Далер Хонзода: Бори нахуст соли 2014 ба Тоҷикистон омада будам.
Мусоҳиба

Далер Хонзода: Бори нахуст соли 2014 ба Тоҷикистон омада будам.

Шаҳнавоз: Дуруд ба унвони Шумо, сарояндаи маҳбубу хушовози мо! Имрӯзҳо дар гӯшаву канори кишвари мо сурудҳои дилнишини Шумо садо медиҳанд ва, бешак, дар кишвари Тоҷикистон низ мухлисони бешумор доред. Бисёр хуб мешуд, ки ба хонандагони сомонаи OHANG.TJ дар бобати ҳаёт ва фаъолияти худ маълумот медодед.

ДалерХонзода: Салом, хеле мамнунам. Дар таърихи 1-уми апрели соли 1989 дар шаҳри Турсунзода чашм ба олами ҳастӣ кушодаам. Модарам зодаи Самарқанд ва падарам аз Регар мебошанд. Аз сабаби ҷанги шаҳрвандӣ, соли 1993 ҳамроҳи модарам ва хоҳарам ба шаҳри Самарқанд кӯч бастем. Ман дар мактаби рақами 1 –и ба номи Алишер Навоӣ таҳсил намудаам. Вақте ки шашсола будам, дар дилам меҳру муҳаббати мусиқӣ туғён кард, аллакай ман истеъдоди мусиқифаҳмиро пайдо намудам. Пас аз   мактаб, ҳангоми муҳассили литсейи академикӣ буданам,  мустақилона бо асбобҳои мусиқӣ машқ мекардам ва ҳар гуна сурудҳоро замзама менамудам. Дар он вақт синну солам тақрибан 15 -16 сола буд. Худам мустақилона навохтани асбобҳои мусиқиро аз қабили пианино ва гитор омӯхтам. Хушбахтона, аллакай соли 2009 ман студияи хешро дар хона ташкил намуда будам ва худам сурудҳоямро сабт ва тамрин мекардам.  Соли 2011, 5 –уми август ман бо "PanTerra Studio" шартнома бастам ва аз ҳамон рӯз дар гурӯҳи "Сахро" ба фаъолият шурӯъ намудам. Соли 2013 мӯҳлати шартнома ба итмом расид ва ман аллакай танҳо ба ҳунарнамоӣ пардохтам. Тамоми сурудҳоямро (оҳанг, шеър, сабти асбобҳои мусиқӣ, сабт ва овозмонӣ, тамрини овоз) худам менавиштам. Мустақилона барои беҳтар намудани овозам аз болои худам кор мекардам.  Шукри Худо, алъон бо чаҳор забони хориҷӣ озод сӯҳбат карда метавонамрусӣ, англисӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ.  Солҳои пешина забони франсавиро низ балад будам, вале аз сабаби он ки дар зиндагиям ба он ниёз пайдо накардам, аз хотирам рафтааст. Ман жанрҳои гуногуни мусиқиро аз қабили  pop, soft rock, jazz, soul, rnb, funk меписандам.

Шаҳнавоз: Аслан Шумо ба кадом забон ҳарф мезанед?

ДалерХонзода: Рости гап, бо кадом забоне, ки шахси ҳамсӯҳбат бо ман сухан меронад, бо ҳамон ҳарф мезанам. Ман шиносҳои бешумор дорам, ки тамоман аз давлатҳои гуногуни дунёянд ва забони эшон тамоман дигар аст, аз ин лиҳоз ман низ бо забонҳои гуногуни дунё ҳарф мезанам. Аслан, дар шаҳри Самарқанд миллатҳои бешумор ҳаёт ба сар мебаранд, аз ин лиҳоз бо ҳар яки онҳо бо забони худашон ҳамсӯҳбат мешавам.

Шаҳнавоз: Чӣ боис гардид, ки Шумо маҳз роҳи санъатро пеша кардед? Оё аз интихоби касби хеш розиед?

ДалерХонзода: Аз хурдиям  ман бо роҳи мусиқӣ қадам мезанам. Худованди бузург бароям  овози хуб, истеъдоди дарки мусиқӣ, мустақилона худомӯзӣ намуданро ҳадя намудааст. Аз ин лиҳоз, ман тасмим гирифтам, ки ин ҳадяи Илоҳиро бо ҷону дил қабул намоям ва бо роҳи санъат ҳаётамро идома бахшам, чунки ба ягон чизи дигар тамоман ҳавас надоштам. Ман ҳаргиз аз интихобам пушаймон нестам ва ин роҳ, бешубҳа, маро пурра қаноатманд менамояд.

Шаҳнавоз: Бори аввал кай ба Тоҷикистон омада будед ва чӣ таассурот бардоштед?

