Боир Қодиров: Ҳаёти шахсии ман ба мухлисон махфӣ бошад.
Мусоҳиба

Боир Қодиров: Ҳаёти шахсии ман ба мухлисон махфӣ бошад.


Боир Қодиров, яке аз ҳофизони умедбахши кишвари мо дар таърихи  3-юми майи соли 1989 дар шаҳри Исфараи бостон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ хатмкунандаи муассисаи таълимии умумии №1-и шаҳри мазкур буда, инчунин,  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро (ТГУК) ҳамчун ҳуқуқшинос сарбаландона ба итмом расонидааст.  Ба гӯшаи хотираш ҳатто намерасид, ки оянда санъаткор хоҳад шуд, чунки аз хурдӣ дар дилаш орзуҳои дигар буд. Бори нахуст, ҳамчун аъзои гурӯҳи "Бунафш" қадамҳои аввалинашро ба саҳнаи тоҷик гузошт ва минбаъд ҷодаи санъатро пешаи худ гирифт. Ӯ шеърҳоеро, ки дар васфи ишқу ошиқӣ, ҷудоию дарду андӯҳанд, аз ҳоли зори мардум қисса мекунанд, хеле зиёд сароидааст ва борҳо тасмим гирифтааст, ки аз роҳи санъат берун шавад. Алъон, мову Шумо дар мусоҳибаи мазкур метавонем сабаби рӯй овардан ва мушкилиҳое, ки боиси аз санъат дур гаштану дубора ба он пайвастани ин ҳофизи дилошно пурсида бошем.


Заррина: - Дуруди худ ва аҳли кормандони сомонаи ohang.tj –ро ба Шумо мерасонам. Лутфан, бигӯед, ки чаро  тамоми сурудҳои Шумо перомуни ҷудоиву хиёнат аст. Магар Шумо дар ҳаёт хиёнат дидаед?

Боир Қодиров: - Салому сипос, саломат бошед. Не, хиёнат надидаам.( механдад ӯ) Ба фикри ман, ҳофиз набояд ҳаёти худашро сарояд. Мутаассифона, қариб 80% - и дилдодагон ба ҳамдигар хиёнат мекунанд. Ошиқони ҳозираро мебинам, ки якдигарро фиреб медиҳанду ҷудо мешаванд, ман низ ҳаёти онҳоро мушоҳида менамояму  кушиш мекунам, ки онро дар сурудҳоям инъикос гардонам. Вақте ки суруд аз ҳаёти воқеии мардум қисса мекунад, рози дили онҳоро баён менамояд, оҳи зори ошиқони ҷигарсӯхтаро тасвир месозад, он гоҳ имкон дорад, ки ба дили мардум роҳ ёфта тавонад. Аммо худам шукрона мекунам, ки ягон хел хиёнат надидаам ва аз Худованд талаб дорам, ки ҳаргиз набинам ва дигарон низ набинанд...

Заррина: - Шумо, ки худ аз рӯи дигар ихтисос таҳсили илм карда будед, чӣ боис шуд, ки роҳи санъатро пеш гирифтед?

Боир Қодиров: - Барои интихоб намудани ин роҳ, воқеаи аҷибе рух дода буд, ки онро ба Шумо нақл менамоям. Мо ҳамроҳи устод Калихон Ҳамдамов якҷоя  кор мекардем. Ман аслан нияти санъаткор шуданро надоштам, танҳо ҳаваскор будаму дар якчанд маъракаҳо, аз ҷумла зодрӯзи падару модарам суруд омода намуда, клип ба навор мегирифтам. Рости гап, онҳо аз телевизиони вилоят ҳам пешкаши бинандагон мегардид. Устодам ҳамроҳи Акмалхон Парпиев якҷо кор мекарданду бо якчанд сабабҳо ҳамкориро қатъ карданд. Ин вақт давраи донишҷӯии ман буд ва дар шӯъбаи рӯзона таҳсил менамудам. Азбаски онҳо якҷоя кор мекарданд, ба тӯйҳо фармоиш гирифта буданд. Чун ҳамкориашон қатъ гардид, он кас аз ман хоҳиш намуданд, ки дастгирӣ кунам. Он каст таъкид карданд, ки «Шумо ба шӯъбаи ғоибонаи донишгоҳ интиқол гиредман бошам, Шуморо дар давоми як моҳ тайёр мекунем ва ҳамроҳ ба тӯйҳо меравем». Ман гуфтаи устодамро ба ҷо овардам ва  пайваста дар тӯйҳои шаҳри Исфара ҳамроҳ ҳунарнамоӣ мекардем. Ин боис гардид, ки оҳиста - оҳиста шавқам нисбати санъат зиёд гашт. Аслан сарояндаҳои ҳозира ягон ҳофизи барҷастаро ба ҳайси устоди худ қабул карда, сипас ба саҳна мебароянд. Аммо, аз они ман яку якбора, ногаҳонӣ сурат гирифт.

