дар оянда дуэт сароида бошам. Ин дар нақшаи ман аст ва мехоҳам, ки онро махфӣ нигоҳ  дорам. Ман инро ба мухлисонам “сюрприз” карданӣ ҳастам.

Рустам: - Бештар дар кадом мавзӯъ тарона эҷод мекунед?

Ихтиёри Иқболшоҳ: - Ман дар ҳамаи мавзӯъҳо, аз ҷумла модар, Ватан, ишқу муҳаббат, дӯстӣ  тарона эҷод кардаам.

Рустам: - Таманниёти Шумо ба кулли мухлисонатон ва ҳаводорони сомонаи маҳбуби дилҳо ohang.tj?

Ихтиёри Иқболшоҳ: - Ман аз фурсати муносиб истифода бурда ба ҳамаи мухлисонам ва ба ҳамаи он нафароне, ки ин мусоҳибаро мутолиа менамоянд, миннатдории худро мерасонам. Ба халқи азизамон бурдбориҳоро хоҳонам ва  гуфтаниям, ки дар дил чӣ орзуе  дошта бошанд, бигзор ҷомаи амал бипӯшад. Нисбати сомонаи ohang.tj ҳаминро гуфтаниям, ки ба ман писанд аст, хеле писанд аст. Ростӣ, ҳавас мекунам ба сомонаи шумо. Ба ҳамаи кормандони ин сомона офарин, зеро дар ҳақиқат аз сидқи дил кор мекунанд. Ман мехоҳам, ки ин сомона ҳамеша ба пеш ҳаракат кунад. Бигзор ҳамеша дар сатҳи баланд бошад. Ба асосгузори сомона, ба кулли кормандони сомона ва ба шумо, ки вақтатонро сарф карда бо ман дар сӯҳбат будед, як ҷаҳон сипос.

Рустам: - Ман низ аз номи кулли кормандони сомона ба Шумо дар корҳои эҷодиатон муваффақият хоҳонам ва бори дигар арзи сипос ба Шумо, ки таклифи моро рад накарда, чунин сӯҳбати самимӣ оростед!

Ихтиёри Иқболшоҳ: - Ба шумо низ ташаккур, саломату сарбаланд бошед!

 

Мусоҳиб: Рустамбек Аҳмадӣ

Муҳаррири матн: Сомон Муҳаммедов

Рейтинг пользователей: 0.0 ( 0 голосов )

0 комментариев

Оставьте комментарий