ДалерХонзода: Бори нахуст соли 2014 ба Тоҷикистон омада будам. Аввалин фикре, ки ба сарам зад ин буд: «Чӣ қадар ин ҷо ба Ватани ман монанд аст! Менталитети мардум, ойини шаҳрдорӣ, ошхона, хислат ва муносибати мардуми Тоҷикистон бо Ӯзбекистон, асосан бо Самарқанд хеле монанд будааст. Танҳо тарзи суханронии тоҷикон, хоссатан, ифодаи мафҳумҳо камтар фарқ доштааст. Ман боварӣ надоштам, ки дар Тоҷикистон ин қадар мухлисони зиёд дорам. Он лутфу меҳрубонии эшон, муҳаббати онҳо маро ба ваҷд овард. Он лаҳзаҳоро ҳаргиз аз хотирам намебарорам. Ҳазор ташаккур ба мухлисони азизи ман!!!

Шаҳнавоз: Суруде, ки ҳамроҳи Нигина Амонқулова замзама карда будед, дар Тоҷикистон бисёр баҳои баландро соҳиб гардид, оё дар Ӯзбекистон низ онро хуб қабул карданд ё не? Камтар дар бобати сабти он суруд ва шиносоии худ бо Нигина Амонқулова нақл кунед.

ДалерХонзода: Суруде, ки бо Нигина Амонқулова якҷоя сароидем, аз тарафи мухлисон бисёр гарм қабул гардид. Дар Ӯзбекистон, махсусан дар Самарқанд бисёр шунавандагони худро пайдо намуд.

Шаҳнавоз: Асосан бо кадом сарояндагони тоҷик ҳамкорӣ доред?

ДалерХонзода: Ман асосан бо  Нигина Амонқулова, Бехруз Зеваров, Исмаил (M.one), Далер Куттузов ва Парӣ ҳамкорӣ дорам.

Шаҳнавоз: Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки Шумо бисёр забондони хуб ҳастед, зеро метавонед озодона бо якчанд забонҳо сароида бошед. Пас, мегуфтед, ки чанд забонро медонед ва бо кадоми онҳо бароятон суруд хондан маъқултар аст?

ДалерХонзода: Барои ман бо тамоми забонҳо сароидан маъқул аст. Ман наметавонам ягон забони махсусро зикр намоям, чунки бо тамоми забонҳо сароидан бароям мушкилӣ эҷод наменамояд.

Шаҳнавоз: Оё оиладор ҳастед? Умуман, чӣ гуна занро ҳамсафари ҳаёти худ дидан мехоҳед?

ДалерХонзода: Ман фикр менамоям, ки ҳамсари беҳтарин бояд аввалан дӯсти хуб, пазандаи моҳир ва... (механдад) бошад. Ба ин савол ҷавоб хеле зиёд аст, бо ҳаминаш иктифо мекунем.

Шаҳнавоз: То инҷониб чанд консерт барпо намудаед ва ба кадом ҷоизаҳо сазовор гардидаед? Оё дар нақша ҳаст, ки дар Тоҷикистон консерт барпо карда бошед?

ДалерХонзода: Дар Ӯзбекистон консертҳои зиёд барпо карда будам, асосан дар миқёси вилоят. Соли 2011 дар озмуни  "Прорыв года" сазовори ҷоизаи мусиқавии M&TvAwards гардидам. Инчунин, соли  2012 аз ҷониби  M&TvAwards барои ташаккул додани санъатам гранд гирифтам. Дар нақша дорам, ки дар  Тоҷикистон низ консерт баргузор намоям.

Шаҳнавоз: Дар бобати сомонаи  оҳанг.тҷ чӣ назар доред? Таманниёти Шумо барои мухлисонатон.

ДалерХонзода: Боиси фараҳмандии мост, ки сосонаи OHANG.TJ барои дастрас намудани сурудҳои мо ба мухлисони Тоҷикистониям ва берун аз он мусоидат менамояд. Ман фикр мекунам, ки сомонаи мазкур яке аз беҳтаринҳост ва итминони комил дорам, ки дар ояндаи наздик боз ҳам ба қуллаҳои баландтарин ноил хоҳанд гашт. Ба мухлисонам гуфтаниям, ки аз ҷон бештар дӯсташон медорам ва таманнои онро дорам, ки то абад саломат сарбаланд дар паноҳи Худои меҳрубон бошанд.

Шаҳнавоз: Ташаккури зиёд, ҳамеша муваффақ бошед. Итминонем, ки меҳмони доимии мо хоҳед шуд.

ДалерХонзода: Саломат бошед, ҳатман. То сӯҳбати оянда!

Суҳбаторо: Шаҳнавоз.


PS: Минатдории сомонаи OHANG.TJ ба продюсери сарояндаи хушовоз Далер Хонзода ба Акмал Солиев мерасонем, ки моро ҳамеша дастгири менамоянд.

 

Рейтинг пользователей: 0.0 ( 0 голосов )

0 комментариев

Оставьте комментарий