Заррина: - Сабаб дар чӣ аст, ки имруз боз Боир Қодировро дар саҳнаи санъат мебинем?

Боир Қодиров: - Баъди ин воқеаҳо як рӯз хоб дидам, ки дар як саҳнае, ки мисли саҳнаҳои Аврупо бениҳоят калон асту дар он шоу – консертҳои бузург баргузор мегарданд, суруд хонда истодаам. Баъд як муйсафеди нуронӣ ба назди ман омада гуфтанд, ки "Ҳаминҷо мон". Баъд хоби дидаамро ба падару модарам нақл кардам ва бо дастгирии эшон  ба чунин дараҷа расидам, ки ҳазорон маротиба  Худоро шукр мегӯям.

 (Боир Қодиров ва Меҳринигори Рустам)

Заррина: - Ба андешаи худи Шумо устоде, ки бори аввал Шуморо дастгирӣ карда, ба саҳна бароварданд ва боиси санъаткор шуданатон гаштанд кӣ буд?  Ё шояд ҳамон пирамарди нуронӣ…

Боир Қодиров: - Ба фикри ман, ҳамон пирамарди нуронӣ  боиси ба ҷодаи санъат ворид гардиданам шудааснд. Инчунин, дуову дастгириҳои падару модари азизам сабаб шуданд, ки ман худам афтодаву хеста, бе кӯмаки ағёр шинохта гардам. Чунки баъди он воқеае, ки боиси  аз санъат ба куллӣ дил кандани ман гардид, ба худ гуфта будам, ки шинохта шояд пеш аз шинохта шудан аз саҳна дур гардам беҳтар бошад, назар ба оне, ки мардум маро шиноманду сипас аз саҳна биравам.

Заррина: - Дар байни мухлисонатон Шумо, инчунин, бо номи  Боир Қодирови варзишгар маъруф ҳастед. Дар ин бобат чӣ мегӯед?

Боир Қодиров: - Бале, дар ҳақиқат, ба футбол бениҳоят шавқи зиёд дорам. Худи ҳозир низ аз бозии футбол омадам. Ҳангоми донишҷӯиям дар командаҳои "Эсхата" ва "Молодёжный Таджикистан" бозӣ мекардам ва то ҳол футболро дӯст медорам.

Заррина: - Дар интихоби матни  ва оҳанги суруд кӣ ба Шумо кӯмак мерасонад?

Боир Қодиров: - Ман худам  интихоб мекунам. Оҳангҳоро худам эҷод менамоям. Бароям бештар шеърҳои устод Озарахш писанд ҳастанд, аз ин лиҳоз, бо устод ҳамкорӣ дорем.

Заррина: - Шумо оиладор ҳастед? Оё метавонед, ки ба мухлисон дар бобати оилаатон маълумот дода бошед?

Боир Қодиров - Медонед, рости гап, ҳаёти шахсии ман ба мухлисон махфӣ бошад беҳтар аст.

Заррина: -Барои сабту ба навор гирифтани клипу суруд маблағи бениҳоят зиёд лозим аст. Магар Шумо сарпараст доред?

Боир Қодиров: - Рости гап, сарпараст надорам. Ман худам бе кӯмаки ягон нафар ба санъат омадам ва то ҳол ба худам сарпарастӣ мекунам.

Заррина: - Дар ҳаққи сомонаи ohang.tj чӣ гуфта метавонед?

Боир Қодиров: - Сомонаи ohang.tj, хушбахтона, гарчанде, ки нав таъсис ёфта бошад ҳам, на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ шинохта гардид. Муассиси ин сомона, бародари азизамон - Абдуҳаким Абдуфаттоев саломат бошанд, ки ҳамеша мо сарояндаҳоро дастгирӣ мекунанд. Рости гап, бо кӯмаки эшон сурудҳои мо ба дасти мухлисон ба зудӣ дастрас мегарданд. Бигзор ин сомона ҳамеша дар сафи аввал бошад ва мухлисон то ҳамеша, то ҷовидон сарбаланду хонаобод бимонанд.

Заррина:- Ташаккури зиёд, бародари олиқадр! Дар ҷодаи санъат, бароятон комёбу муваффақиятҳои нав ба навро таманно дорем. Ҳамеша бо сомонаи мо бошед!

Суҳбаторо: Зарринаи Fайрат ¦ Муҳаррир: Каримова Ш.

Рейтинг пользователей: 0.0 ( 0 голосов )

0 комментариев

Оставьте комментарий